Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешрафти нерӯҳои Туркия ба умқи Сурия. Нигаронии Ғарб аз пайомадҳои ҷанг. ВИДЕО


Вазорати дифои Туркия эълон кард, ки "нерӯҳои мусаллаҳи он ва Артиши миллии Сурия (нерӯҳои ниманизомии мавриди ҳимояти Туркия) амалиёти заминии худро дар хоки Сурия, шарқи дарёи Фурот, бо номи амалиёти "Чашмаи сулҳ" оғоз ва нахустин мавзеъҳоро ишғол карданд".

Аксар ҳукуматҳо дар робита ба ин амалиёти Туркия дар шимоли Сурия, ки алайҳи нирӯҳои курд равона шудааст, бо нигаронӣ вокуниш карданд ва Шӯрои амнияти СММ гуфт, ки дар робита ба авзоъ рӯзи 10 октябр ҷаласаи изтирорӣ барпо мекунад.

Сенати ИМА дар талоши таҳрими мақомоти Туркия

Президенти ИМА Доналд Трамп, ки се рӯз пеш гуфт, ба ҷараёни амалиёт мудохила намекунад, кори Туркияро “як фикри бад” номид ва котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ки Вашингтон ҳеҷ гоҳ ба оғози ин амалиёт розӣ нашудааст. Вале мавзеъгирии Трамп дар дохилу хориҷи кишвараш мавриди интиқод қарор гирифт.

Дар Сенати Амрико рӯзи 9 октябр дар фикри таҳияи тарҳи қонуни таҳримкунандаи мақомоти баландпояи Туркия, аз ҷумла президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон шуданд.

Раҳбари НАТО Йенс Столтенберг дар вокуниш ба амалиёти Туркия дар марзҳои шимолии Сурия гуфт, Туркия, ҳамчун як узви НАТО ”нигарониҳои қонунии амниятӣ” дорад, вале боз ҳам муҳим аст, ки “вазъ дар минтақа аз ин беш бесубот нашавад”.

Президенти Шӯрои амнияти СММ аз Туркия хост, ки аз “мардуми мулкиро” ҳимоят карда, ҳадди аксар “аз хештандорӣ кор бигирад”. Жан-Клод Юнкер, раиси Комиссиюни Аврупо гуфт:

“Туркия дар марзҳояш бо Сурия нигарониҳои амниятӣ дорад. Вале бо ин вуҷуд, ман аз Туркия ва дигар бозигарон даъват мекунам, ки аз хештандорӣ кор бигиранд ва амалиётро ҳамин ҳоло қатъ кунанд. Ин иқдоми низомӣ натиҷаҳои хуб намедиҳад ва мо бояд инро ба самъи дӯстони туркамон расонем. Ман бояд бигӯям, ки агар нақшаи Туркия эҷоди ба истилоҳ минтақаи амн бошад, интизор набошед, ки Иттиҳоди Аврупо барои ин пул пардохт кунад. Ҳалли босуботи низоъ дар Сурия танҳо аз роҳи интиқоли сиёсии қудрат ҳосил шавад”.

Президенти Русия Владимир Путин дар сӯҳбати телефонӣ бо Эрдуғон аз ӯ хост, ки пеш аз шурӯи амалиёт “хеле мӯҳтотона андеша кунад”. Кремлин дар як изҳороте навишт, “Путин аз шарикони туркаш хост, ки дар бораи вазъият хубтар андеша карда ба талошҳои ҳалли бӯҳрони Сурия осебе нарасонад”.

Қарор аст Лигаи кишварҳои Араб дар ҷаласаи рӯзи 12 октябр ин амалиётро мавриди баррасӣ қарор бидиҳад.

Артиши Туркия рӯзи 9 октябр амалиёти заминии худро дар шимоли Сурия оғоз кард. Амалиёти зидди нирӯҳои курд ба қавли Анкара бо ҳадафи фароҳам кардани шароити бозгашт ба миллионҳо муҳоҷири суриягӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар қаламрави Туркия паноҳ бурдаанд.

Туркия ба Сурия лашкар кашид
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Амалиёти сеюми туркҳо дар Сурия баъди соли 2016

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони низомиву сиёсӣ мегӯянд, ки дар асл, амалиёти туркҳо метавонад ба харитаи ҷангҳои Сурия тағйирот ворид кунад. Ин сеюмин амалиёти низомии туркҳо дар хоки Сурия баъди соли 2016 мебошад.

Ин амалиёт ба нирӯҳои ба раҳбарии курдҳо, ки дар ҷанги зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” саҳм гузоштаанд, зарбаи шадиде мезанад ва ҳам домани қаламравҳои зери назари Туркияро фарохтар мекунад. Курдҳо охирин нирӯи зидди ҳукумати Димишқ мебошанд. Туркия ҳадаф дорад, ки ин нирӯҳоро боздорад.

Ду ҳадафи Туркия

Таҳлилгарон мегӯянд, дар асл Туркия дар шимолушарқи Сурия ду ҳадафро дунбол мекунад: нирӯҳои курдро ҳарчи дуртар аз марзҳояш дур андозад ва барои 2 миллион паноҳандаи суриягӣ, ки дар хоки Туркия қарор доранд, маконе барои бозгашт дуруст кунад. Президент Эрдуғон гуфтааст, ки нирӯҳои туркӣ имкон доранд ба дарунтари Сурия – Раққа ва Дайр Аз-Зӯр ҳаракат кунанд, то, ба гуфтааш, барои муҳоҷирони бештар имкони бозгашт ба Сурия фароҳам шавад.

Шимолушарқи Сурия, ки ҳоло мавриди ҳадафи низомиёни Туркия шудааст, макони муборизаҳои чандинсолаи шӯришиёни курд буд. Қаламрави мазкур бо дарозои 480 км дар соҳилҳои ғарбии руди Фурот ва сарҳадҳои шарқии Ироқ ҷойгир аст. Вале сокинони қадимӣ ё суннатии ин маҳал арабҳо буда, солиёни пеш туркҳо бо раҳбарони ин гурӯҳҳо равобити худ доштаанд.

Дар замони муборизаҳои зидди ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” курдҳо бо кӯмаки амрикоиҳо тавонистанд назоратро дар минтақа ба даст оваранд ва ҳамеша гуфтаанд, ки ин қаламрав худмухтор аст. Вале ҳоло, дар сурати комилан берун шудани амрикоиҳо, хатари тавсеаёбии ҳузури низомиёни турк дар ин қаламрав то рафт бештар мешавад. Ҳоло таваҷҷӯҳи низомиёни турк қаламрави байни шаҳрҳои Раъс Ал-Айн ва Тал Абяз, яъне тахминан 100 км масофаро дар бар мегирад. Як мақоми амрикоӣ ба оҷонсии Ройтерс гуфтааст, ки амрикоиҳо аз ин қаламрав посгоҳҳои худро берун кашиданд.

Пайомадҳои хатарноки амалиёти Туркия дар шимоли Сурия

Русияву Эрон – ду қудрати хориҷӣ, ки дар Сурия ҳузур доранд, ҳукумати президент Башор Асадро ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунанд. Бар хилофи онҳо Туркия ва ИМА ҳамеша аз ӯ талаб кардаанд, ки аз қудрат канор равад ва гурӯҳҳои ҷангии шӯриширо барои сарнагун кардани ӯ пуштибонӣ кардаанд.

То ҳол ҳеҷ кишвари ғарбӣ ба таври ошкоро нақшаи Туркия барои аз роҳи амалиёти низомӣ дар марзи Сурия ҷой кардани паноҳандагонро пуштибонӣ накардаанд. Як дипломати Департаменти давлатӣ гуфт, коре, ки Туркия кард, “як фикри фавқулода аблаҳонае буд”.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки пайомади ҷиддии амалиёт ин мешавад, ки гурӯҳҳои “хобида” ё пинҳоншудаи ҷангиёни “Давлати исломӣ” бо истифода аз бебандубориҳо дубора аз худ дарак медиҳанд. Баъди он ки “Нирӯҳои демократии Сурия” ба раҳбарии курдҳо оғози соли ҷорӣ минтақаро зери назар гирифтанд, ҷангҷӯёни доишӣ ғолибан пинҳон шуданд. Курдҳо мегӯянд, ки дар ин қаламравҳо тахминан 5 ҳазор ҷангии гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз Сурия ва Ироқ ва тахминан як ҳазор шаҳрванди хориҷии дигар дар қароргоҳҳои зери назари курдҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Дар миёни онҳо даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон - занону фарзандони ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” низ мебошанд, ки сарнавишти онҳо низ норӯшан хоҳад монд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG