Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро миллионҳо аз Тоҷикистон ба оффшор мераванд?


Харитаи ҷазираҳои Вирҷин дар Бритониёи Кабир
Харитаи ҷазираҳои Вирҷин дар Бритониёи Кабир

Коршиносон ба қонунмандии сармояҳои минтақаи оффшор шубҳа доранд.

Рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарӣ Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, сармояҳое, ки аз Тоҷикистон ба минтақаҳои оффшор ворид шудаанд, ғайриқонунӣ ба даст наомадаанд. Вале баъзе коршиносони иқтисодӣ ба ин ақида розӣ нестанд ва мегӯянд, дар сурате, ки сарчашмаи аслии ба даст омадани ин пулҳо ва тарзи ҳаракати онҳо аз нуқтаи аввал то расидан ба бонкҳои оффшорӣ шаффоф нест, чӣ тарз мешавад онро қонунӣ донист? Суоли дигари матраҳ ин аст, ки оё бо пулҳое, ки ширкатҳои Тоҷикистон ё шахсони алоҳида ҳоло дар ҳисобҳои оффшор доранд, метавон ниругоҳи барқи обии Роғунро сохт?

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарии Душанбе гуфт, пулҳое, ки аз роҳи Бонки миллии Тоҷикистон ба минтақаҳои оффшор ворид мешаванд аз “ғалбер”-и Созмони байналмиллалии расидагии молӣ (FATF – Financial Action Task Force On Money Laundering) мегузаранд ва чунин маблағҳо қонунианд. Абдуҷаббор Ширинов гуфт, ки “ҳамаи маблағҳое, ки тавассути низоми бонкӣ
Абдуҷаббор Ширинов
Абдуҷаббор Ширинов
интиқол дода мешаванд, ҳатман онҳо аз ғалбери FATF мегузаранд. Барои ҳамин ин маънои онро надорад, ки ин маблағҳо ғайриқонунианд”, гуфт ӯ.


Бо вуҷуди чунин гуфтаҳо ҳам Бонки Миллӣ ва ҳам муассисаҳои дигари зидахли Тоҷикистон дар бораи маблағҳои оффшории ширкату корхона ва ё шаҳрвандони алоҳидаи Тоҷикистон маълумоте ифшо намекунанд. То ҳол дар ҷое гуфта нашудааст, ки аз Тоҷикистон чӣ қадар маблағ дар минтақаҳои оффшор дар гардишанд ва соҳибони онҳо кистанд. Танҳо сандуқи Байналмиллалии Пул дар гузориши соли гузаштаи худ навишт, ки аз Тоҷикистон тақрибан 3,5 миллиард доллар дар ҳисобҳои оффшорӣ гузошта шудааст.


Суоле пеш меояд, ки бонки оффшорӣ ё ҳисоби оффшорӣ чист? Мо посухи ин суолро дар Wikipedia ҷустем. Дар он тақрибан чунин омадааст:


“Чунин ҳисобҳо хусусӣ ва махфӣ ҳастанд, камтар андоз месупоранд ва ё умуман намесупоранд. Дар ҳолати нооромиҳову бесуботиҳо дар кишвари соҳиби сармоя ин ҳисобҳо ҳифз карда мешаванд. Бонкҳо дар бораи ин ҳисобҳо ба касе, ҳатто ба муассисаҳои андоз маълумот намедиҳанд ва ҳисобро махфӣ нигоҳ медорад”.



Чаро миллионҳои Тоҷикистон ба оффшор мераванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:44 0:00
Линки мустақим



Ашӯрбой Солиев, як иқтисоддони тоҷик бидуни дарназардошти пулҳои оффшории Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои оффшор чунин мегӯяд:

“Одатан чунин минтақаҳо барои ҷалби сармоя ва коғазҳои қимматнок таъсис дода мешавад. Пулҳои ғайриқонунӣ беҳтар гардиш мекунанд, чунки аз андоз озоданд. Аз тафтишоти муассисаҳои молиётӣ ё тафтишҳои дигар озод ҳастанд”.


Зафар Абдуллоев, рӯзноманигори тоҷик, ки ба таҳқиқи масъалаҳои иқтисодӣ машғул аст, мегӯяд, ки аз Тоҷикистон корхонаи алюмини “Талко”, Инноватив Роуд Солюшинз ё IRS
Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев
дар минтақаҳои оффшор сармоя гузоштаанд. Ба гуфтаи оқои Абдуллоев, ширкатҳое низ ҳастанд, ки дар оффшор сабти ном шудаанд ва сармоягузорони бузурги муассисаҳову ширкатҳои сабтиномшудаи Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Масалан, ширкати ҳавоии “Сомон-Эйр” дар ҷазираи Вирҷини муттааллиқ ба Бритониё ҳамин гуна сурат-ҳисоб дорад. Бонки нави “Контбонк” низ аз ҷумлаи чунин муассисаҳо ба шумор меравад. Оқои Абдуллоев мегӯяд, ҳисобҳои дигар низ ҳастанд, ки дар ҷое эълон нашудаанд ва дар бораи онҳо маълумот вуҷуд надорад. Вай бо такя ба таҳқиқоте, ки анҷом додааст, тахмин мезанад, ки ҳар сол аз Тоҷикистон ҳудуди 50 миллион доллар ба ҳисобҳои оффшор интиқол дода мешавад. Аммо оқои Абдуллоев бо суханони Абдуҷаббор Ширинов дар бораи қонунӣ будани ин сармояҳо шак дорад. Вай мегӯяд:


  • Ҳамаи пулҳои қонунӣ, агар онҳо дуздида нашуда бошанд, бояд бигӯянд, ки онҳо аз чӣ сарчашмае ба даст омадаанд ва роҳи ҳаракати ин пулҳо чӣ гуна будааст, аз куҷо омаданд ва ба куҷо рафтанд, бояд нишон дода шавад. Дар он сурат мо наметавонем бигӯем, ки ин пулҳо ғайриқонунӣ ҳастанд. Агар чунин нест ва талошҳо барои пинҳон доштани сармояҳо мушоҳида шавад, мисли ширкати IRS, мо инро гуфта наметавонем.

Бо доштани ҳудуди 3,5 миллиард доллар дар минтақаҳои оффшор худи ширкатҳо ва соҳибкорони тоҷик метавонистанд бидуни сармояҳои хориҷӣ ниругоҳи барқи обии Роғунро бунёд кунанд, зеро барои бунёди Роғун, тибқи ҳособҳои тақрибӣ, бештар аз 2 миллиард доллар зарур аст.


Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ соҳибкорон ба чигунагии вазъи ояндаи кишвари худ бовар надоранд. Вай дар робита бо мавзӯъ гуфт, “дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хатаре ҳаст, ки пулҳо метавонанд яку якбора ғайб зананд”.

Ба ин далел оқои Ҷумаев ин андешаро бо набуди замонат аз тарафи ҳукумат ва вазъи минтақа вобаста медонад ва мегӯяд, барои ҳамин соҳибкорон дар чунин тарҳҳои бузург сармоя намегузоранд. Вагарна бо чунин пулҳо сохтани Роғун имкон дорад.
XS
SM
MD
LG