Дар маросими тақдими ҷоизаҳои “Big Apple Music Awards 2015", ки рӯзи 12 сентябр дар Ҳамбурги Олмон доир шуд, ҷоизаи беҳтарин овозхони зани Эрон дар жанри мусиқии поп ба овозхони ҳамагӣ 27-солаи эронитабор Борон дода шуд.
Борон нахустин албомашро ҳамагӣ 2 сол пеш нашр кардааст. Рӯйхати таронаҳои дар ин муддат иҷрокардаи Борон ҳанӯз зиёд нест, вале ҳар кадомаш дар радифи пуртарафдортарин таронаҳои попи Эрон ҷой гирифтаанд.
Аз ҷумла “Ҳисси ошиқӣ”, нахустин таронаи Борон, ки ӯ дар соли 2013 ҳамроҳ бо Ҷамшед, хонандаи дигари зодаи Эрон иҷро кардааст. Ҳамчунин “Борон зиёде”, “100 бор” ва “Дилам хуш нест.”
Ромин Замонӣ, оҳангсози маъруфи эронӣ ва муҷрии маросими тақдими ҷоизаҳои “Big Apple Music Awards 2015" зимни тақдими ҷоиза Боронро яке аз умедҳои фардои мусиқии попи Эрон ном бурд.
Борон аслан курдтабор аст, вале бештар ба форсӣ тарона мехонад.
Борон 4 январи соли 1988 дар Маҳобод, шаҳре дар устони Озарбойҷони ғарбии Эрон дида кушодааст. Ӯ соли 1999, вақте ҳамагӣ 11 сол дошт, бо аҳли хонаводааш ба Канада кӯчид ва дар инҷо дар коллеҷ илми бизнесро омӯхт. Аммо мегӯяд, аз хурдӣ ба саҳна ва хонандагӣ алоқаи тамом дошт ва волидонаш, ки низ аҳли ҳунар ҳастанд, ӯро дар ин роҳ пуштибонӣ кардаанд. Ҳоло, меафзояд Борон, аз инки дипломи бизнесро канор гузошт ва ба саҳна рӯ овард, пушаймон нест.
Борон дар ҳоли ҳозир дар Лос-Анҷелеси Амрико, ки эрониён ба далели шумори зиёди паноҳҷӯёни эрониюласл ва ҳузури теъдоди зиёди шабакаҳои телевизионӣ ва таъсисоти дигари фарҳангии эрониён ин шаҳрро бо муҳаббат “Теҳронҷелес” ҳам ном мебаранд, кору иқомат мекунад.
Борон мегӯяд, дар Тоҷикистон низ мухлиси зиёде дорад, ки аз тариқи Интернет барояш нома мезананд ва барои ҳунарнамоӣ ба кишвари худ даъваташ мекунанд: "Ман ҳатман фикри сафар ба Тоҷикистонро дорам, чун аз зебоиҳои табиаташу меҳмоннавозии мардумаш зиёд шунидаам. Мусиқии тоҷикиро низ сахт дӯст медорам ва хеле мехоҳам ба онҷо биравам."
Мусоҳибаи ихтисосии Борон бо Радиои Озодиро инҷо тамошо кунед:
Мухтарам Беном сиёсати Амрикоро нафахмида харчи нанавис дар кучо Амрико мехохад толибон дар сари кутрад бошанд .................
Худо рахматаш кунад,хеле овози хуб дошт. Обуруи мо буд.
Ба Avanger. Ҳамаро мисли худат ғулом фикр кардӣ?
Шумо хам ачаб чое ёфтед барои тахсил. Ин казокхо аз кай боз сохиби тачрибаи бузург дар чангхо шудаанд. Хар чизе онхо бо дусти бузургашон русхо медонанд кайхо кухна шудааст. Чанги байни Арманхову Озарихо инро тасдик кард. Ин чанг байни Арманистон ва Озарбочон не балки чанги байни Русия ва Туркия буд. Ин чанг нишон дод ки чигуна бисёро аз тактикахои чангии русии аллакай ба кор намераванд ва бисёре аз техникахояшон мутобик ба замон нестанд. Чун замона дигар шудааст ва тактикаву стратегия чанги хам бояд дигар шавад. Артиши точик кушиш кунад ки бо НАТО хамкори кунад. Ин русхову казоку дигар "бародар"-хо дар асри 20 дармондаанд.
Чабрдида гап доди лекин. Казоко мусулмон нестан гуфтании ха. У чечено мохе нест як точика таги шата накунан. Дигар хамин гапта нагу ки шарманда карди. Хдтон йигит нестен ки пеши чечено мери. Хок зади некем