Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зайнулло Соҳибов: «Ба ман бовар карданд, бояд сазовор бошам»


Сӯҳбати ихтисосиии хабарнигори «Озодӣ» бо Зайнулло Соҳибов, раҳбари ширкати «Сементи тоҷик».

Таъиноти Зайнулло Соҳибов ба раҳбарии ширкати "Сементи тоҷик" пас аз таваққуфи қариб яксолаи ин корхона иттифоқ меафтад. Дар ин муддат корхона вориди як марҳалаи бӯҳронӣ дар таърихи фаъолияти худ шуда буд. Истеҳсоли семент дар корхона аз 200 ҳазор тоннаи соли 2012 ба 40 ҳазор тонна дар соли 2013 поён омад. Ва ин ҳам танҳо нишондоди моҳҳои октябр-декабри соли гузашта аст. Илова бар ин, расонаҳо навиштанд, ки «Тоҷиксемент» аз музди маош, андоз ва пули барқ қарздор шудааст. Ҳамчунин бархе ҳам ҳадс мезаданд, ки корхонаи семент тамоман аз фаъолият хоҳад монд.

4-уми декабри соли 2013 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Зайнулло Соҳибов, ки то ин замон муовини раиси корхона буд, ба сарварии ин ширкат омад. Нахустин суоли мо аз ӯ ҳам ин буд, ки оё бо кадом нақшаҳо вориди фаъолияти раҳбарии ин корхонаи пурмушкил шуд?

Зайнулло Соҳибов: Ташаккур. Дар ҳақиқат пас аз қатъи интиқоли газ аз кишвари ҳамсоя дар нимаи моҳи декабри соли 2012 вазъияти корхонаи мо вазнин шуд. Аз набудани газ истеҳсоли клинкер қатъ шуд ва мо натавонистем семент тавлид кунем, зеро то 95 дарсади семент аз гарди клинкер ба даст меояд. Клинкер маводе ҳаст, ки дар оташдонҳои даврзанандаи корхона аз оҳаксанги дар ҳарорати баланд пухташуда ҳосил мешавад. Воқеан, аз маош, андоз ва ҳаққи барқ корхона қарздор шуд. Аммо ҳоло метавонам бо итминони комил гӯям, ки бо пуштибонии ҳукумат вазъ дар корхона рӯ ба беҳбудист. Мо ҳоло қарзи маошро пурра пардохт кардем. Қарзи андозу ҳаққи барқ, ки маблағи хеле бузург буд, қариб 80 дарсад пардохт шуд ва ҳисобу китобҳои мо нишон медиҳанд, ки ҳамин моҳ пурра корхонаро аз қарз озод мекунем.

Озодӣ: Шумо чӣ тур тавонистед, ки корхонаи сементи Душанбе, ҳоло «Сементи тоҷик»-ро фаъол кунед?

Зайнулло Соҳибов: Корхонаи мо яке аз се корхонаи семент дар Шӯравии собиқ аст, ки бо усули «тар» ё «мокрий» фаъолият мекунад, яъне гарди оҳаксангро бо об омехта, гилоби ҳосилшударо дар дохили оташдон мепазанд. Дуруст аст, ки пухтани гилоб ва ба клинкер табдил додани он гармии зиёд талаб мекунад, аммо ин яке аз шартҳои аслии боло бурдани сифати маҳсулот аст. Корхонаҳои дигар бошанд, асосан бо “усули хушк” кор мекунанд, яъне гарди оҳаксангро бидуни омехтан бо об дар оташдон мепазанд. Ман чӣ гуфтаниам? Пештар интиқоли гази табиӣ аз кишвари хамсоя қатъ мешуд ва ин ба кори корхона таъсири манфӣ мерасонд. Мо ба хулосае омадем, ки истеҳсоли сементро бо ангишт роҳандозӣ кунем. Бо ин мақсад таҳҷизоти зарурӣ аз Чин ворид карда шуд ва кормандони мо бо кӯмаки мутахассисони чинӣ таҷҳизоту дастгоҳҳои заруриро барои гузариш ба ангиштсанг насб карданд. Ин раванд тақрибан даҳ моҳ тӯл кашид ва охири моҳи сентябри соли гузашта мо ба тавлиди семент бо ангишт оғоз кардем. Ҳоло насби хатти технологии дуюм идома дорад ва аз рӯи тахминҳоямон бояд то охири моҳи январ ё оғози моҳи феврал онро низ фаъол кунем.

Озодӣ: Ангишт аз газ чӣ фарқ дорад? Манзур истифодаи он арзиши сементро боло намебарад ё барои истеҳсолот, барои дастгоҳҳои корхона, ба истилоҳ, мисли як сӯзишвории «бегона» мушкил эҷод намекунад?

Зайнулло Соҳибов: На, баръакс. Бубинед, мо бо ҷониби Чин ба ин тавофуқ расидем, ки барои гузаштан ба сӯзишвории ангиштсанг таҷҳизоти замонавиро ба маблағи карзии зиёдтар аз 51 миллион сомонӣ ворид кунем. Иқтидори он ба 2 оташдоне, ки 500 - тоннагӣ клинкер истеҳсол мекунанд, мерасад. Дар навбати худ, мо метавонем қарзи ширкати чиниро қисм - қисм дар муддати тақрибан 2 сол, аз сари ҳар тонна клинкери ҳосилшуда 20 доллар ё тақрибан 100 сомонӣ пардохт кунем. Яъне, танҳо дар сурати фаъол будани корхона мо қарзи тарафи чиниро пардохт хоҳем кард ва ин шароит ба фоидаи мо аст. Ҳамкорони чинии мо ҳам алоқаманданд, ки хатти технологии истеҳсоли семент бо ангишт дар корхонаи “Сементи тоҷик” ҳамеша фаъол бошад.

Озодӣ: Аммо ангишт оё хароҷоти корхонаро кам мекунад?

Зайнулло Соҳибов: Бале. Талаботи яксолаи корхонаи мо ба ангишт 70 ҳазор тонна хоҳад буд, ки қимати он наздики 24, 5 миллион сомонӣ мешавад. Агар оташдони дуюми корхонаро фаъол кунем, боз ба ҳамин миқдор ангишт ниёз ҳаст ва ҳаҷми истеҳсоли сементро аз 180 ҳазор тоннаи бо гази табиӣ истеҳсолшуда ба 250 ҳазор тоннаи бо ангиштсанг истеҳсолшаванда хоҳем расонд. Акнун хулоса кунед, ки мо беш аз 100 миллион сомонӣ ҳар сол барои гази кишвари хамсоя харҷ мекардем. Ҳоло ними онро барои харидории ангишти худи сарф мекунем ва ин маблағ дар дохили кишвар мемонад, боқимондаи онро барои гардонидани қарз ва сохтмони оташдони наве, ки иқтидори истеҳсолиаш аз 1000 тонна зиёд аст, сарф мекунем.

Озодӣ: Таври маълум, сифати сементи корхонаи Шумо хеле баланд аст ва онро асосан дар сохтмони иншоотҳои муҳим, масалан, нерӯгоҳҳо ва биноҳои баландошёна истифода мекунанд. Имрӯзҳо ҳаҷми маҳсулот чӣ қадар аст?

Зайнулло Соҳибов: Мо дарк мекунем, ки дар шароити имрӯзи ватанамон семент як маҳсулоти бисёр муҳим ҳаст. Зеро имрӯз дар канори нерӯгоҳи барқи обии Роғун садҳо тарҳҳои дигари сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ бо суръати баланд иҷро мешаванд, ки ба сементи хушсифати корхонаи мо ниёз доранд. Аз ин хотир, талоши мо ба он равона шудааст, ки рӯз то рӯз истеҳсоли сементро афзоиш бидиҳем. Ҳоло дар як шабонарӯз мо 480 - 500 тонна семент истеҳсол мекунем ва бо боварӣ метавонам бигӯям, ки пас аз роҳандозии хатти технологии дуюм истеҳсоли рӯзонаи семент аз 950 то 1000 тонна хоҳад расид.

Озодӣ: Корхонаи сементро мешавад як корхонаи қадимӣ гуфт. Солҳои 40-50-и асри гузашта сохта шудааст. Фикр намекунед, ки онро бояд навсозӣ кард?

Зайнулло Соҳибов: Бале, мо як тарҳро рӯи даст дорем, ки пурра корхонаро модернизатсия кунем. Вақту маблағ зарур аст. Мувофиқи тарҳи мо, дар дохили корхона боз як корхонаи дигар бо технологияи ҷадид бояд сохта шавад, ки ҳам арзиши маҳсулот арзон меафтад ва ҳам фоидааш ба буҷа бештар мешавад. Хуб, дар бораи ҷузъиёташ баъдтар суҳбат мекунем.

Озодӣ: Табдили номи корхона аз «Тоҷиксемент» ба «Сементи тоҷик» ба кадом хотир буд?

Зайнулло Соҳибов: То соли 2009 корхонаи мо Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксемент” ном дошт. Сипас ба Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи “Тоҷиксемент” табдил ёфт ва ахиран бо қарори ҳукумати Тоҷикистон номи онро Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Сементи Тоҷик” гузоштанд. Ин танҳо табдили ном аст ва ба назарам, хеле тоҷикона ҳам шуд.

Озодӣ: Албатта, худи Шумо ҳам аз расонаҳо то ба ҳол хондед, ки менависанд, Шумо ба хотири қаробатҳои хешовандӣ бо раҳбарияти кишвар ба ин вазифа расидед. Шумо чӣ назар доред?

Зайнулло Соҳибов: Бале, ин гапҳоро ҳар рӯз ба ман мерасонанд. Зиёда аз 5 сол аст, ки корманди ин корхона хастам. Аввал коргари комплекси истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ будам. Баъд сардори шӯъбаи фурӯш ва то моҳи декабр муовини директор оиди таъминоти моддӣ - техникӣ ва фурӯши семент будам. Ҳатто барои ошноӣ бо кори корхонаҳои семент ба Русияву Чин ва Украина сафарҳои корӣ кардам, то таҷрибаи дигар кишварҳоро низ дар корхонаи семент пиёда кунам. Хулоса, бо соҳа хеле ошноӣ дорам. Ман ба андешаҳои танқидӣ эҳтиром дорам, албатта, агар солиму созанда ва беғараз бошанд. Аммо як нуктаро бояд зикр кунам, ки Ҳукумат бовар карда, маро роҳбари як корхонаи давлатӣ таъин намуд ва ман мекӯшам, ки ба ин боварӣ сазовор бошам. Ҳамаро оянда хоҳад нишон дод.
XS
SM
MD
LG