Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳар тоҷики нӯҳум дар орзуи тарки Тоҷикистон будааст


11 дарсади аҳолӣ ё ҳар сокини нӯҳуми Тоҷикистон орзу дорад, ки барои доим ба кишвари дигар бикӯчанд.

Пажӯҳиши Gallup мегӯяд, аз ҳама бештар арманиҳо ва аз ҳама камтар узбакҳо дар орзуи кӯч ба кишвари дигаранд. Дар Арманистон 40 дарсад, дар Молдова - 32, дар Қирғизистон -16, дар Қазоқистон – 13 вале дар Туркманистон ҳамагӣ 6 фоиз ва камтар аз ҳама - танҳо 5 фоиз – дар Узбакистон қасди тарки ватан ва зистан дар ягон гӯшаи дигари дунёро доштаанд. Ин назарсанҷии Gallup тайи солҳои 2010-2012 бар пояи пурсиши рӯбарӯи 41 072 нафари аз 15-сола боло дар 12 кишвари пасошӯравӣ анҷом шудааст.

Тавре аз натиҷаҳои он бармеояд, дарсади орзумандони кӯчидан дар кишварҳои мусалмонии пасошӯравӣ камтар аст. Як далели ин метавонад ҳамон фарҳанги “ҳуббулватан” бошад, ки “гадои дар Ватан”-ро бартар аз “шоҳи ғарибӣ” тавсиф мекунад ё тибқи мисраи дигари маъруф, “хоки Ватан"-ро "аз тахти Сулаймон хуштар” мешуморад.

Бо ин ҳама, ҳар сокини нуҳуми Тоҷикистон ин ҳамаи пандҳои бешумори классиконро нашунида, гӯш ба як байти дар ин анбӯҳи “ҳуббулватан” танҳои Саъдӣ додаанд, ки мегӯяд:

Саъдиё, ҳубби ватан гарчи ҳадисест шариф,
Натавон зист ба сахтӣ, ки ман инҷо зодам.


Назарсанҷии Gallup ҳам ҳокист, ки 52 дарсад аз байни орзумандони муҳоҷират дар 12 кишвари пасошӯравӣ беҳтар кардани вазъи зиндагиро далели аслии ин азми худ ном бурда, далели 10 дарсади дигар наёфтани ҷои кор дар зодгоҳи худ ва талоши ҷустуҷӯи ҷои кори муносиб дар хориҷ гуфта мешавад.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00
Линки мустақим



Чаҳор дарсад даст ёфтан ба имтиёзҳои хубтари иҷтимоӣ, аз ҷумла нафақаву табобат, 3 дарсад зистан дар як кишваре, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром мегузорад, 3 дарсади дигар пайвастан ба хонаводаро далел оварда, якфоизӣ аз зиёд будани ҷинояткорӣ ё муҳити зисти олуда дар кишвари худ мехоҳанд, ба ҷои дигаре паноҳ баранд.

13 дарсад дар паҳнои пасошӯравӣ таъмини ояндаи хубтар барои фарзандони худро далел овардаанд, вале ҷолиб ин аст, ки ин рақам дар Тоҷикистон ҳамагӣ 6 дарсад аст ва ба сурати умум занон дар муқоиса бо мардон хеле бештар – 17 дарсад дар муқобили 10 дар фикри таъмини ояндаи фарзандони худ будаанд.

Gallup дар ин назарсанҷиаш мушаххас накардааст, ки оё афроди мойил ба кӯчидан бештар орзуи зиндагӣ дар кадом кишварро доранд? Дар Тоҷикистон бисёриҳо барои зиндагии доимӣ ба Русия бартарӣ медиҳанд, ки ҳар сол беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷикро ҷои кор медиҳад. Бино ба ҳисобҳо, то 300 000 нафар аз ин артиши бузурги мардикорони тоҷик аллакай соҳиби шаҳрвандӣ ва манзил дар Русия шудаанд.

Вале дар солҳои охир шумори тоҷиконе, ки барои зиндагии доим кишварҳои Ғарбро интихоб мекунанд, низ меафзояд. Бархе оморҳо шумори онҳоеро, ки аз Тоҷикистон ба Амрико рафта, шаҳрвандии он кишварро гирифтаанд, беш аз 4 000 ва оморҳои дигар то 6000 нафар баровард мекунанд. Ин ба истиснои ҳазорони дигарест, ки ҳаққи иқомат дар Амрикоро доранд, вале ҳанӯз ҳаққи шаҳрвандиашро ба даст наовардаанд.

Вале ин ҳама, бино ба назархоҳии Gallup, азму ҷазми танҳо 11 дарсад аз мардуми Тоҷикистон аст. Барои бақия, ки 89 дарсаданд, ҳамон фалсафаи "ҳуббулватан" мемонаду ин орзу, ки Тоҷикистон ҳам рӯзе ободу шукуфо хоҳад шуд. Ваё худро таскин додан бо ин мисраъ ки: "Аммо чӣ метавон кард, ҷои дигар набошад."

Пиромуни ин мавзӯъ гуфтугӯе доштем бо Гулбаҳор Усмонова, ки ҳанӯз соли 1996 ҳамроҳ бо шавҳару 3 фарзандаш ба Волгогради Русия кӯчид. Ӯ мегӯяд, пушаймон нест, вале дилаш то ҳол барои Душанбе гум мезанад.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG