Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси амнияти минтақа дар муколамаи ИА ва Осиёи Миёна дар Бруссел


Иттиҳодияи Аврупо силсилаи гуфтугӯ бо кишварҳои Осиёи Марказиро дар мавриди амнияти минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, оғоз кардааст.

Рӯзи 13 июн дар Бруссел нахустин нишасти Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳодия Аврупо-Осиёи Марказӣ оид ба амният баргузор гардид, ки дар он намояндагони Иттиҳоди Аврупо, ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ ва аъзоёни намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назди Иттиҳоди Аврупо ширкат варзиданд.

Дар ин нишаст Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов роҳбарӣ намуд. Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро дар нишасти макзкур муовини раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳелга Шмидт сарварӣ кардааст.

Ба иловаи вазъи амниятии минтақа, иштирокчиёни Муколама оид ба масъалаҳои калидӣ, ба монанди мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, терроризм, экстремизм, рафъу пешгирии таҳдидҳои кимиёвӣ, биологӣ, радиоактивӣ ва ядроӣ дар минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муовини раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки дар мавриди хуруҷи нерӯҳои ISAF аз Афғонистон нигарониҳои зиёд вуҷуд дорад. Оқои Шмидт, ки раёсати аввалин давраи гуфтугӯҳои сатҳи баланд дар ин мавридро ба ӯҳда гирифтааст, дар суҳбат ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Бруссел гуфт:

«Мо мехоҳем ва орзу дорем то ҳамкориҳои амниятии хешро беҳтар бисозем. Ин танҳо мавзӯи гуфтугӯ нест, балки ба натоиҷи мусбат ва воқеӣ дар бахши амниятӣ иртибот мегирад.»

Дар ҳамин ҳол бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Муколама Иттиҳодияи Аврупо-Осиёи Миёна оид ба амният соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Гуфтугӯҳо дар мавриди хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон ва амнияти минтақа паз соли 2014 дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст то якуним соли дигар нерӯҳои ISAF аз Афғонистон берун шаванд.
XS
SM
MD
LG