Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҶАДВАЛИ ГӮЁ: Охирин умеди Роналдо дар Euro - 2016 (ВИДЕО)


Криштиану Роналдо
Криштиану Роналдо

Шоми 10 июн бо бозии тимҳои миллии Фаронсаву Руминия даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо расман шурӯъ мешавад. Имсол дар даври ниҳоии ин мусобиқот бори аввал 24 даста ширкат мекунанд.

Шоми 10 июн дар варзишгоҳи “Stade de France” дар шаҳраки Сен-Дени дар канори Порис марҳалаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Аврупо оғоз меёбад. Ин мусобиқа имсол барои бори 15-ум доир мешавад ва ин навбат барои Ҷоми ба номи Ален Делоне 24 тим вориди рақобат мешаванд.

Тими мизбон – Фаронса мусобиқоти имсоларо бо рақобат бо тими Руминия шурӯъ мекунад. Фаронса, ки аз соли 2000 ба ин тараф дар қаҳрамониҳои футболи Аврупо дигар рӯсурх нашудааст ва баъди тарки майдон кардани насли Зайниддин Зидан ва Терри Анри ҳатто феҳрасти тимҳои матраҳи ин қорарро ҳам тарк гуфт, имсол умедвор аст, ки бори дигар барои унвони қаҳрамони футболи мубориза барад.

Насли нави ситораҳои футболи Фаронса – Пол Погба ва Антуан Гризманн – ҳамроҳ бо ветеранҳои хушноме, чун Патрик Эвра – мухлисони фаронсавиро ба нерӯи тими миллиашон сахт итминон медиҳад, вале шореҳон таъкид мекунанд, ки тими Дидйе Дишам шонси бештар медошт, агар барои мисол, Карим Бензема барои як ҷанҷоли то ҳол мармуз пушти девори тими миллӣ намемонд.

Карим Бензема
Карим Бензема

Абдуллоҳи Амин, як мухлиси тоҷик мӯътақид аст, ки “Фаронса бешак, аз ҳама шанси беҳтарин дорад ва ин даста худ яке аз қавитаринҳост.”

Аммо танҳо Фаронса нест, ки дар ин шабу рӯз бо орзуи ба сар гузоштани тоҷи қаҳрамони футболи Аврупо бутсиҳои худро “тез” мекунад.

Шореҳон ва мухлисони футбол тақрибан ҳар дастаи сеюм аз миёни 24 тими роҳёфта ба марҳалаи ниҳоии Euro -2016-ро қодир ба набард барои дастикам медалҳои ин мусобиқа мешуморанд. Дар як пурсиши кӯтоҳ дар Фейсбук аксар Олмону Испанияро низ аз довталабони асосӣ ном бурданд. Муҳаммадюнус Мирзоев ба хайли довталабон Белгияву Фаронсаро низ изофа мекунад.

Кӣ қаҳрамони EURO-2016 хоҳад шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:11 0:00

​Олмон – қаҳрамони кунунии футболи ҷаҳон - мчун ҳамеша “мошини немисӣ”-и омода ба ҳар гуна набардашро ба Фаронса овардааст. Дарвозабонҳо Мануэл Нойер ва Марк-Андре Тер Штеген, ҳимоятгарон Филип Лам, Ҷером Боатенг, Шкодран Мустафӣ ва Матс Ҳаммелс, дар хатти миёна – Самӣ Хедира, Масъуд Озил, Бастиан Швайнштайгер, Андре Шюрле, Марио Гётсе ва Тони Кроос, дар хатти ҳуҷум – Томас Мюллер, Лукас Подолски, Марио Гомес... Ин танҳо рӯйхати нопурраи “мошини немисӣ”-ест, ки сармураббӣ Йоахим Лёв бандубаст кардааст.

Тими Испания аз нигоҳи теъдоди ситораҳои раддаи аввал аз “мошин”-и Лёв кам намеояд: Икер Касиляс, Жерар Пике, Серхио Рамос, Хунафран, Бартра, Алба, Баскетс, Инеста, Коке, Алкантара, Фабрегас, Давид Силва, Моратта... Ончӣ ба зиёни тимҳое, чун Испания ё Англия аст, рақобати хеле пуршӯр дар мусобиқоти миллии футболи ин кишварҳост, ки дар натиҷааш то поёни мавсим аксари футболбозони қавӣ аз пой меафтанд.

Абдуллоҳи Амин дар посух ба пурсишномаи Озодӣ навиштааст: Ва набояд аз Белгия фаромӯш кард. Ин дастаи ҷавон вале хеле пурқувват аст. Ва ҳатман дастае ки касе довталабаш намехонд, пайдо хоҳад шуд ва ин дастаи "Х" метавонад дилхоҳ даста бошад. Ҳатто Исландия ва ё Албания.”

Мухлисон дар ин маврид аз мусобиқоти солҳои 1992 ва 2004 ёд меоранд. Соли 1992 тими Дания аслан ба марҳалаи ниҳоӣ роҳ наёфта буд. Вале дар Югославия ҷанги шаҳрвандӣ сар зад ва тими ин кишварро таҳти таҳрим қарор дода, роҳхаташро ба Дания, ки др мусобиқоти гурӯҳӣ баъди Югославия ҷой гирифта буд, доданд. Дания бо бозигароне, чун Пребен Ларсен-Элкяер ва Микаэл Лаудруп рафт ва ҳама тимҳои бузургро шикаст доду қаҳрамон шуд.

Евро-2016 барои Криштиану Роналдо аз охирин шансҳоест, ки бо тими миллии Португалия ҳам ҷоми пирӯзии комилро нӯш кунад. Португалия бо кӯшишҳои Роналдо дар Евро-2012 то даври ниманиҳоӣ расид, вале бозиҳои ин тим дар солҳои охир нишон медиҳад, ки “бо як гул баҳор намешавад.” Бо танҳо як гул - Златан Иброҳимович – Шветсия ҳам, ба ақидаи мухлисон набояд умедвори ҷойгоҳи баланде дар қаҳрамонии имсола шавад ё Полша – танҳо бо Роберт Левандовский ва Уэлс – бо як Гаррет Бейл.

Марио Балотелли ба Евро-2016 роҳ наёфт
Марио Балотелли ба Евро-2016 роҳ наёфт

Белгия ба фарқ аз ин тимҳои “тоқагул” дар тоҷаш чанд гулро ҷамъ кардааст – Тибо Куртуа, Эден Азар, Жордан ва Ромелу Лукаку, Аксел Виксел... Танҳо ба чизе ки ба ин гулдаста намерасад, ба гуфтаи шореҳон, таҷрибаи кофӣ дар мусобиқаҳои чунин сатҳи баланд аст.

Италия ба Евро-2016 бидуни Марио Балотелли меравад ва бори аввал Андреа Пирло ҳам, ки ба синни 37 расид, ба тими миллиаш кумак карда наметавонад. Вале Италия Ҷанлуиҷӣ Буффонро дар хатти дарвоза ва Стефан Ал-Шаръавӣ ва Гразиаоноро бо номи баланди Пелле дар хатти ҳуҷум дорад. Аз сӯи дигар, Италия ҳамеша дар сабқатҳои байналмилалӣ як дастаи “Х” аст, ки агар барои ҷои баланд азм кунад, касе пеши роҳашро гирифта наметавонад.

Дар ин миён шонси ду даста аз Шӯравии собиқ – Русия ва Украинаро, ки ба марҳалаи ниҳоии Евро-2016 роҳ ёфтаанд, бисёриҳо ночиз мешуморанд. Ба ақидаи онҳо, Украина дастаи хуб дорад, вале мураббии хуб надорад. Аммо ба тими Русия чун ҳамеша барои намоиши бозии хуб дар марҳалаҳои ниҳоӣ ирода ва маҳорати кофӣ намерасад.

Аксари мухлисон умед доранд, ки ба фарқ аз Евро-2012 қаҳрамонии имсолаи футболи Аврупо бо шӯру шавқи бештару рақобатҳои пурхурӯштар хоҳад гузашт. Муҳаммадюнус Мирзоев бар ин аст, ки сабки бозиро дар ин мусобиқот “контрҳуҷум” муайян мекунад. Умар Заминовский дар посух ба пурсиши Озодӣ орзуи як “футболи муосир, яъне ҳимояи хуб ва ҳуҷуми босуръат”-ро кардааст.

Ҳарчанд Англияро дар радифи довталабҳои асосӣ ном намегиранд, имсол ин тим бо селаи ситораҳои насли наваш тавони рақобат ҳам бо Испания, ҳам бо Олмон ва ҳам бо Белгияро дорад. Ҷо Ҳарт дар хатти дарвоза, Раҳим Стерлинг, Ҷейми Варди ва Уэйн Руни дар хатти ҳуҷум – чунин даста наметавонад дар қалбҳо тухми тарс накорад.

Вале тими миллии Англия, ба фарқ аз бошгоҳҳояш аз беиқболтарин тимҳои футболи дунё ба шумор меравад ва ҳатто бо тавонотарин ситораҳо дар сабқатҳои байналмилалӣ ноком мешавад. Бори охир тими Англия 20 сол пеш, дар қаҳрамонии футболи Аврупо соҳиби медали биринҷӣ шуда буд. Қобили зикр аст, ки он мусобиқа дар худи Англия доир шуда буд. Ва ҳоло суол ин аст, ки оё тими имсолаи Англия то куҷо хоҳад тавонист ин силсилаи нокомиҳоро пушти сар гузошта, билохира, ба сафи ҳадди ақал барандагони медалҳои Евро-2016 роҳ биёбад?

Дар арафаи оғози мусобиқоти Euro - 2016 УЕФА аз тариқи овоздиҳии мухлисон дар сомонаи расмиаш аз 11 футболбози беҳтарини қаҳрамониҳои футболи Аврупо як тими рамзиеро бо номи “All-Time Euro 11”-ро тартиб дод. Албатта, ба ин тим асосан бозигарони маъруф барои насли имрӯзаи мухлисон роҳ ёфтаанд, вале боз ҳам нишон медиҳад, ки дар дили мардум бозии кадоме аз ситораҳои футбол хубтар нақш бастааст:

Дарвозабон: Ҷанлуиҷӣ Буффон.

Ҳимоятгарон: Паоло Малдини, Франтс Бекенбауэр, Карлес Пуйол ва Филип Лам.

Бозигарони хатти миёна: Зайниддин Зидан, Андрес Инйеста, Андреа Пирло.

Ҳуҷумкунандаҳо: Криштиану Роналдо, Терри Анри, Марко Ван Бастен.

Мухлисони футбол умедворанд, ки Евро-2016 чеҳраҳои наверо барояшон ошно хоҳад кард, чеҳраҳое, ки баъди чанде битавонанд ин 11 ситораи бузургро аз ин 11-гонаи беҳтаринҳо танг кунанд. Ба ин суол, ки кӣ бозигари беҳтарин ва кӣ нишонзани беҳтарини Евро-2016 хоҳад шуд?, ҳамсӯҳбатони мо номҳои зиёде, аз Эден Азар, Антуан Гризманн ва Пол Погба то Томас Мюллер ва Лукакуро ном мебаранд. Вале мегӯянд, футбол таърихан як бозии ғайри қобили пешгӯист ва танҳо рӯзи 10 июл, баъди садои ҳуштаки ниҳоии довар ва анҷоми бозии ниҳоии Евро-2016 маълум хоҳад шуд, ки қаҳрамони ин бозиҳо кӣ шуду бозигари беҳтарин ва нишонзани беҳтаринаш – кӣ?

XS
SM
MD
LG