Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Могеринӣ: ИА ва Тоҷикистон созишномаи нави ҳамкорӣ имзо мекунанд


"Тоҷикистон хостори тавсеаи ҳамкориҳо бо Иттиҳодияи Аврупо ва имзои созишномаи нави шарикӣ бо ин ниҳод мебошад." Федерика Могерини, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, ин нуктаро рӯзи 23-юми ноябр пас аз хатми музокироти вазирони умури хориҷии ИА ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Брюссел баён кард. Созишномаи кунунии ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо соли 2004 имзо шуда, баъди ин нав нашудааст.

Ба қавли дипломати баландпояи аврупоӣ, созишномаи нав бо назардошти таҳаввулоти тағйирёбанда, тамоюлҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳам чолишҳои имрӯза бояд нав шавад ва ҷониби Аврупо барои шурӯи кор дар самти таҳияи созиши нав омода мебошад.

Могеринӣ гуфт: "Тоҷикистон имрӯз ба мо аломат дод, ки хостори шурӯи музокирот бар сари имзои созишномаи нави ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо аст ва мо ба зудӣ ин музокиротро шурӯъ хоҳем кард".

Чунин созишнома бо кишварҳои дигари минтақа қаблан имзо шуда ва амал мекунад. Зимнан, Могеринӣ гуфт, бо дархости Туркманистон ва бо мувофиқати ду ҷониб қарор аст соли оянда дар ин кишвар сафорати Иттиҳодияи Аврупо ифтитоҳ шавад. Ӯ гуфт, Туркманистон барои роҳандозии ислоҳот изҳори омодагӣ кард.

124 миллион евро ба Осиёи Марказӣ

Дар суханронии натиҷагирӣ аз мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Брюссел Федерика Могеринӣ гуфт, аз соли 2019 стратегияи нави онҳо барои минтақа дар амал татбиқ мешавад. Ин стратегия ихтисоси 124 миллион евро кумакҳоро ба кишварҳои минтақа бо ҳадафҳои кумак дар бахши хусусӣ, тиҷорат, муқобила бо тағйироти иқлим ва ҳокимияти қонун дар назар дорад.

Дар изҳороти матбуотиаш Могеринӣ гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо дар баробари ҳамкориҳо ва рушди равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ “ӯҳдадориҳои қавӣ” дорад ва дар “тавсеаи ҳамкориҳо манфиатдор аст”. Ӯ гуфт, умеди Аврупо ба рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои ду минтақа зиёд аст.

“Мо шоҳиди ҳамкориҳои бесобиқаи минтақавӣ мешавем – шурӯъ аз масоили марбут ба мудирияти обу мудирияти марз ва танзими тиҷорат”, - афзуд Могеринӣ.

Ӯ гуфт, ки дар ҷараёни гуфтугӯҳо ҷонибҳо бори дигар ба зарурати пойдории сулҳ дар Афғонистон таъкид карда, ҷониби Аврупо бори дигар пуштибониашро аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон баён кард.

Дар изҳороти хаттие, ки дар пайи ҷаласаи вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ нашр шуд, гуфта шудааст, ки ҷонибҳо масоили муҳими марбут ба мушкилоти минтақа ва ҷаҳон, ҷараёнҳои мусбат дар пешрафти минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳадафҳои ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ карданд. Яке аз масоили дигари мавриди баррасӣ – ҳуқуқи башар ба озодиҳои сиёсӣ буд. Ҷузъиёти гуфтугӯҳо нашр намешавад.

Дар матни изҳорот гуфта мешавад, ки иштирокдорони нишаст омодагии худро барои идомаи мубориза бо бенавоӣ баён карда, зарурати ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни қабули тасмимҳои ҳукуматӣ, риояи баробарии ҳуқуқӣ ва ҷалби занону духтарон дар ҳаёти сиёсиро баён карданд.

Пуштибонӣ аз ташаббусҳои ҷавонон дар Осиёи Марказӣ ва ворид кардани ин масъалаҳо ба барномаи рушди соли 2030 яке дигар аз масоили мавриди таваҷҷӯҳи вазирони хориҷа буд.

Могеринӣ гуфт, қарор аст, мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷӣ дар нимаи дуюми соли 2019 баргузор шавад. "Шояд ҳам ин мулоқот дар Осиёи Марказӣ доир гардад", - гуфт ӯ. Маҳз соли оянда Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад, стратегияи нави худро барои минтақа қабул кунад, ки солҳои 2020 то 2026-ро дар бар мегирад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG