Онҳо Исроилро дар куштани Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии гурӯҳи “Ҳамос”, ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд, масъул дониста, ваъдаи интиқом додаанд.
Ҳания рӯзи 31-уми июл баъди иштирок дар маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, дар Теҳрон кушта шуд.
Исроил даст доштанашро дар ин ҳодиса тасдиқ ё рад накардааст.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бритониё, Фаронса, Олмон ва Итолиё рӯзи 12-уми август аз Эрон хостанд, ки аз баҳри “таҳдиди ҳамла ба Исроил” бигузарад.
Носир Канъонӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар баёнияе рӯзи 13-уми август гуфт, “чунин дархост мантиқи сиёсӣ надорад.”
Таҳдиди Эрон барои ситондани интиқом аз Исроил нигарониро аз эҳтимоли сар задани ҷанги густурда дар Ховари Миёна афзоиш додааст.