Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: "Тасаллути Эрон бар Ховари Миёнаро таҳаммул надорем"


Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфтааст, ки талошҳои Теҳрон барои тасаллут бар Ховари Миёна, кишварҳои арабнишини хошияи Халиҷи Форс ва Туркияро "ба ҷон" овардааст ва онҳо дигар инро таҳаммул надоранд.

Президенти Туркия бо муттаҳам кардани Эрон барои тасаллут бар Ховари Миёна, гуфтааст, ки талошҳои Теҳрон Анқара, Арабистони Саудӣ ва кишварҳои араби ҳошияи Халиҷи Форсро "ба ҷон" овардааст.

Туркия қаблан ҳимояти худро аз ҳамлаи Арабистони Саудӣ алайҳи гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-- шӯришиёни шиа дар Яман эълон карда буд ва аз ин гурӯҳ ва "ҳомиёни хориҷӣ"-и онҳо хост, ки фаъолиятҳои таҳдидомези худ алайҳи сулҳ ва амният дар минтақаро поён диҳанд.

Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия рӯзи панҷшанбеи 26 март дар як нишасти хабарӣ эълон кард, ки "Эрон дар талош барои тасаллут бар минтақа аст. Оё мешавад инро таҳаммул кард? Ин мавзӯъ Туркия, Арабистони Саудӣ ва кишварҳои араби ҳошияи халиҷи Форсро ба сутуҳ овардааст. Ин амр воқеан таҳаммулкарданӣ нест ва Эрон бояд дар масъала фикр кунад."

Ҳавопаймоҳои ҷангии Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш шаби панҷшанбе ба пойгоҳҳои ҷангиёни шиаи ҳусӣ дар Яман ҳамла кардаанд. Гуфта мешавад, ки ҳусиҳо аз сӯи Ҷумҳурии исломии Эрон ҳимоят мешавад. Аммо Эрон ҳамвора ин иддаоро радд кардааст.

Ҳусиҳо дар моҳи сентябри соли гузашта вориди шаҳри Санъо - пойтахти Яман шуданд ва Абдурабуҳ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури он кишварро дар ибтидо ҳабси хонагӣ карданд. Раиси ҷумҳури Яман моҳи гузашта тавонист, ки аз Санъо бигурезад ва ба шаҳри Адан дар ҷануби он кишвар, паноҳанда шавад.

Аммо ахиран нерӯҳои ҳусӣ минтақаҳои зиёдеро дар ҷануби он кишвар низ ба тасарруфи худ дароварданд ва ба иттилои шабакаи "Ал-ҷазира", президенти Яман ҳоло ба Арабистони Саудӣ паноҳ бурдааст. Созмони милали Муттаҳид, кишварҳои араб, минтақа ва ғарбӣ, Мансур Ҳодиро раиси ҷумҳури расмии Яман мешиносанд.

Эрдуғон бо ишора ба ин ки, ҳоло дар минтақа даргириҳои мазҳабӣ оғоз шудааст, аз Эрон хост, ки аз мудохилаи худ дар Яман даст бардорад. Вай гуфтааст, ки "Эрон бояд дидгоҳашро тағйир диҳад. Эрон бояд нерӯҳояш ва ҳар чи, ки дар Яман, Сурия ва Ироқ дорад, берун бикашад ва ба тамомияти арзии кишварҳо эҳтиром бигузорад."

Изҳороти раиси ҷумҳури Туркия дар ҳоле баён мешавад, ки қарор аст вай ба зудӣ аз Эрон дидор кунад ва ба навиштаи расонаҳои эронӣ дар барномаи сафари вай тағйироте ворид нашудааст.

Мақомоти Эрон рӯзи панҷшанбе хоҳони қатъи ҳар чӣ зудтари амалиёти низомии Арабистони Саудӣ ва ҳампаймононаш дар Яман шудаанд. Хабаргузории "Ройтерз" рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки оқои Эрдуғон бо Барак Обама раиси ҷумҳури Амирко дар бораи бӯҳронри Яман бо якдигар телефонӣ гуфтугӯ кардаанд.

Шӯрои амнияти миллии Амрико дар Твиттери худ гузориш додааст, ки раҳбарони Амрико ва Туркия ҳамчунин масъалаи музокироти ҳастаии Эрон ва ҳамкорӣ барои мубориза бо гурӯҳи Давлати исломиро низ мавриди баҳс қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG