Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Раҳмон ба Каримов дар бораи дӯстӣ ва раҳбарии хирадмандона


Эмомалӣ Раҳмон бо Ислом Каримов. Душанбе, моҳи сентябри 2014
Эмомалӣ Раҳмон бо Ислом Каримов. Душанбе, моҳи сентябри 2014

Эмомалӣ Раҳмон дар номае, ки шоми 30 март ба Ислом Каримов фиристод, гуфтааст, муносибати дӯстона миёни Тоҷикистону Узбакистон омили муҳими таъмини субот дар минтақа мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар баробари табрики Ислом Каримов, ки бори чаҳорум ба курсии президентӣ дар Узбакистон нишаст, гуфтааст, Душанбе барои идомаи муносибатҳои дӯстона бо Тошканд пурра омодааст.

Ҷаноби Раҳмон дар номае, ки шоми 30 март ба Каримов ирсол кард, гуфтааст, "мо мутмаин бар онем, ки дар ин давра муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон омили муҳими таъмини амният ва субот дар минтақа, ҷавобгӯи манфиатҳои бунёдии кишварҳо ва халқҳои мо гардида, бо намунаҳои нави ҳамкориҳои судманд ғанӣ мешаванд. Ҷониби Тоҷикистон пурра омода аст барои анҷом додани ин кори хайр тамоми кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳад."

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин номаааш интихоби дигарбораи Ислом Каримовро "далели эътимоди воло ва натиҷаи роҳбарии хирадмандонаи дар самти рушди ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон равонашуда, таҳкими иқтидору баланд бардоштани некӯаҳволии мардум" номидааст.

Каримов бори чаҳорум президент шуд

Ислом Каримов
Ислом Каримов

​Кумисюни марказии интихоботи Узбакистон рӯзи 30 март аз пирӯзии раисиҷумҳури феълӣ Ислом Каримов дар интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар хабар дод. Мирзо-Улуғбек Абдусаломов, раиси ин кумисюн гуфт, бар пояи иттилои пешакӣ аз номзадии Ислом Каримов 17,2 миллион нафар ё 90,4 дарсади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд.

Мақомоти Узбакистон мегӯянд, дар овоздиҳие, ки 29 март дар ин кишвар баргузор шуд, дар маҷмӯъ, беш аз 91 дарсади афроди соҳиби ҳаққи раъй иштирок намуданд. Аммо шореҳи бахши узбакии Радиои Озодӣ, Сироҷиддини Ислом, мегӯяд, ин омор ба ҳақиқат чандон наздикӣ надорад, чаро ки ба қавли ӯ танҳо дар Русия беш аз 5 миллион муҳоҷири узбакистонӣ ба сар мебаранд ва онҳо ҳадди ақалл 25 дарсади интихбкунандагонро ташкил медиҳанд.

“Шакке нест, насли ҷавон, ки бо ғояҳои давлатдории Ислом Каримов бузург шудаанд, ба Каримов раъй дода бошанд. Ин ҷавононро, ки синнашон аз 25 боло нест, фарзандони даврони Каримов меноманд ва онҳо ғайр аз Каримов дигар ҳеч каси дигарро намешиносанд,”-афзуд ӯ.

Интихоботи президентии Узбакистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:51 0:00

Се "рақиб"

Дар ин интихоботи президентии Узбакистон, ки натиҷааш ба қавли бисёриҳо аз қабл маълум буд, дар баробари Ислом Каримов 3 номзади дигар - Ҳотамҷон Кетмонов -- раиси ҳизби халқии демократӣ, Наримон Умаров -- раиси ҳизби сотсиал-демократи “Адолат” ва Акмал Саидов -- раиси як маркази ҳуқуқи башари наздик ба ҳукумат ва узви фирқаи парлумонии ҳизби демократии “Эҳёи миллӣ” (“Миллий Тиқланиш”) - низ иштирок доштанд.

Шореҳи бахши узбакии Радиои Озодӣ, Сироҷиддини Ислом, мегӯяд, сокинон дар баробари Ислом Каримов ба Кетмонов таваҷҷуҳ доштанд ва ин таваҷҷуҳ танҳо эътироз алайҳи режими Каримов буд. Ӯ мегӯяд, “аввал ин ки аксари мардум аз сиёсати худкомаи Каримов хаста шудааст. Вале онҳо дигар шахсеро, ки тавонад кишварро аз бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ берун орад, намешиносанд. Дар кишвар аҳзоби мухолиф вуҷуд надорад, ҳаргуна дигарандешӣ зери фишор аст. Шояд ҳамин сабаб шуда бошад, ки мардум ба Кетмонов раъйи худро додааст. Кетмонов нисбат ба Каримов хеле ҷавон аст ва ҳамагӣ 46 сол дорад. Вале дар Узбакистон ҳама хуб медонад, ки имкони интихоб шудани Кетмонов баробар ба сифр (нол) аст.”

Сироҷиддини Ислом афзуд, интихоби дигарбораи Ислом Каримов ба маънои он аст, ки дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон “дигаргунӣ намешавад. ҳар дигаргуние, ки шавад, пас аз Каримов хоҳад шуд.”

Танқиди САҲА

Ин дар ҳолест, ки нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) низ мегӯянд, дар интихоботи президентии Узбакистон раисиҷумҳури феълӣ Ислом Каримов рақиби воқеӣ надошт ва дар ҷараёни ин маъракаи сиёсӣ камбудҳои зиёди қонунӣ ва ташкилӣ ба чашм расиданд. Арзёбии пешакии Дафтари сохторҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА 30 март, як рӯз баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон, нашр шуд.

Раҳбари ҳайати нозирони САҲА Тана де Зулуета дар як изҳорот гуфт, Ислом Каримов дар сабқат назар ба дигар номзадҳо, аз ҷумла, дар тарғибот аз тариқи расонаҳо бартарӣ дошт, ҳарчанд қонун дастрасии баробари номзадҳо ба матбуотро муқаррар кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, Кумисюни марказии интихоботи Узбакистон Ислом Каримовро дар ҳоле сабти ном кард, ки бар пояи Қонуни асосӣ як нафар фақат ду дафъа метавонад пайиҳам раисиҷумҳур интихоб шавад.

Ислом Каримов бори дигар президенти Узбакистон интихоб шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00

26 сол боз дар қудрат

Ислом Каримов соли 1989, баъди раиси Шӯрои Миллатҳо, яке аз маҷлисҳои парлумони Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шудани Рафиқ Нишонов ба мақоми котиби якуми кумитаи марказии ҳизби ҳокими коммунисти Узбакистон расид ва соли баъд раиси Шӯрои олӣ ва дар

Рафиқ Нишонов
Рафиқ Нишонов

соли 1991 раисиҷумҳури Узбакистон интихоб шуд. Ӯ ба ин тартиб, инак 26 сол боз ин кишвари пураҳолитарини Осиёи Марказиро бо панҷаҳои оҳанин идора мекунад ва ҳоло бо касби боз як давраи раёсат то соли 2020 дар мақоми раҳбарии Узбакистон хоҳад монд.

Ӯ дар соли 2020, агар умр вафо кунад, ба 82-сола хоҳад шуд. Аммо дар дунё раҳбарони аз Каримов ҳам кӯҳансолтар ҳастанд. Барои мисол, Ҳуснӣ Муборак, вақте дар соли 2011 дар натиҷаи эътирозҳои мардум аз мақоми раҳбарии Миср сарнагунаш карданд, алакай 83 сол умру 30 сол собиқаи раҳбарӣ дошт. Ё Роберт Мугабе, раисиҷумҳури кишвари африқоии Зимбабве, ки 35 сол боз бар ин фақиртарин кишвари дунё раҳбарӣ мекунад, моҳи гузашта ба синни 91 расид ва дар ҳоли ҳозир кӯҳансолтарин президенти дунё ба шумор меравад.

Дар худи Осиёи Марказӣ ҳам Нурсултон Назарбоев ҳаст, ки баробар бо Ислом Каримов дар соли 1989 ба раҳбарии ин кишвар омад ва ҳамагӣ 2 сол аз президенти Узбакистон “ҷавонтар” аст. Дар Қазоқистон низ рӯзи 26 апрели соли равон интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ таъин

Таблиғи Нурсултон Назарбоев
Таблиғи Нурсултон Назарбоев

шудааст, ки ин бор ҳам бидуни рақобати воқеӣ мегузарад ва бовар меравад, ки ин маърака замони раёсати Назарбоеви 75-соларо боз барои 5 соли дигар тамдид хоҳад кард.

Ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар синну сол аз Ислом Каримову Нурсултон Назарбоев ҷавонтар аст, аммо 23 сол боз зимоми қудрат дар кишварро дар даст дорад. Ӯ бори охир моҳи ноябри соли 2013 барои бори севум ва барои ҳафт соли оняда ба курсии президентӣ дар Тоҷикистон нишаст.

XS
SM
MD
LG