Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки 90 % Тоҷикистон бо об таъмин мешавад

Конфронси чоруми масъалаҳои об дар Душанбе. 26 майи 2026
Конфронси чоруми масъалаҳои об дар Душанбе. 26 майи 2026

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳукумат талош дорад, то соли 2040 дастрасии 90 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ба шабакаи обрасонӣ таъмин кунад. Бино бар омори расмӣ ҳоло танҳо 41 дарсади аҳолӣ ва асосан сокинони шаҳрҳо ба шабакаи оби ошомиданӣ пайвастанд.

Дар ҳамоиши ҷаҳонии об дар Душанбе, ки рӯзи 25-уми май оғоз ёфт, мушкилоти дастрасӣ ба ин манбаи табии ҳаётӣ ва дар ҳоли коҳиш дар курраи Замин баррасӣ мешавад. Рӯзи 26-уми май, мушкили дастрасӣ ба об, хатару пайомадҳои тағйири иқлим ва дар ин росто ҳамкории бештари кишварҳо аз мавзуҳое буд, ки дар ин ҳамоиш садо дод.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми суханронӣ дар ин нишаст гуфт: «Мо ният дорем, ки то соли 2030 татбиқи пурраи мудирияти ҳамоҳангшудаи захираҳои обро дар сатҳи миллӣ ва ҳавзавӣ таъмин намуда, низоми муосири илман асоснок, устувор ва самаранокро таъсис диҳем. Ҳамзамон бо ин мо талош дорем, ки то соли 2040 дастрасӣ ба оби мутамарказро ҳадди ақал барои 90 фоизи аҳолӣ таъмин намоем. Мо тасмим гирифтем, ки бо ин васила дастрасии ҳар як шаҳрвандро ба оби тозаи ошомиданӣ кафолат диҳем».

Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки 90 % Тоҷикистон бо об таъмин мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин хостори такмили сохтори Бунёди наҷоти Арал ва таъсиси Комиссияи байнидавлатии энергетикӣ барои Осиёи Марказӣ шуд. Дар нишаст, ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон намояндагони беш аз 100 кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳузур доранд. Қарор аст ин нишаст то 28 май идома ёбад. Рӯзи 26-уми май дар баробари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, намояндагони баландпояи чанд кишвар ва созмонҳои дигар низ дар бораи мавзуи об ва роҳҳои ҳалли мушкилоти норасоӣ ва ё марбут ба он суҳбат карданд.

Армида Салсиаҳ, муовини дабири кулли Созмони Милал гуфт, шиддати тағйири иқлим бисёриҳоро ба камбуди дастрасӣ ба об рӯ ба рӯ кардааст. Армида Салсиаҳ Алисҷаҳбана, муовини дабири кулли СММ: “Минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором тақрибан 60 дарсади аҳолии ҷаҳонро фаро мегирад, аммо танҳо 36 дарсади захираҳои оби ширинро дорост, ки ин сатҳи дастрасии сари аҳолӣ ба обро дар ин минтақа ба пасттарин дар ҷаҳон табдил медиҳад. Дар чанд даҳсолаи ахир миллионҳо нафар дар минтақа аз вазъи сахти норасоии об раҳоӣ ёфтанд. Бо вуҷуди ин, шиддат гирифтани тағйири иқлим бисёре аз минтақаҳои Осиё ва Уқёнуси Оромро, ки қаблан дорои захираҳои фаровони об шуморида мешуданд водор намудааст, ба норасоии об рӯ ба рӯ гарданд”.

Хонум Армида хостори мудирияти устувор ва тақвияти ҳамкориҳои бештар дар ин замина шуд. Ин чорумин конфронси ҷаҳонӣ дар мавзӯи об мебошад, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва кӯмаки Созмони Милал баргузор мешавад.

Мақомот дар ҳоле ба баргузории ин гуна ҳамоишҳо таваҷҷуҳ доранд, ки ба иттилои расмӣ қариб 40 дарсади аҳолӣ дар дохили Тоҷикистон аз камбуди об танқисӣ мекашанд ва ҳар сол дар пайи селу обхезиҳо, даҳҳо нафар зарар мебинанд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG