Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи саломатии Масхатулло беҳбуд ёфтааст


Вазъи саломатии Масхатулло Раҷабов, шаҳрванди тоҷик, ки дирӯз дар бемористони шахри Волгоград дар ҳолати беҳушӣ бистарӣ шуда буд, рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Вазъи саломатии Масхатулло Раҷабов, шаҳрванди тоҷик, ки дирӯз дар бемористонишахри Волгоград дар ҳолати беҳушӣ бистарӣ шуда буд, рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи душанбеи 14 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи имрӯз ба дастури сафорат Саидаҳмад Маҳмадов, раиси Ҷамъияти тоҷикони вилояти Волгоград ва Нусрат Исматов, намояндаи собиқи Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар манотиқи ҷануби Русия ба аёдати Раҷабов рафта ва ҳоли ӯ беҳтар дарёфтаанд.

Ба гуфтаи ин афрод, Масхатулло Раҷабов ба ҳуш омда ва бо онҳо сӯҳбат кардааст. Пизикони бемористон гуфтаанд, пас аз 2 ё 3 рӯз вазъи саломатии бемор комилан хуб шуда ва аз бемористон рухсат хоҳад шуд.

Ҳамчунин, ҷаноби Эгамзод гуфт, ки Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамсару бародари беморро пайдо карда ва пас аз баромадан аз бемористон бо мусодиати молии сафорат ва Ҷамъияти тоҷикони вилояти Волгоград Масхатулло Раҷабов ва пайвандонаш ба Тоҷикистон бармегарданд.

Субҳи рӯзи якшанбеи 13 декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси як нафар бо шиносномаи тоҷикӣ нашр шуд, ки гуфта мешуд, дар яке бемористонҳои Волгоград дар ҳолати вазнин бистарӣ шудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав фавран ба ин хабар вокуниш нишон дода ва нахуст бо маъмурияти беморхонае, ки ин фарди тоҷик бистарӣ аст, сӯҳбат кард. Дар натиҷа дақиқ шуд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар шӯъбаи терапевтӣ муолиҷа мегирад.

Муҳаммад Эгамзод гуфт, ки шахсан бо пизиши навбатдор суҳбат кардааст ва дар тамоси аввал ҳам ишора шуда буд, ки ин ҷавони тоҷик як мушкил ва ё беморӣ дорад. Вай аз қавли табибон гуфт, ки ин ҷавони тоҷикро ба бемористон дар ҳолати мадҳушӣ оварданд ва ӯ муътод ё гирифтори бемории маводи мухаддир аст.

Ба гуфтаи вай, барои дақиқ кардани вазъи ин ҷавони тоҷик ва ҳувияти ӯ, ба намояндагони диаспораи тоҷикон ва фаъолон дар шаҳри Волгоград ҳамоҳангӣ сурат гирифтааст. Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, тавассути Ҷамъияти тоҷикони вилояти Волгоград маълум карданд, ки ин шахс Раҷабов Махсатуло, соли 1973 сокини қишлоқи Хокалии шӯрои деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ буда ва 3 ноябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон тавассути қатор ба Русия ворид шудааст.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон гуфт, дақиқ шуд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон мӯътоди маводи мухаддир буда ва ҳанӯз се рӯз пеш дар яке аз диспансерҳои маводи мухаддири ин шаҳр нигаҳдорӣ мешудааст. Ӯро аз қатор низ бо чунин ҳолат берун карда будаанд, зеро ҳамин моддаро истифода бурдааст.

Оқои Эгамзод аз қавли Ҷамъияти тоҷикон гуфта буд, вазъи ин нафар бисёр вазнин аст ва бо душворӣ гап мезанад ва лоғар ҳам ҳаст. Сафорат мегӯяд, дар бозпас фиристодани ин шахс ба Тоҷикистон мушкилоте вуҷуд надорад, аммо онҳо ҳоло талош доранд, ки наздикони ӯро пайдо кунанд.

XS
SM
MD
LG