Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъзе "тағйирот" дар кори созмону сафоратҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон


Кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Бо нигаронӣ аз эҳтимоли сирояти коронавирус, намояндагии баъзе аз созмонҳои байнулмилалӣ дар Душанбе кори худро ба таври фосилавӣ ба роҳ мондаанд. Масъулони сафоратҳо мегӯянд, ҳанӯз ба таври маъмулӣ фаъолият доранд, аммо баъзе аз бахши кори худро муваққатан боздоштанд. Аз ҷумла, сафорати Амрикову Олмон пешниҳоди раводид ё визаро қатъ кардаанд.

Вируси нави корона, ки то ин дам боис ба марги беш аз бист ҳазор нафар шуд, нигарониҳои ҷиддиро ба миён овардааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ягон мавриди гирифторӣ ба бемории КОВИД 19-ро сабт накарданд.

Масъулони баъзе аз намояндагиҳои дипломатӣ гуфтанд, поёни таътилҳои наврӯзиро интизоранд ва баъд аз он тасмим мегиранд, ки ба чӣ шакл ба корашонро идома диҳанд.

Эрик Пагнер, мудири шуъбаи робита бо ҷомеаи Сафорати Амрико рӯзи 26-уми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баъзе аз кормандони сафорат акнун ба тариқи фосилавӣ кор мекунанд. Ҷаноби Пагнер гуфт, ин кор бо истифода аз таҷрибаҳои маъмул дар ҷаҳон сурат мегирад, ки имкон медиҳад, баъзе кормандон ба кори фосилавӣ гузаронида шаванд.

"Ин барои риоя намудани масофаи иҷтимоӣ роҳандозӣ шудааст, ки робитаи ҳаррӯзаи кормандонро барои пешгирӣ ё паҳншавии эҳтимолии беморӣ коҳиш медиҳад. Ҳарчанд мо ҳоло дар бораи ҳолатҳои тасдиқшудаи COVID-19 дар Тоҷикистон маълумот надорем, ҳукумати Амрико дар саросари ҷаҳон барои таъмини саломатӣ ва бехатарии кормандон чораҳо меандешад,"- афзуд масъули робита бо ҷомеаи Сафорати Амрико.

Эрик Пагнер ҳамчунин гуфт, феълан додани виза ё раводиди Амрико дар Тоҷикистон бас шуда, маълум нест, ки кай аз сар гирифта мешавад. Аммо Пагнер гуфт, ин чораи муваққатист.

Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳам фаъолияти худро ба сурати фосилавӣ иваз кардааст.

Як манбаъ дар дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, аз дирӯз тавассути интернет ва аз хона кор мекунанд. Манбаъ гуфт, "феълан дар дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе шумори ками кормандон машғули кор ҳастанд, дигарон аз хона кор мекунанд."

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳоло дақиқ нест, ки чунин навҳаи кор то чӣ замоне идома хоҳад дошт.

Дар ин миён сафоратҳои бархе аз кишварҳо, ки дар онҳо бемории коронавирусро сабт кардаанд, изҳор доштанд, ки фаъолияти худро ҳамчунон идома медиҳанд. Намояндаи сафорати Қатар дар Душанбе гуфт, гирифтории иддае аз сокинони ин кишвар ба коронавирус барои идомаи фаъолияти сафорат монеъ нашудааст.

Жаниш Рустенбеков, сафири Қирғизистон дар Душанбе, дар шарҳи ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сафорат ба таври маъмулӣ фаъолият мекунад.

“Мо бо сохторҳои марбутаи Тоҷикистон пайваста дар тамос ҳастем ва хушбахтона дар ин кишвар ҳеч мавриди гирифторӣ ба коронавирус ошкор нашудааст. Ба ин далел сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон ба таври маъмулӣ фаъолияти худро идома медиҳад,” - гуфт Жаниш Рустенбеков.

Дар сафорати Русия дар Тоҷикистон гуфтанд, ки дар кори онҳо ҳеч маҳдудият роҳандозӣ нашудааст. Ҳарчанд Владимир Путин, раиси ҷумҳури ин кишвар рӯзи 25-уми март дар муроҷиати телевизионии худ бахшида ба чораҳои зидди коронавирус аз таътили ҳамаи муассисаҳо ва корхонаҳо то 5-уми апрели имсол хабар дод.

Дар ҳамин ҳол, Абдумалик Қодиров, роҳбари намояндагии созмони амрикоии “Интернюс” дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, то таътилҳои наврӯзӣ ҳамаи кормандони дафтари ин созмон дар Душанбе ба фаъолияти фосилавӣ гузаштаанд. Ба гуфтаи вай, ин муқаррарот то 13-уми апрел аст ва зарур ояд, давом дода мешавад.

Қодиров афзуд, аз он тааҷҷуб мекунад, ки то ҳол мақомоти Тоҷикистон карантин ё вазъи фавқулода эълон намекунанд. “Шояд, мақомот имкони молии пардохти ҷуброни маош ва фоидаи корхонаҳоро надошта бошад? Ё тарс доранд, ки ширкату корхонаҳо ба буҷа андоз намесупоранд?" - мегӯяд Қодиров.

Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба ин нигарониҳо мегӯянд, то имрӯз дар кишвар гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор нашудааст ва ба ин хотир зарурати эълони вазъи фавқулода нест. Мақомот барномаи пешгирӣ аз вируси нави корона ва вокуниши эҳтимолӣ дар сурати пайдо шудани бемориро таҳия карда, барои амалӣ кардани он аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ кӯмак хостаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон мавридҳои гирифтории сокинон ба коронавирус ошкор шуда, дар бархе аз ин кишварҳо вазъи фавқулода ва карантин эълон шудааст.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG