Остин "ҳимояти оҳанин"-и Иёлоти Муттаҳидаро аз Телавив дар сурати ҳамлаи ниқоргиронаи Эрон баён доштааст.
Вазорати дифои Амрико гуфт, ду тараф беҳбуди ҳифозат аз нерӯҳо, таҳкими қобилияти дифоии Исроил ва пешгирӣ аз танишҳоро дар минтақа баррасӣ карданд.
Ба иттилои манбаъ, Ллойд Остин ҳамчунин аз оташбас дар Навори Ғазза ва аз тавофуқ барои озодии гаравгонҳои боқимондаи Исроил аз дасти “Ҳамос” пуштибонӣ кардааст.
Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи фаластинии “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд. Ҷанг дар Ғазза аз моҳи октябри соли 2023 идома дорад.