Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаурма 11 нафарро дар Ҷомӣ заҳролуд кардааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар натиҷаи истеъмоли шаурма ном ғизои сарироҳӣ 11 нафар заҳролуд шудаанд.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 10 феврал бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат 11 сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз нуқтаи шаурмапазии воқеъ дар назди бозори ҳамин ноҳия шаурма истеъмол намуда, заҳролуд шудаанд. Оқои Ҷаъфаров гуфт, ин 11 нафарро баъди як шабонарӯзи табобат дар беморхонаи марказии ноҳия рухсат додаанд.

Феълан вазъи афроди заҳролудшуда мӯътадил арзёбӣ шуда, ба гуфтаи мақомоти тиббӣ, онҳо ҳамагӣ аз пайи зиндагии худ шудаанд.

Аммо Маркази эпидемиологӣ ва санитарии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар робита ба ин қазия асноди лозимро таҳия карда, ба додситонӣ супурдааст.
Ба қавли ҷаноби Ҷаъфаров, азбаски шаурма бо гӯшти мурғи тафдода ва майонезу резаҳои помидору сабзию карам ва кетчуп таҳия мешавад, тахмини табибон ин аст, ки ғолибан мӯҳлати кадоме аз ин анвоъи маҳсулот гузашта будааст.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Адураҳмони Ҷомӣ ба Озодӣ гуфт, ки ин масъала дар бозори марказии ноҳия ҷиддӣ баррасӣ карда шуда, нуқтаи шаурмафурӯширо алакай барҳам додаанд. Маълум шудааст, ки ин дкӯон ёбидуни иҷозатномаи расмӣ ва патент машғули таҳияи ғизо будааст.
Заҳролуд шудани 11 нафар дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ танҳо мавриди гирифтории афрод дар Тоҷикистон ба далели истеъмоли ғизои заҳролуд ваё кӯҳнашуда нест.

Дар моҳи октябри соли 2012 бар асари истеъмоли консерваи дастисохти помидору бодиринг 27 нафар заҳролуд шуда, аз ин миён як нафари онҳо ҳалок шуда буд. Бино ба хабари раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, ин афрод рӯзи 28-уми октябр дар маъракаи «худоӣ»-и сокини шаҳраки Меҳнатобод Шакаралӣ Нозиров аз истеъмоли консерви помидору бодиринг заҳролуд шудаанд. Дар ин маърака ҳудуди 50-60 нафар иштирок доштанд. Мастура Зоироваи 31-сола, хоҳари соҳиби маърака дар беморхонаи марказии Зафаробод ҷон дода, 7 нафари дигар, аз ҷумла худи Шакаралӣ Нозиров дар шӯъбаи эҳё ва 19 нафари дигар дар бемористон бистарӣ шуданд.

Дар моҳи феврали соли 2012 дар маросими дафни як сокини шаҳри Кӯлоб иштибоҳи ба назар кӯчаки соҳибхоназане боиси ҳалокати ин панҷ нафар ва заҳролуд шудани 18 нафар гардид. Ин соҳибхоназан барои занҳое, ки ба ҷанозаи ҳаммаҳаллаашон омада буданд, атола таҳия карда, ба ҷои намак, иштибоҳан хокаи заҳрогинеро меандозад, ки боиси марги 5 зан шуд.

Сафаралӣ Раҷабмадов, сардори шӯъбаи тандурустии шаҳри Кӯлоб гуфта буд, миқдори ками ин хокаро дар садҳо кило гӯшт барои омода намудани ҳасиб истифода мебаранд ва ҳасибро аз вайроншавӣ нигаҳ медорад, вале истеъмоли як грамми он барои инсон заҳри кушанда аст: «Онҳое, ки аз атолаи омода намуда зиёд истеъмол намуда буданд, узвҳои хунгардашон зиён дида, фавтиданд. Мутаассифона, барои наҷоти онҳо аз марг дер шуда буд. Вале дигаронро, ки ҳоло заҳр сахт таъсирашон накарда буд, наҷот додем.»
XS
SM
MD
LG