Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 қурбонии ду садама дар Кӯҳистони Мастчоҳ ва Роштқалъа


Бар асари сарозер шудани як мошини мусофирбар ба дарёи Яхрӯд дар Кӯҳистони Мастчоҳ, 11 нафар ҷон бохтаанд. Дар як садамаи дигари нақлиётӣ дар ноҳияи Роштқалъа 6 нафар ҳалок шуд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати 6 нафари дигар дар як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон хабар дод. Дар хабари нашршуда дар сомонаи вазорат гуфта мешавад, ки ин ҳодиса шоми 6 январ рух додааст.

Бино бар ин манбаъ, “рӯзи 06.01.с.2015, соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанху”, рақами давлатиаш 99-60 А РТ 04, Саъдиев Ҳусайндод, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми ҳаракат бо роҳи ғайринақлиётгарди ҷамоати деҳаи Барвози ноҳия, аз сабаби боридани барфи зиёд ва лағжон шудани роҳ, автомашина ба самти қафо лағжида ба чуқурии 150 метр сарозер шудааст. Дар натиҷа, худи ронанда Саъдиев Ҳ. ва 5 нафар мусофирони автомашина: Хусравбеков Абригул соли таваллудаш 1950, Пулодова Уснибону соли таваллудаш 1982, Худоёров Мавлоёр соли таваллудаш 2008, Сабздавлатов Кабир соли таваллудаш 1988 ва Ватаниева Гулрӯ соли таваллудаш 1991, сокинони ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Мусофирони дигар: Сабздавлатова Рамзия соли таваллудаш 1983, Худодов Носиршо соли таваллудаш 1979, Худододов Назардод соли таваллудаш 1974 ва Силтолиев Давлатназар соли таваллудаш 1970, сокинони ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.”

Ҳалокати 11 нафар дар Кӯҳистони Мастчоҳ

Қаблан дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ хабар дод, ки соати тақрибан 3-и шаби сешанбе ба чоршанбе 11 нафар сокинони деҳаи Роғ бо шумули кӯдакон савори мошини “Старекс” ҳангоми убур аз деҳаи Лангар, ба сойи Яхрӯд сарозер шуданд, ки дар натиҷа ҳамагӣ ҷон бохтаанд.

Ин афрод савори "Старекс" аз Мастчоҳи нав ба деҳаҳои Роғ ва Палдораки Кӯҳистони Мастчоҳ мерафтанд, ки дар деҳаи Лангар ба ин ҳодиса рӯбарӯ шудаанд. Наздикони фавтидагон гуфтаанд, ки ҳангоми ҳаракат дар ин роҳи тӯлонӣ дар соати 3-и шаб, ронандаро хоб бурдааст ва мошин бероҳа шуда, ба ҷарии умқаш 50 метр сарозер шудааст.

Муҳаммадҷобир Ризоев, раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ рӯзи 7 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар мавриди ин садамаи пурқурбонӣ ду фарзия таҳқиқ мешавад: “Яке ин аст, ки шояд мошин бар асари сангрез аз роҳ баромада, ба ҷарӣ сарозер шудааст. Фарзияи дувум ин аст, ки шояд ронандаро хоб бурда бошад. Мақомот эҳтимоли ягон иллати фаннӣ доштани мошини сарозершударо низ таҳқиқ мекунанд.”

9 нафар аз ҳалокшудагон, ба гуфтаи оқои Ризоев, аз ноҳияи Мастчоҳ ва ду нафари дигар сокинони деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буданд. Раиси ноҳия гуфт, барои таҳқиқи ин қазия як кумиссиюн ташкил шудааст.

XS
SM
MD
LG