Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лимити барқ то Тошканд расид


Намое аз шаҳри Тошканд.
Намое аз шаҳри Тошканд.

Дар Тошканд- пойтахти Узбакистон чанд рӯз боз маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ шудааст.

Сокинони пойтахти Узбакистон шикоят мекунанд, ки дар аксар маҳаллаҳо дар ду рӯз барои як соат, дар баъзе маҳаллаҳо бошад ҳар рӯз барои ду-се соат барқ хомӯш карда мешавад.

Як корманди масъули шабакаи барқи Тошканд бидуни ифшои ному насабаш дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ қатъ шудани барқ дар пойтахтро тасдиқ кард ва афзуд, “сабаб - нарасидани сӯзишворӣ дар системи тавлиди барқ аст. Барқ аз рӯи реҷа қатъ мешавад ва ин реҷаро ҳокимони ноҳияҳо имзо кардаанд. Илоҷе нест, шикоят кардан фоида надорад, лимити нерӯи барқ то охири зимистон давом мекунад”.

Сокинони Тошканд аз он шиква доранд, ки интиқоли нерӯи барқ бидуни огаҳии пешакӣ қатъ карда мешавад.

Дар замони истиқлол дар Узбакистон ягон нерӯгоҳи барқӣ сохта нашудааст. Неругоҳҳое, ки ҳанӯз замони шӯравӣ бунёд шуда буданд, бо маводи сӯхт кор мекунанд ва маҳз камбуди газу маводи дизелӣ сабаби аслии коҳиши тавлиди нерӯи барқ дар кишвар шудааст.

Коршиносон мегӯянд, ки вазъ дар вилоятҳои Узбакистон назар ба пойтахт ба маротиб бадтар аст. Сокинони шаҳру шаҳракҳои музофотӣ ду-се-соат, мардуми русто бошад ҳамагӣ як соат дар шабонарӯз ба нерӯи барқ дастрасӣ доранду халос.

Гуфта мешавад, ки айни ҳол Узбакистон фақат аз Қазоқистони ҳамсоя нерӯи барқ ворид мекунад. Аммо ахиран ширкати шабакаҳои барқии Қазоқистон аз Тошканд хост, ки 20 миллион доллар қарз барои нерӯи барқи истифодашударо пардохт кунад. Дар акси ҳол Остона таҳдиди берун шудан аз системи ягонаи шабакаи барқро кардааст, ки ба он се кишвар – Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон шомиланд.

Коршиносон вазъи дар Узбакистон ба вуқӯъпайвастаро - паёмади баъд аз фурӯпошии шӯравӣ мустақил шудани шабакаҳои барқрасони Осиёи Марказӣ мехонанд. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, ки “замони шӯравӣ ва солҳои аввали истиқлол Тоҷикистон ҳар фасли тирамоҳу зимистон аз Узбакистон 600 миллион киловатт-соат нерӯи барқ мегирифт ва ба ивази он ҳар тобистон 900 миллион киловат-соат барқ медод”.

Сокинони Узбакистон мегӯянд, ки онҳо тайи се-чор соли ахир на фақат аз набудани нерӯи барқ, балки аз камчинии газ ҳам азият мекашанад. Ду сол боз ҳукумати Узбакистон ҳар тирамоҳ аз мардум хостори ба таври кофӣ захира кардани ҳезуму ангишт мешавад.
XS
SM
MD
LG