Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешпардохти пули барқ дар Тоҷикистон. Ба суду ба зиёни кӣ?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вакилони порлумони Тоҷикистон созишномаеро қабул карданд, ки бар асоси он Душанбе то соли 2025 пурра ба низоми биллингӣ ё пешпардохти ҳаққи истифодаи нирӯи барқ мегузарад. Созишнома пештар миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкатҳои "Авесто Гуруҳ", "Тоҷикгидроэлектромантаж" ва "Душанбе Сити" имзо шуда буд.

Мақомот дар бораи моликон ва пайванди миёни ширкатҳо чизе намегӯянд, аммо дар сомонаи расмии "Авесто Гуруҳ" гуфта шудааст, ки "Душанбе Сити" яке аз тарҳҳои ин ширкат аст ва соли 2018 роҳандозӣ шудааст. "Душанбе Сити" дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон низоми пардохти Express Pay-ро ба роҳ мондааст.

"Авесто Гуруҳ" соли 2016 таъсис ёфта, то кунун бахшҳои муҳимеро ба монанди ворид кардани мусофирбарҳои "ISUZI" ва "AKIA" ба кишвар, тавлиди оби "Сиёма", пардохти ҳаққи роҳкиро ба воситаи кортҳои пластикӣ дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе зери назорат дорад.

"Авесто Гуруҳ" айни замон як ҷониби ширкати муштараки Тоҷикистону Чин бо номи "Муосир" аст, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон нахустин корхонаи истеҳсоли маводи тарканда дар Тоҷикистонро месозад. Сохтмони корхона соли 2018 шуруъ шудааст.

Дар санадҳои расмӣ муассиси ширкат Файзалӣ Ҳабибов сабт шуда, мудири кулли ширкат Муҳаммад Мирзоев (Муҳаммад Мирзо) аст. Мирзоев дар гузашта дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор мекард.

Сомонаҳои наздик ба мухолифони тоҷик дар хориҷа охири соли гузашта дар ду матлаб ишора карданд, ки Муҳаммад Мирзоев аз пайвандони Хуршед Мирзоев, муовини президенти Федеретсияи Футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аст. Мақомот инро тасдиқ ё рад накардаанд. ​

Зафар Бурҳонзода, мудири иҷроияи ширкати "Авесто Гуруҳ", рӯзи 22-юми январ дар порлумон ба хабарнигорон гуфт, "ҳеч гуна афзалият ва ё имтиёз надоранд ва бо ҷалби мутаххассисони ботаҷриба корашонро пеш мебаранд".

Бар асоси созишномаи нав дар бораи пешпардохти пули барқ, ки дар порлумон қабул шуд, "Авесто Гуруҳ" бо "Душанбе Сити" ва "Тоҷикгидроэлектромантаж" дар 5 соли оянда дар Душанбе ҳисобкунакҳои худкорро насб хоҳанд кард, ки бо усули биллингӣ кор мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ин кор се ширкатро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (НДС), андоз аз фоида ва боҷҳои гумрукӣ озод мекунад.

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлтии Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии созишнома дар порлумон гуфт, арзиши умумии тарҳ 88 миллион долларро ташкил дода, дар доираи он беш аз 250 ҳазор ҳисобкунаки истеҳсоли Чин дар хонаи сокинон "бепул насб хоҳад шуд".

Ҳамрализода гуфт, низоми биллингӣ аввал ба таври таҷриба дар ноҳияи Синои Душанбе иҷро шуда, баъдан дар ноҳияҳои дигари пойтахт татбиқ хоҳад шуд. Вай ба хабарнигорон гуфт, ширкатҳои сармоягузор пас аз анҷоми ин тарҳ, "аз ҳисоби коҳиши талафоти нерӯи барқ дар шабакаҳо ва афзоиши ҷамъоварии пули барқ маблағи сарфкардаашонро бо назардошти баҳраҳояш пурра мегиранд."

Зафар Бурҳонзода, мудири иҷроияи "Авесто Гуруҳ", ки аз сармоягузорони асосии тарҳи низоми билингӣ дар пойтахт аст, гуфт, тибқи таҳлилҳо дар натиҷаи амалӣ намудани низоми биллингӣ талафоти нирӯи барқ дар Душанбе аз 19 дарсади ҳозира ба 11-12 дарсад мерасад. Ӯ гуфт, бо гузаштан ба ин низом "ҷамъоварии маблағи нерӯи барқ дар Душанбе аз 81 дарсади ҳозира то 99 дарсад расонда хоҳад шуд."

Соли 2013 ширкати "Барқи тоҷик" дар чанд шаҳру ноҳияи кишвар барои санҷиш низоми биллингро ҷорӣ кард ва онро як усули халосӣ аз гум шудани пулҳои истифодаи нирӯи барқ ва беҳбуди вазъи соҳа номид. Ҳозир чунин низом дар шаҳри Хуҷанд ва қисман дар Кӯлобу баъзе аз маҳаллаҳои ноҳияи Рӯдакӣ амал мекунад.

Муштариёни низоми пардохти биллингӣ дар Хуҷанд беш аз 62 ҳазор, дар Рӯдакӣ 10 ҳазор ва дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 8 ҳазорро ташкил медиҳад.

Ҳарчанд мақомот аз ҳосили кори низоми билингӣ тавсиф мекунанд, баъзе аз сокинон бараъкс мегӯянд, низоми нави хариди нерӯи барқ барои онҳо мушкилзост.

Соҳиб Бобоев, сокини маҳаллаи Истиқлоли ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 26-уми январ гуфт, ҳар замоне ки маблағи барқаш тамом шавад, барои пешпардохт намудан дар маҳаллаашон ягон нуқтаи пардохт ё терминал намеёбад ва ночор ба маркази ноҳия меравад. "Аз маҳалли зисти мо то маркази ноҳия хеле роҳ аст. Ҳар боре барои супурдани пули барқ меравам, дар онҷо одам зиёд аст. Дар навбат меистем. Боз аз нисфирӯзии шанбе то рӯзи душанбе кор намекунад. Саргардонии мо зиёд аст," – афзуд ӯ.

Хуршед Умаров, раиси шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ, тасдиқ кард, ки воқеан ҳам як нуқтаи пардохти маблағи қувваи барқ тариқи корти электронӣ дар ин ноҳия вуҷуд дорад. Вай таъкид намуд, ки ҳоло аз 92 ҳазор муштарӣ, ҳамагӣ 10 ҳазор ба низоми биллингӣ гузаштаанд ва бо афзоиш ёфтани шумораи муштариён нуқтаҳои пардохти маблағро бештар мекунанд.

"Хубиаш ин аст, сокиноне, ки аз низоми биллингӣ истифода мебаранд, аз истифодаи нерӯи барқ қарздор нестанд," -- афзуд ӯ.

Дар баробари сокиноне, ки мегӯянд, низоми биллингӣ барояшон мушкилиҳои наверо ба миён гузоштааст, баъзе афроди дигар аз ташкили чунин низом розиянд. Сӯҳроб, сокини шаҳри Хуҷанд гуфт, дар гузашта бо нозирони барқ барои пардохти ҳаққи истифодаи гармиву рӯшноӣ гоҳе ҷанҷол мекард ва ҳоло бидуни ҷанҷол ба воситаи корти электронӣ маблағро мепардозад.

Коршиносон мегӯянд, низоми биллингӣ дар маҷмуъ барои сокинон ва барои беҳбуди вазъи энергетикии кишвар хуб аст, агар назорат ҷиддӣ бошад. Вагарна, ба гуфтаи онҳо, "бо чунин усул низ талафоти нерӯи барқ ва фасод дар самти пардохти ҳаққи қувваи барқ хоҳад монд."

Шамсиддин Ҷалолов, коршиноси масоили иқтисодӣ, гуфт: "Барои ноил шудан ба пешравиҳо бояд мутахассисони сатҳи баланд ва афроди поквиҷдон ҷалб шаванд, чун низоми биллингӣ низ маҳсули дасти инсон аст ва дуздии маблағи қувваи барқ бо ин низом ҳам имконпазир ҳаст."

Коршиносон ихтисори нозирони барқ ва роҳандозии низоми электронии пардохтҳоро яке аз роҳҳои кам кардани фасод медонанд. Мақомот вуҷуди фасодро дар соҳа рад намекунанд, вале мушкили асосиро қарздории мардум аз шабакаҳои барқӣ медонанд, ки ба ҳисоби онҳо ба миллионҳо сомонӣ мерасад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG