Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Тоҷикистон рӯйхати ягонаи интихобкунандагон надорад?


Яке аз нуқтаҳои ройдиҳӣ. Акс аз интихоботи порлумонии соли 2015
Яке аз нуқтаҳои ройдиҳӣ. Акс аз интихоботи порлумонии соли 2015

Тоҷикистон дар ҳоле ба маъракаи интихоботи порлумонӣ ворид мешавад, ки кишвар феҳрасти ягонаи интихобкунандагон надорад. Набуди чунин рӯйхат, ба гуфтаи таҳлилгарон, роҳро барои тақаллуб дар интихобот мекушояд ва майдон барои "карусел"-ҳои интихоботӣ фарох боқӣ мемонад. Дар Тоҷикистон аз гуруҳ ва ё нафароне, ки бо машварат дар як ва ё ду ҳавза чанд дафъа овоз медиҳанд, ба истилоҳ "карусел" ё чархофалак ном мебаранд.

Далели мақомот

Мақомот мегӯянд, қонунгузории кишвар ташкили феҳрасти ягонаи интихобкунадагонро пешбинӣ накардааст ва зарурати таҳияи чунин рӯйхат ҳанӯз дар баррасӣ аст. Наврӯз Самадзода, раиси дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) рӯзи 24-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт:

"Айни замон дар мо феҳрасти ягонаи интихобкунандагон вуҷуд надорад. Барои таъсиси чунин феҳраст қабули қонун зарур аст. Бо талаботи қонунҳое, ки ҳоло дорем, зарурати таҳияи чунин феҳраст вуҷуд надорад. Шаҳрвандони мо бе чунин феҳраст ҳам ҳуқуқ доранд, ки ба интихобот омада, овоз диҳанд."

Самадзода мегӯяд, КМИРТ аз соли 2015 боз масъалаи тартиб додани чунин феҳрастро баррасӣ дорад ва паҳлӯҳои мусбату манфии онро меомӯзад.

Ишораи мақомот "аз паҳлӯҳои манфӣ"-и таъсиси феҳрасти интихобкунандагон ин ифшо шудани маълумоти хусусии шаҳрвандон будааст.

Тавсияи созмонҳои байналмилалӣ

Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо аз соли 2010 инҷониб дар гузоришҳои худ ба Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки феҳрасти ягона ва электронии интихобкунандагонро дастрас кунад. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси пешини КМИРТ соли 2015 изҳор дошта буд, ки "Тоҷикистон ба феҳрасти ягонаи интихобкунадагон ниёз дорад" ва ба САҲА ибрози сипос ҳам кард, ки ба идораҳои Тоҷикистон дар таъсиси чунин феҳраст кумак мекунанд.

Аз кишварҳои Осиёи Миёна Қиғизистон, Қазоқистон ва аз кишварҳои пасошӯравӣ Белорус, Озарбойҷон ва Русия феҳрасти ягонаи интихобкунандагонро доранд.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, маҳз набуди феҳристи ягонаи интихобкунандагон дар кишвар имкон фароҳам меорад, ки гуруҳ ва шахсони алоҳида бо ташкили ба ном "карусел" дар раванди интихобот ба тақаллуб роҳ мекушоянд.

Роҳи ҳамвори тақаллуб дар интихоботҳо?

Раҳматилло Зоиров
Раҳматилло Зоиров

"Шахсан дар интихоботҳои гузашта шоҳиди ҳамин гуна "карусел"-ҳо будам. Як нафар на танҳо дар чанд нуқта, балки дар як ҳавза пас аз чанд соат дубора омода, аз нав овоз медиҳад. Дар шаҳри Душанбе баъзе одамон, ки дертар давоми рӯз ба интихобот омада буданд, шоҳид шуданд, ки аллакай ба номи онҳо касе овоз додааст. Вақте шахс дер меояд, дигарон гумон мекунанд, ӯ намеояд ва ба таври қалбакӣ аз номи ӯ овоз медиҳанд," -- иброз дошт ӯ.

Раиси ҲСДТ афзуд, аз сӯи дигар набудани феҳрасти ягонаи интихобкунандагон барои ҳизбҳои сиёсӣ имкон намедиҳад, бо таркиби ройдиҳандагон пурра шинос шавад. "Вақте феҳрасти ягона нест, ҳизбҳо намедонанд, райъдиҳандагон ё ҷонибдорони онҳо бештар дар куҷо ҳастанд ва бо кадом гуруҳҳо чӣ гуна кор кунанд. Маъракаи пешазинтихоботиро чӣ гуна ба роҳ монанд. Чунки ин гуна феҳраст нест. Тамоми маълумот дар дасти давлат аст ва аз он танҳо ҲХДТ метавонад ба нафъи худ истифода кунад. Дигар ҳизбҳо аз ин гуна маълумот маҳруманд."

Дар ҳоле ки мақомот мегӯянд, сабаби ташкил накардани рӯйхати ягонаи интихобкунандагон дар Тоҷикистон набудани заминаҳои қонунӣ аст, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар гузориши худ пас аз интихоботи порлумонии соли 2015 навиштааст: "КМИР иттилоъ дод, ки бинобар “душвориҳои молиявӣ” наметавонад феҳрасти ягонаи интихобкунаендагонро ташкил диҳад".

Мутахассис: Ташкили феҳрасти ягона мушкил нест, агар...

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон аллакай таҷрибаи ташкили чунин феҳрастҳоро дорад ва дар сурати будани иродаи комил метавонад онро бисозад.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев
Муҳаммадӣ Ибодуллоев

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, коршиноси фанновариҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар кишвар аллакай чанд феҳрасти электронӣ бо маълумоти хусусии шаҳрвандон вуҷуд дорад. "Мо чунин феҳрастҳо дорем, феҳрасти шаҳодатномаҳои ронандагӣ, ИНН – рақами мушаххаси андозсупоранда, шиносномаҳои биометрӣ ва ID корт ва феҳрасти қарзгирандагон. Ин феҳрастҳо исботи таҷрибаи ватанист ва пайдо шудани боз як феҳраст барои Тоҷикистон кори мушкил нест. Танҳо ҳифз кардан лозим аст," -- шарҳ дод ӯ.

Ибодуллоев илова кард, беҳтар мебуд агар феҳрасти ягонаи шаҳрвандони кишвар бо ному насаб ва суроғаашон тартиб дода мешуд ва КМИРТ аз дохили он метавонист шумораи афроди қобили раъйро ҷудо кунад.

Мувофиқи омори охирин, ки қабл аз интихоботи порлумонии соли 2015 эълон шуда буд, дар Тоҷикистон 4 миллиону 346 ҳазору 415 нафари қобили раъй ҳисоб шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG