Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи ташаббускорони тағйири қонуни интихобот ба Раҳмон


Намояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳо ва баъзе шахсиятҳои алоҳида барои ислоҳи қонуни интихобот ба раисиҷумҳур муроҷиат карданд.

Ин муроҷиатнома пас аз як баҳси мизи мудаввар бо иштироки намояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва шахсиятҳои алоҳида, ки рӯзи 12-уми январ дар меҳмонхонаи “Гулистон Тур” дар Душанбе баргузор гашт, омода шуд. Ин мизи мудаввар ё гирд бояд дар толори меҳмонхонаи “Азия Гранд Ҳотел”-и Душанбе баргузор мешуд. Вале Хадамоти оташнишонӣ ва беҳдоштиии Тоҷикистон якбора фаъолияти ин меҳмонхонаро мавриди тафтиш қарор додаанд ва бинобар ин мизи мудаввар дар ҷои дигар баргузор шуд.

Аъзои Кумитаи тадорукот барои ислоҳи Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон аз раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон даъват карданд, ки дар ислоҳи қонуни ёдшуда ҳамёрӣ расонад. Ба гуфтаи онҳо, қонуни интихоби президент ҳанӯз дар замони Шӯравӣ таҳия шуда ва дигаргуниҳое, ки дар солҳои 1994, 1999 ва 2003 ба он ворид шуд, барои баргузории як интихоботи шаффофу одилона кофӣ нест.

Ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта пешниҳодҳои Кумитаи тадорукот доир барои ислоҳи қонуни интихоботи президент дар шакли як тарҳ аз сӯи намояндагони ҲНИТ ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили ҲНИТ дар парлумон, мегӯяд, Маҷлиси намояндагон барои баррасии ин тарҳ ду моҳ мӯҳлат хоста, онро барои назарсанҷӣ ба кумитаҳояш фиристодааст: “Дирӯз мо аз саркумитаи парлумон пурсидем, ки ду моҳ мӯҳлати
Раҳматулло Зоиров (чап) ва Бузургмеҳр Ёров (рост)
Раҳматулло Зоиров (чап) ва Бузургмеҳр Ёров (рост)
таъиншуда ба анҷом расид ва хулосаи онҳо нисбати ин тарҳ чист. Аммо онҳо гуфтанд, ки то ҳол хулосаи ҳукуматро дар мавриди ин лоиҳа нагирифтаанд ва то гирифтани он интизор хоҳанд монд. Бинобар ин, аз ҷониби раиси Маҷлиси намояндагон мӯҳлати баррасии ин лоиҳа тамдид карда шудааст.”

Раҳматулло Зоиров, роҳбари Консорсиуми юридикии Тоҷикистон, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократ ва узви Кумитаи тадорукот, мегӯяд, парлумони кишвар худ эълон карда буд, ки хулосаашро нисбат аб пешниҳоди онҳо рӯзи 12-уми январ эълон мекунад: “Вале чун ҳукумати кишвар хулосаи худро дар ин маврид ирсол накардааст, Маҷлиси намояндагон ҷуръат намекунад, ки хулосаи худро дар ин маврид гӯяд ва ё лоиҳаро ба баррасии вакилон пешниҳод кунад.”

Аммо Галия Рабиева, узви саркумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тарҳи пешниҳодӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ҳама кумитаҳои маҷлис бо баррасии ин ҳуҷҷат машғуланд, вале ба назари вай, қонуни феълии интихоботи президент демократист ва ба тағйиру илова ниёз надорад. Ӯ афзуд, аз ҷумла ба яке аз пешниҳоди Кумитаи тадорукот, ки муаллифон онро аз нукоти асосӣ мешуморанд, розӣ шуда наметавонад: "Масалан, тибқи лоиҳа талаботе пешниҳод шудааст, ки дар ҳамаи навоҳию вилоятҳо аҳзоби сиёсии расмӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ намояндаи худро дошта
Галия Рабиева
Галия Рабиева
ошанд. Мутаассифона, дар ин талабот гуфта нашудааст, ки агар ҳизб дар ҳамон минтақа ё навоҳӣ намоянда надошта бошад ва он таъмин карда нашавад, дар он ҳолат чӣ кор бояд кард. Дар ин лоиҳа ҳамин масъала на он қадар равшан инъикос карда шудааст."

Кумитаи тадорукот барои ислоҳи қонуни интихоботи президент аз 3 созмони ҳуқуқиву ҳифзи ҳуқуқ - Коллегияи адвокатҳои ҷумҳуриявии "Сипар", Коллегияи адвокатҳои мустақили Душанбе, Консорсиуми юридикии Тоҷикистон, чаҳор ҳизби сиёсӣ - ҲУСДТ, ҲНИТ, ҲДТ (ба раҳбарии Масъуд Собиров) ва ҲСТ созмонҳои ҷамъиятӣ ва шахсиятҳои алоҳида иборат мебошад. Ба ин Кумита намояндагони ҳизби сабтиномнашудаи "Ваҳдат" низ шомиланд.
XS
SM
MD
LG