Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз "занкалонӣ" то "агент"-и Амрико


Интихоботи президентии Тоҷикистон ҷамъбаст шуд, аммо истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу кашокаши худро дар робита ба интихобот идома медиҳанд.

Маъракаи имсолаи интихоботии Тоҷикистон аз интихоботҳои гузашта на танҳо бо шумораи номзадҳо, балки бо баҳсҳои доғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фарқ мекард.

Садҳо акси таблиғотӣ ва ҳам бархе аз онҳо таҳқиромез, паёму суханҳои сахт ва нарм аз ин маърака дар ҷаҳони маҷозӣ боқӣ хоҳад монд. Корбарон мегӯянд, дар ин кашокаш махсусан онҳое ҷуръати зиёд нишон медоданд, ки ҳувияти худро зери номҳои мустаор пинҳон медоштанд. Бархе аз онҳо дар Одноклассники ва Фейсбук зидди президент Эмомалӣ Раҳмон ва тарафдорони ӯ шиор мезаданд ва бархи дигар зидди раҳбарони ҳизбҳои мухолиф ва номзади сабтнашудаи ислоҳталабон.

Дар шабакаи иҷтимоии Одноклассники дар як баҳс, ки «Кадом номзад ба мақоми президентӣ арзанда аст», беш аз ду ҳазор шарҳ навишта шудааст. Аксари шореҳон зери номҳои сохта на танҳо номзадҳо ва раиси феълии Тоҷикистонро, балки ҳамдигарро низ дашному таҳқир кардаанд. Ҳарчанд номзади ягонаи мухолифон Ойниҳол Бобоназарова сабтином нашуд ва дар интихобот ширкат надошт, корбарони ин шабака ба ду гурӯҳи тарафдорони Бобоназарова ва ҳавохоҳони Раҳмон ҷудо шудаанд. Ҷолиб аст, ки тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон ҳарчанд ба Бобоназарова ҳамла мекарданд, ба номзадҳое, ки расман рақиби Раҳмон буданд, ғаразе надоштанд.

Яке аз корбарон бо номи Исфандиёри Руинтан гуфтааст, агар Ойниҳол Бобоназарова ба ҳайси номзад пазируфта мешуд, ҳатман ба ҷонибдории ӯ райъашро медод. Аммо Сулаймон Абдуллоев дар посух ба Исфандиёр гуфтааст, Ойниҳол Бобоназарова душмани миллати тоҷик буда, ҳаққи президнт шуданро надошт. Ба қавли Исфандиёр гӯё Бобоназарова «агент»-и Амрико бошад.

Шаҳризода Д., бошад дар пурсишномаи мазкур изҳор кардааст, ки «агар президент нав нашавад, мисли Раҳмонов халқи тоҷик боз 21 соли дигар бе барқ мемонад.»

Насанҷон Саидов низ яке аз истифодабарандагони шабакаи Одноклассники бо танз мегӯяд: «Мо намехоҳем Тоҷикистонро зан роҳбарӣ кунад, зеро ҷаҳон мегӯянд, ҳама мардҳои тоҷик занкалон шудаанд.»

Аммо ин дар ҳолест, ки Абубакр дар посух ба Насанҷон мегӯяд «Вақте дар хона падар нест калони хона модар аст. Ватани мо падар надорад, чаро ки модар ӯро сардори накунад? Касе моро занкалон намегӯяд.»

Дар бобати он ки чаро корбарон роҷеъ ба номзадии Исмоил Талбаков, Саидҷаъфар Исмонов, Толиббек Бухориев, Олим Бобоев ва Абдулҳалим Ғафоров назар надодаанд, шарҳе омадааст, ки бештари ширкатдорони ин номзадҳоро намешиносанд.

Баҳс дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, ки одатан кам ба дашному таҳқир мекашонд, дар робита ба интихобот тезутундтар шудааст. Ин ҷо силсилаи аксҳои дасткоришудае ба нашр расид, ки дар онҳо номзад Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳар шаклу шева танзу таҳқир мешуд.

Гулафшон Соқиева, масъули саҳфаи «Интихобот 2013» дар Фейсбук бар ин аст, ки баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо аз доираи одоб берун рафтааст. Вай дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт давоми чор моҳе, ки саҳифаи «Интихобот 2013» амал мекунад хабарнигорон ҳар хабару гузорише, ки дар робита ба интихобот аст дар он мегузорад. Аммо хонандагон бо номҳои мустаор дар зери онҳо шарҳҳои аз доираи одоб берун менависанд: “Нафароне пайдо мешуданд, ки ному насаби аниқ надоранд ва ба таҳқиру тӯҳмат, ҳатто ангеза роҳ медоданд. Ё пост мемонанд ё ба иззати нафси касе мерасанд.”

Ба истиснои номзади эҳтимолӣ, Ойниҳол Бобоназарова дигар ягон нафар аз номзадҳо дар робита ба интихобот дар Фейсбук саҳифаи худро надошт. Ҳеҷ кадоме аз онҳо дар ин баҳсҳои «интихоботӣ» ширкат намекард ва ба суолҳои истифодабарандагон низ посух намедод, мегӯяд Гулафшон Соқиева.

Яке аз номзадҳои интихоботи президентӣ Исмоил Талбаков мегӯяд аз таҳқир шуданаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле нороҳат шуда, нигарон ҳам ҳаст. Ба қавли ҷаноби Талбаков шаҳрвандон бояд одоби баҳсро риоя кунанд. Зеро баҳси онҳоро тамоми ҷаҳон мехонад: «Вақте номзадиямро пешниҳод карданд дар як шабаки интернетӣ хондам, ки гуфтаанд акнун тамом мо таги пой лақайҳо мондем. Талбаков лақай аст. Лақай, узбак ё рус будан ягон ҷой нигаронӣ надорад. Ҳар миллат ба худ ифтихор дорад. Бинобар ин вақте намедонанд, ки ман кӣ ҳастам чаро дар бораи ман менависанд?»

Талбаков меафзояд барои гирифтани пеши роҳи таҳқиру тӯҳмат дар интернет онҳо метавонанд шабакаҳоро ба додгоҳ кашанд, аммо ба хотири «фарҳанги тоҷикона» аз ин амал худдорӣ мекунанд.

Баҳсҳои таҳқиромези шаҳрвандон дар Фейсбук ва Одноклассники дар робита «Интихобот 2013»-и Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки чанде пеш аз ҷониби Ассосиятсияи истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон одобномаи истифодабарандагони интернет пешниҳод шуда буд.

Асомуддин Атоев, раҳбари Анҷумани миллии истифодабагарндагони интернет дар Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ҳоло фурсате расидааст, ки сатҳи одоб дар баҳсҳои интернетии марбут ба интихобот таҳқиқ ва таҳлил шавад: «Гуфта наметавонам, ки одобнома то кадом андоза риоя шуд. Нафароне, ки дар ин баҳсҳои вертуалӣ ширкат мекарданд оё аз одобнома огоҳ ҳастанд ё не? Аммо аз он ки худам дар баҳсҳо ширкат мекардам ё мубоҳисаи дигаронро мехондам хулоса бароварда метавонам, ки сифати баҳсҳо болотар рафтааст.»

Ба ҳисобҳои тахминӣ дар маъракаи интихоботӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наздик ба 10 000 хабару гузориш ё аксу видео нашр шуда, шумораи шарҳи корбарон шояд ба ним миллион мерасад.
XS
SM
MD
LG