Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идгардаки кӯдакон боиси талафоти говҳои деҳ шуд


Бепарвоии подабонҳои навраси деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара боиси талафоти 18 сар гови маҳаллӣ шудааст.

Дар деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара дар рӯзи иди Фитр дар натиҷаи беназоратии подабонҳои наврас, 18 сар гов ҳаром мурдааст. Шарифбек Зуҳуров, як сокини ноҳияи Бохтар дар як тамоси телефонӣ бо радиои Озодӣ рӯзи душанбеи 20 июл гуфт, ки рӯзи ид, 17 июл аҳли ҷамоати деҳа навбати подабониро ба дӯши наврасон гузоштанд ва худашон аз пайи намози идонаву зиёрати мазорҳо шуданд. Аммо кӯдакон чорворо ба саҳро бурда ба ҳоли худ гузоштан аз паи идгардаку таҷлили ҷашн шуданд.

Говҳо низ бо истифода аз набудани подабонҳо ба замини пахта даромаданд ва ниҳолро поймол карданд. Харобкории чорҳо хашми иҷоракори маҳаллиро ба бор овард ва ӯ тамоми говҳоро дар як оғили саҳроӣ маҳкам кард.

Зуҳуров гуфт, дар натиҷаи гармии аз ҳад беши рӯзи 17 июл говҳо аз беобӣ дар оғил талаф шуданд: "Яке аз сокини деҳа, ки 5 говаш дар ин оғил мурдааст, дар роҳи мумфарш гиряву нола дошт, ки акнун чӣ кор мекунад ва ҷавоби ин говҳоро ба шавҳараш кӣ медиҳад?".

Дар ҳоле, ки говҳоро акнун баргардонида намешавад, аммо соҳибони онҳо пули хисоротро ҳисоб мекунанд. Ҳоло дар бозор нархи як сар модагови ширдеҳ аз ҳазор доллар сар мешавад ва қимати гови зотӣ то ба 3 ҳазор доллар мерасад.

XS
SM
MD
LG