Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳолии Тоҷикистон ба 8 миллион нафар расид


Бо таваллуди Сумайя сокинони Тоҷикистон 8 миллион нафар шуданд.
Бо таваллуди Сумайя сокинони Тоҷикистон 8 миллион нафар шуданд.

Бо таваллуди кӯдаке дар зоишгоҳи рақами 3-и шаҳри Душанбе, ҷамъияти Тоҷикистон ба 8 миллион нафар расид.

Унвони ифтихории шаҳрванди ҳаштмиллионуми Тоҷикистон насиби духтарчаи навзоде бо номи Сумайя гардид, ки соати 7-и субҳи 5-уми феврали соли равон ба дунё омад.

Волидайни хушбахти ин тифл Майсара Шарифоваи 33-сола ва Раҳмоналӣ Раҳмонови 37-сола мебошанд, ки дар маҳаллаи Буни Ҳисораки шаҳри Душанбе иқомат доранд.

Майсара Шарифова дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Сумайя нахустин фарзанди ӯву ҳамсараш аст ва хабари шаҳрванди ҳаштмиллионуми кишвар гардидани фарзандашон барои онҳо комилан ғайричашмдошт буд:

«Дирӯз бегоҳӣ ин гапро ба ман духтурҳо гуфтанд, ростӣ, аввал бовар накардам. Ин хабарро хуш пазируфтем ҳамроҳи ҳамсарам ва хурсандем, ки фарзанди мо ба пою қадам шуду фарзанди Худодод ва шаҳрванди ҳаштмиллионумини Тоҷикистон.»

Зимнан, таваллуди Сумайя на танҳо барои волидайн, балки барои кормандони зоишгоҳи рақами 3-и шаҳри Душанбе низ ба як рӯйдоди фараҳбахш табдил ёфт.

Ба таъкиди Светлана Гулаҳмадова – сардухтури ин таваллудхона, вазни тифли навзод 2 килову 740 грамм ва қадаш 48 см буда, феълан вазъи солимии кӯдак ва модараш хуб аст. Сардухтур гуфт, «моро вазифадор карданд, ки рӯйхати он занҳоеро, ки санаи 5-уми феврал аз соати 7 то 8-и субҳ таваллуд мекунанд, ба вазорати тандурустӣ ва раёсати тандурустии шаҳр пешниҳод намоем. Мо ҳамин корро кардем ва ба мо тахминан соатҳои 19-и бегоҳ аз ҳукумати шаҳри Душанбе занг зада гуфтанд, ки Шарифова Майсара, ки дар таваллудхонаи шумо бистарӣ аст, фарзанди ӯ шаҳрванди ҳаштмиллионумини Тоҷикистон шуд. Дар ин соат 2 нафар зан дар таваллудхонаи мо фарзанд ба дунё оварданд ва ҳамин хел шуд, ки кӯдаки Майсара Шарифова ҳаштмиллионум нафари кишвар интихоб гардид.»

Бар асоси омори расмӣ, ба санаи 1-уми январи соли 2013 теъдоди аҳолии Тоҷикистон ба 7 миллиону 984 ҳазору 800 нафар мерасид ва тибқи ҳисоби мутахассисон, барои дар соати 7-и субҳи 5-уми феврал ба дунё омадани шаҳрванди ҳаштмиллионуми кишвар бояд дар ҳар як соат 17 тифл таваллуд мешуд.

Абдувалӣ Қулов – намояндаи агентии омор дар робита ба ин гуфт, «дар давоми як соат агар 17 нафар, ки таваллуд шаванд, як соат 60 дақиқаро ташкил медиҳад, яъне, ба ҳисоби миёна дар муддати каме зиёдтар аз 3 дақиқа аҳолии Тоҷикистон як нафар афзоиш меёбад. Аз ҳамин ҳисоб, таваллуди шаҳрванди ҳаштмиллионуми кишвар ба соати 7-и субҳи 5-уми феврали соли 2013 рост омад.»

Аммо Шамсиддин Қурбонов – раҳбари маркази «Насл» чунин шумориши аҳолиро бештар рамзӣ медонад. Ӯ мегӯяд, ба ҳисоби миёна ҳамасола 220-225 ҳазор нафар зан дар Тоҷикистон таваллуд мекунанд ва агар ин шумораро ба 365 рӯз тақсим кунем, он дар як рӯз тахминан ба таваллуди 616 тифл ва дар як соат ба 25 тифл рост меояд:

«Ҳар як дақиқа кӯдакҳои таваллуд мешуда сабт намешаванд. Бинобар ин, дақиқан гӯянд, ки ҳамин одам шаҳрванди ҳаштмиллионумин мебошад, ин хато аст. Чунки ҳамон лаҳзаву ҳамон дақиқа метавонад 10 нафари дигар дар Тоҷикистон фавтад. Барои мисол, агар шумора 7 миллиону 996 нафар бошад, ин мешавад 997-умин одам, ҳаштмиллионум намешавад-ку...»

Бо вуҷуди ин ҳама, таваллуди духтарчае бо номи Сумайя, агар барои сокинони кишвар паёме аз 8 миллион нафар гаштани ҷамъияти Тоҷикистон бошад, барои волидайнаш, ки яке хонашин асту дигаре низомии бознишаста, шабеҳи толеънома ё лотореяи бурдноке буд.

Ба гуфти Майсара Шарифова – модари Сумайя, ӯву ҳамсараш дар хонаи волидайн зиндагонӣ мекунанду манзили шахсии худро надоранд ва ҳамакнун ба муносибати тавлиди фарзандашон раиси шаҳри Душанбе рӯзҳои наздик ба онҳо тақдими хонаро ваъда кардааст.

Бояд гуфт, сокини ҳафтмиллионуми Тоҷикистон писарчае бо номи Фаридун буд, ки 13 августи соли 2006 дар шаҳри Душанбе ба дунё омад ва ба волидони ӯ низ шаҳрдори Душанбе манзили истиқоматӣ ҳадя карда буд.
XS
SM
MD
LG