Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони фирорӣ шароити сахти хизмат дар Бадахшонро напазируфтанд


Рустое дар ноҳияи Шӯрообод
Рустое дар ноҳияи Шӯрообод

Додситонии ҳарбӣ мегӯяд, ба фирориҳо то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

Нигаронӣ аз шароити душвори хизмат дар вилояти Бадахшон гурӯҳи навсарбозонро водор кард, ки дар роҳ аз Душанбе ба ин вилоят фирор кунанд.

Ин сарбозон аввали моҳи июн ҳангоми гузаштан аз ҳудуди ноҳияи Шӯрообод дар ҳоле, ки мошин дар назди пули харобшудае бозмеистад ва афсарону ронандагон машғули ҷустуҷӯи роҳи гузаштан аз ин мушкил мешаванд, фирор мекунанд.


Се сарбози баъдан боздоштшуда дар баёноти худ гуфтаанд, ки мехостанд, дар ҳудуди шаҳри Душанбе адои хидмат кунанд, аммо онҳоро ба Бадахшон интиқол доданд.

Икром Зоиров, додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳанӯз ҳам дараки панҷ сарбози дигари фирорӣ нопайдост ва мақомоти дахлдори Тоҷикистон онҳоро ҷустуҷӯ мекунанд. Зоиров мегӯяд, агар ин панҷ нафар ихтиёрӣ ба мақомот таслим шаванд, шояд ҷазои камтар бигиранд, аммо дар сурати ғайр, пас аз боздошт онҳоро 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

«Фирор аз хидмати ҳарбӣ аз ҷониби гурӯҳи ашхос ин ҷинояти вазнин буда, қонунгузорӣ барои содир намудани чунин ҷиноятҳо маҳрум сохтан ба мӯҳлати аз панҷ то 10 солро пешбинӣ мекунад. Қонугузорӣ паҳлӯҳои дигар низ дорад, ки ҳангоми баррасии парванда маълум карда мешавад. Аммо ин сарбозон аз хидмати ватан-модар гурехтаанд, ки ҷинояти вазин аст».

Дар ҳоле ин сарбозон аз хизмат дар Бадахшон фирор кардаанд, ба андешаи бисёр сарбозон, ин вилоят аз мушкилтарин маконҳои хидмати ҳарбӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дониста мешавад. Фирӯз Раҳимов, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, хидмат дар Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Мурғоб, ки дар баландӣ ҷойгир аст, аз ҷиҳати сиҳҳатӣ ва омодагии ҷисмонӣ хизмат хеле душвор мегузарад:

«Ҷои бад нест, аммо дур будани роҳ ва сард будани табиат барои аксар ҷавонон қабул нест. Вагарна Бадахшон аз лиҳози амниятӣ ҷои орому осуда аст. Аз нигоҳи дигар, тарғиботи ватандӯстӣ хеле суст ба роҳ монда шудааст. Шаҳодати ин гуфтаҳоро далел ин аст, ки ҳанӯз ҷавонон барои ватан сарсупурда нестанд. Идеологияи шӯравӣ зӯр буд, ки ҷавон ҳатто дар Сибир хидмат карданро қабул дошт».

Аммо бархе ҷавонон фирори ин наваскарон аз хизматро маҳкум мекунанд. Боймуҳаммад, як ҷавон, ки худ дар вилояти Бадахшон хидмат кардааст, мегӯяд, ҳарчанд, шароит вазнин бошад ҳам, "Бадахшон ҳам ватан аст".

«Маро аз ноҳияи Фархор даъват карда буданд. Вақте гуфтанд, ки ба куҷо хидмат кардан мехоҳӣ, худам Бадахшонро интихоб кардам. Рафтам, дар ҳақиқат шароит мушкил буд, аммо он ҷо ҳам ватан аст. Шароити мушкил дорад гуфта, бояд хидмат накунем? Аз ин рӯ, рафтори ин ҷавононро ман номардӣ медонам, ки аз хидмат ба ватан тарсидаанд».

Аммо додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб даъват дорад, ки ин панҷ тани ҳанӯз дар фирор буда бо хоҳиши худ баргарданд. Вай гуфт, "дар сурати ғайр, Қонун онҳоро намебахшад".

Сарбозони фирорӣ моҳи апрел аз навоҳии тобеи марказ ба хидмат даъват шуда ҳамагӣ чанд рӯз хизмат карда буданд.
XS
SM
MD
LG