Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 ҳазор сомонӣ ҷарима барои оростани дастурхони пурхарҷи идона. ВИДЕО


Дар остонаи Иди Қурбон ба сокинони Тоҷикистон таъкид шуд, ки муқаррароти қонуни танзими расму оинҳоро риоя кунанд, вагарна барои дастурхонҳои пурхарҷ ҷаримаи ҳангуфте ҷорӣ мешавад.

Чунин ҳушдор рӯзи 13-уми август аз ҷониби мақомоти Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ садо дод. Мақомот гуфтанд, бо ҳадафи назорат аз иҷро шудани ин муқаррарот дар рӯзи иди Қурбон дар манзили шаҳрвандон рейд мегузаронанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбони имсола ҳафтаи оянда фаро мерасад ва бархе сокинон аз ҳоло омодагиро барои ин ҷашн шурӯъ кардаанд.

"Занг ба писари муҳоҷир: ид аст, пул равон кун"

Сайлигул Саидова, як сокини 50-солаи шаҳри Душанбе як ҳафта пеш омодагиро барои таҷлили иди Қурбон шурӯъ кардааст. Мегӯяд, тибқи русуми дерина, бояд дар ин рӯз барои меҳмонон дастархон оро диҳад. Барои гузарондани як ид барои оилаи бузурги Саидовҳо наздики 1000 сомонӣ маблағ харҷ мешудааст.

Масъулини Кумитаи дин мегӯянд, шаҳрвандон ба ҷойи оростани дастурхони пурхарҷи идона, беҳтар аст онро бо меваҷоти ватанӣ ва маҳсули дасти бонувон оро диҳанд.

5 ҳазор сомонӣ ҷарима барои оростани дастурхони пурхарҷи идона
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Сайлигул Саидова мегӯяд, ҳар сол бо наздик омадани ид ба писарони муҳоҷираш занг мезанад, то барояш маблағ ирсол кунанд. "Як дастархон бояд андозем, бе он намешавад. Агар меҳмонон ба хона оянд ва бинанд, ки дастархон нест, баъд мегӯянд, ки "ид аст, аммо дастархон напартофтааст". Чӣ хел мешавад?"-афзуд ин ҳамсӯҳбати мо.

Ин сокини Душанбе дар қатори садҳо шаҳрванди мусалмони Тоҷикистон худро вазифадор медонанд, ки дар рӯзҳои иди Қурбон ё Рамазон барои меҳмонон дастархони идона андозанд ва ҳар касе дар ин рӯз ба хонааш меҳмон шуд, сари дастурхони ороста менишинад.

Русуме, ки иҷро накарданаш як навъ айб ҳисобида мешавад ва бархе сокинон ҳатто бо гирифтани қарз омодаанд аз дигарон қафо намонанд. Фурӯшандаҳо низ фарорасии идҳо бахусус идҳои Рамазон ва Қурбонро барои худ як мавсими гарм барои савдо медонанд.

Афшини Муқим.
Афшини Муқим.

Маъруф Лақаев, як тоҷири бозори "Меҳргон" мегӯяд, сокинон дар арафаи идҳо маҳсулотҳоеро харидорӣ мекунанд, ки дигар рӯзҳо хӯрдани онро барои худ "табу" медонанд. Лақаев, ки ба фурӯши меваи хушк машғул аст, гуфт, маҳсулоти растаи ӯ гарон аст ва на ҳар кас қудрат дорад, ки аз онҳо харидорӣ кунанд.

"Мардум асосан дар идҳо хушкмева харидорӣ мекунанд. Яъне, ид аст, гуфта мегиранд. Аммо барои худашон камтар мехаранд",-афзуд ӯ. Ин ҳолат тоҷирро ҳам ба умеди афзоиши даромад умедвор мекунад.

Оростани дастархон ва "ҳуҷум"-и мардум ба бозорҳо барои хариди маҳсулоти идона, аз сабабҳои аслии болоравии нарх дар бозорҳои кишвар гуфта мешавад.

"Дастархон пурхарҷ 5 ҳазор сомонӣ ҷарима дорад"

Сокинони кишвар дар ҳоле барои иди Қурбон омодагӣ мегиранд, ки ахиран мақомоти тоҷик гуфтанд, соҳибони дастархони пурхарҷ ҷарима хоҳанд шуд. Мақомот мегӯянд, бо ин роҳ мехоҳанд мусобиқаи "дастархони кӣ беҳтар?"-ро аз байн баранд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумита оид ба корҳои дин ва танзими анъана рӯзи 13 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯзи иди Қурбон кормандони ин ниҳод дар минтақаҳо интихобан дар манзили шаҳрвандон рейд мегузаронанд.

Афшини Муқим дар посух ба суоли он, ки "Агар ошкор шавад, ки дастархони идонаи соҳибхона пурхарҷ аст, чӣ мешавад?", гуфт, дар ин ҳолат протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба судҳо ирсол мешавад. Ин масъули Кумитаи дин ва танзими анъана афзуд, ҳаҷми ҷаримаро додгоҳ муайян мекунад, вале он барои шахсони воқеӣ 5 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

"Талаботро Қонун муйаян кардааст ва ин вазифаи ҷонии мақоми ваколатдор аст, ки барои татбиқи қонун назорат кунад. Қонун бояд татбиқ шавад",-гуфт сухангӯи Кумитаи дин.

Масъулини Кумитаи дин ва танзими анъана мегӯянд, ҳадафи аслии онҳо рейди дастурхонҳои пурхарҷ - пешгирӣ аз болоравии нарх дар бозорҳо мебошад. Аз, ҷумла Афшини Муқим мегӯяд, дар иди Қурбони соли гузашта чунин ҳушдорҳо натиҷа дод ва нархҳо низ зиёд боло нарафт.

Аммо ба қавли ин масъули Кумитаи дин, "соли гузашта дар арафаи иди саиди Қурбон талаботи истеъмолӣ дар бозорҳо ҳам кам шуда буд, нарху наво ҳам чандон боло нарафт. Аммо шояд дар арафаи иди саиди Фитр ба таври ҷиддӣ муносибат накардан нисбат ба ин меъёри Қонун аз ҷониби мо-масъулин боис гардид, ки дар арафаи нарху наво дар бозорҳо осмонӣ шавад. Ба ин хотир, мақоми ваколатдор мехоҳад, ки дар иди дарпешистода ин чизро ислоҳ кунад."

"Дахолат ё таъмини баробарии иҷтимоӣ?"

Масъулини Кумитаи дин ва танзими анъана мегӯянд, шаҳрвандон ба ҷойи оростани дастурхон пурхарҷи идона, беҳтар аст онро бо меваҷоти ватанӣ ва маҳсули дасти бонувон оро диҳанд.

Иди Қурбон, ё Ид ал-Адҳа аз бузургтарин ҷашнҳои мусалмонҳост, ки дар поёни маросими Ҳаҷ ва зиёрати Макка баргузор мешавад. Ин ҷашн дар баробари иди Рамазон яке аз ду иди асосӣ барои мусалмонон маҳсуб мешавад. Ҳарчанд ин ду ид дар Тоҷикистон расман рӯзи истироҳат эълон шудаанд, аммо дар соли гузашта дар рӯзи иди Қурбон баъзе кормандон, ба хусус муассисаҳои таълимӣ ба кор даъват шуда буданд.

Аммо иқдоми ахири Кумитаи дин барои ҷилавгирӣ аз дастурхонҳои пурхаҷро бархе коршиносон нақзи озодиҳои шаҳрвандон медонанд ва мегӯянд, аз роҳи камранг кардани дастурхон ва таҷлили ид мақомот мехоҳанд майли мардум ба риояи меъёрҳои диниро ҳам коҳиш диҳанд. Ҳадафи ниҳоии ин амр, ба қавли коршиносон, ҷилавгирӣ аз мазҳабишавии бештари ҷомеа аст, чизе, ки ба қавли онҳо боиси ифротишавии зеҳнҳо мешавад.

Вале мақомот бо интиқоди дахолат ба ҳаёти хусусии мардумро розӣ нестанд. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ва танзими анъана гуфт, ҳадаф аз гузарондании рейдҳо, дахолат ба зиндагии хусусии шаҳрвандон нест, балки, ба қавли ӯ, қонун ҷонибдори як навъ баробарии иҷтимоӣ дар ҷомеа аст ва он комилан ба манфиати мардум аст.

"Дастархондорӣ аз куҷо маншаъ мегирад?"

Ҷомеашиносон мегӯянд, дастархонороӣ аз русумҳои қадими мардуми тоҷик аст, аммо танҳо дар солҳои ахир он ба мусобиқа табдил ёфт.

Ҷонибек Асрориён, фарҳангшиноси тоҷик
Ҷонибек Асрориён, фарҳангшиноси тоҷик

Ҷонибек Асрориён, фарҳангшиноси тоҷик мегӯяд, оростани дастархон аз қадим дар суннати мардуми тоҷик роиҷ буд, аммо ин таассубе, ки дар ин кор феълан пайдо шудааст, аслан ба он оини пештара монандие надорад.

Ба қавли ҷомеашиноси тоҷик, "нишонаи дастархонороӣ якум эҳтиром ба гузаштагон аст. Дуюм дастархон оростан аз файзу баракати диёри мо гувоҳӣ медод. Вале ин таассуби имрӯзе, ки дорем албатта ба суннатҳои қадимии мо ягон айният надорад. Чаро, ки дар гузашта ҳар кас мувофиқи қудраташ дастархон меорост."

Назорати дастархони идона иқдоми аввалини мақомот дар роҳи танзими маросимҳои халқӣ нест. Даҳ соли пеш дар кишвар қонуни баҳсбарангези танзим қабул шуд, ки тарзи гузарондани тӯю маърака ва дигар маросимҳои мардумиро муайян мекард. Ахиран мақомот гуфтанд, ин қонун беш аз 10 миллиард сомонии аҳолиро сарфа кардааст.

Шарҳҳоро бинед (80)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG