Пайвандҳои дастрасӣ

Иттифоқҳои касаба дар бораи Иди Қурбон: "Тасмими вазорат дуруст аст".ВИДЕО


Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон қарори Вазорати маориф ва илм дар бораи рӯзи дарсӣ эълон кардани 1-уми сентябрро дуруст мешуморад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 1-уми сентябр дар Тоҷикистон иди Қурбон таҷлил мешавад ва ин ид тибқи қонунгузорӣ, ҳамчун рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Исмоил Файзизода, муовини раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон рӯзи 28-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмими Вазорати маориф дар доираи салоҳияти ин ниҳод гирифта шудааст ва ба қонунгузорӣ мухолифат надорад.

Имом-хатибони масоҷид дар мавъизаҳои пеш аз намози ҷумъаи гузашта аз сокинон хостанд, ки фарзандони худро рӯзи 1-уми сентябр ба дарс фиристанд.

Ба қавли ҷаноби Файзизода, "инҷо ҳолате аст, ки Вазорати маориф тибқи салоҳияти худ Рӯзи Донишро қайд мекунад ва рӯзи иловагии дуюми сентябрро барои тамоми муасиссаҳои таҳсилотӣ, рӯзи иловагии истироҳат, пешниҳод кардааст. Дар доираи ваколатҳои худашон баррасӣ кардаанд, вале дар дигар корхонаю муассисаҳо рӯзи ғайрикорӣ эълон шудааст."

Федератсияи Иттифоқҳои касаба ҳамчун ниҳоди ҳимоякунандаи ҳуқуқи коргарон дар ҳоле тасмими Вазорати маориф ва илм дар бораи рӯзи корӣ эълон кардани 1-уми сентябрро дуруст мешуморад, ки баҳсҳо атрофи ин масъала аз чанд рӯз ба ин тараф дар ҷомеа идома дорад.

Шуморе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин тасмими вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро нақзи ҳуқуқи конститутсионии худ донистанд. Тибқи банди савуми Қонуни асосии Тоҷикистон, ки дар бораи рӯзҳои ид дар ин кишвар аст, "Иди Қурбон ҳамасола дар рӯзе, ки аз сӯи мақомоти масъули умури дин муқаррар карда мешавад, таътили расмӣ мебошад."

Рӯзи ҷумъаи 25-уми август Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 1-уми сентябрро, ки ба рӯзи Иди Қурбон рост омадааст, бар асоси қарори мушовараи ин вазоратхона, рӯзи дарсӣ эълон кард. Эҳсони Хушвақт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 28-уми август, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хонандагон ва донишҷӯён рӯзи 1-уми сентябр ба дарс мераванд ва ба ҷойи рӯзи Иди Қурбон, ки рӯзи истироҳат эълон шудааст, рӯзи 2-юми сентябр таътил мекунанд.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

"Дар қонунгузорӣ ба таври дақиқ гуфта шудааст, ки Рӯзи Дониш якуми сентябр таҷлил шавад. Аммо Иди Қурбонро, ки қонунгузорӣ гуфтааст рӯзи истироҳат аст, онро мақомоти ваколатдор муайян мекунад. Рӯзи Иди Қурбон ба мисли Рӯзи Дониш муайян нашудааст. Мо Рӯзи Донишро 2 ва 3-юми сентябр ҷашн гирифта наметавонистем. Бинобар ҳамин Рӯзи Дониш 1-уми сентябр таҷлил мешавад",-афзуд Эҳсони Хушвақт.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, 1-уми сентябри соли 2017 дар тамоми муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ва тобеият, дарсҳо тибқи ҷадвали дарсӣ ба роҳ монда шуда, 2-юми сентябр рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст. Ӯ афзуд, раисон ва мудирони мактабҳои миёна ва олии касбӣ ва сардорони раёсатҳои маориф вазифадор шудаанд, ки рафти иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.

"Тасмими ғайриконститутсионӣ аст"

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик қарори Вазорати маориф ва илмро як тасмими ғайриконститутсионӣ ном бурд ва гуфт, ин вазорат аз рӯи мақомаш ҳақ надорад, қонунҳои қабулкардаи Тоҷикистонро, ки дар сарқонун зикр шуда ва президент имзо кардааст, бекор кунад. Ҳамин тавр ба таъкиди Қодиров, "ин қарори вазорати маориф ва илм наметавонад, аз қонуни конститутсионӣ боло бошад."

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик.
Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик.

Ин коршиноси тоҷик ҳамчунин афзуд, "то имрӯз қарор оид ба иваз шудани рӯзи истироҳат ва ё баръакси он аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон қабул шуда, он ҳукми қонун мегирифт. Ҳоло, ки ин қарорро на ҳукумати кишвар, балки вазорати маориф ва илм гирифтааст, пас ба дарс ҳозир нашудани як хонанда ё донишҷӯ дар рӯзи 1-уми сентябр ғайриқонунӣ нест ва онҳо қонунҳои Тоҷикистонро низ ба хотири ба дарс нарафтан вайрон намекунанд."

Вакили порлумон: "Вазорат қонунро нақз накардааст"

Нурулло Оқилзода, муовини раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вазорати маориф бо ин қарори худ ягон қонунро нақз накардааст.

Ба гуфтаи ин вакили парлумон, рӯзи 1-сентябр дар асоси қонун “Дар бораи рӯзи ид”, ҳамчун рӯзи ид дониста шудааст. Ба гуфтаи ӯ, "ҳамчунин мутобиқи моддаи 2-и ҳамин қонун, рӯзи Иди Қурбон ҳам рӯзи ид дониста шудааст. Фарқ ин аст, ки Иди Қурбон рӯзи ғайрикорӣ ва Рӯзи Дониш корӣ аст”. Ба гуфаи Оқилзода, вазорати маориф барои нақз накардани ҳуқуқи хонандагону омӯзгорон, ба ҷойи рӯзи Иди Қурбон, ки рӯзи истироҳат аст, рӯзи 2-юми сентябр таътил эълон кардааст.

Вазорат, Шӯрои уламо ё ҳарду?

Аммо ба бовари Бахтовари Холмурод, ҳуқуқушиноси тоҷик, ду ниҳод -- Вазорати маориф ва илм ва Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки ҳарду ҳам ҳуқуқ ва салоҳияти содир кардани фармонро доранд, бидуни мувофиқаи ҳамдигар тасмим гирифтаанд. Ба назари ин ҳуқуқшинос, "чун Рӯзи Дониш муайян шудааст, бигузор Шӯрои уламои кишвар рӯзи Иди Қурбонро ба рӯзи дигар мегузошт ва дар он ҳолат қарори Вазорати маориф бо моддаи 89-уми Кодекси меҳнати Тоҷикистон мухолифат намекард".

Ин ҳуқуқшинос қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро ба қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" мухолиф номид ва гуфт, ҳамчунин ин қарор хилофи моддаи 14 ва 37-уми Сарқонун, моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», моддаи 89-уми Кодекси меҳнати Тоҷикистон мебошад.

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, рӯзи Қурбон дар кишвар истироҳат эълон шудааст. Қабл аз ин изҳороти Вазорати маориф ва илм, имом-хатибони масоҷид дар мавъизаи пеш аз намози ҷумъа аз сокинон хостанд, ки фарзандони худро рӯзи 1-уми сентябр ба дарс фиристанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG