Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии Тоҷикистон: "Садақаи Шумо ба соҳибонаш расид". ВИДЕО


Масъулони Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтанд, ки садақаи ҷамъоваришуда аз мардум ба афроди камбизоату ниёзманд дастрас шудааст.

Ба унвони як фард худ медонам, ки ба чӣ касе кумак кунам. Ман ҳатто имом-хатиби масҷиди маҳаллаи худро намешиносам. Чаро ман бояд ба вай бовар дошта бошам?

Дар остонаи иди Фитр аз шаҳрвандони Тоҷикистон талаб шуд, ки садақаи худро ба раисони маҳалла ё имомони масҷидҳо супоранд. Мақомот гуфта буданд, кумисюни махсус дар маҳалҳо садақаи фитрро ба дасти афроди камбизоат хоҳад расонд.

Ин тасмим бо вокунишҳои мухталиф дар ҷомеа рӯ ба рӯ шуд. Баъзе аз сокинон чунин талабро дахолат ба зиндагии шахсӣ унвон карда ва гуфтанд, ҳаққи онҳост, ки садақаро ба кӣ диҳанд ва ба кӣ надиҳанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Намози иди Фитр дар Тоҷикистон баргузор шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон, рӯзи 15-уми июн дар намози Иди Рамазон дар масҷиди марказии Душанбе гуфт, шахсан онҳо аз ҳисоби пулҳои ҷамъшуда ба 48 оилаи камбизоат ёрӣ кардаанд. Аммо ӯ нагуфт, дар маҷмуъ чӣ қадар пули садақа ҷамъ шуд ва ба ниёзмандон чанд сомонӣ кумак карданд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода
Саидмукаррам Абдулқодирзода

Ӯ танҳо гуфт, “аз ҳакиме пурсиданд, ки мехоҳед кишвари Шумо ободу пешрафта бошад? Пас, ба ятимону ниёзмандон бештар садақа бидиҳед. Вале агар хайру раҳму шафқат накардед, пас, тамоми баракаи зиндагӣ аз ин кишвар дур мешавад. Тамоми пешрафтҳои Тоҷикистон ва оромиву рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар пайи ғамхорӣ ва шафқат ба ятимону ниёзмандон ба даст омадааст”.

Дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки бархе русуми динӣ аз ҷониби мақомот танзим мешавад. Аз ҷумла, то имрӯз намозгузорӣ, маъракаҳои азо, ҷаноза ва ғайра аз сӯи идораҳои давлатӣ назорат мешавад.

Дар Тоҷикистон дин аз давлат ҷудо дониста мешавад, вале ҳукумат назорат бар фаъолиятҳои диниро бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ шадид кардааст.

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ, рӯзи 15-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ супориши мақомотро барои ҷамъоварии садақа “иштибоҳи бузург” номид. Зеро, ба гуфтаи ӯ, расонидани кумакҳои иқтимоӣ аслан вазифаи худи мақомот мебошад.

“Бароям рӯшан нест, ки чаро мақомот чунин тасмим гирифтааст. Дар ҷаҳон, баръакс, ҳукумат худ ба тақсими садақа ба ниёзмандон машғул аст. Аммо дар Тоҷикистон гуфтанд, ки садақаро ба раисони маҳаллаву имом-хатибҳо супоред. Ин як иштибоҳи бузург аст. Ба унвони як фард худ медонам, ки ба чӣ касе кумак кунам. Ман ҳатто имом-хатиби масҷиди маҳаллаи худро намешиносам. Чаро ман бояд ба вай бовар дошта бошам?” – гуфт ӯ.

Фитри рӯза ё садақаи фитр маблағе аст, ки рӯзадорони миёнҳол ва доро тибқи фармудаи дини Ислом муваззафанд дар поёни моҳи Рамазон онро барои афроди нодори ҷомеа пардохт кунанд. Арзиши фитри рӯза барои қишри миёнҳол ба қимати гандум ва барои ашхоси доро бо қимати мавиз ҳисоб карда мешавад.

Ҳамасола миқдори фитри рӯзаро Шӯрои уламо муқаррар мекунад ва соли равон ҳадди ақали он барои як нафар 5 сомонӣ таъйин шудааст.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG