Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон омӯзгор будан намехоҳанд


Наздик ба 10 дарсади омӯзгорони минтақаи Раштро афроди куҳансоле ташкил медиҳанд, ки кайҳо бознишаста шудаанд, аммо мақомоти маҳаллӣ, ба иллати камии омӯзгорони ҳирфаӣ, аз онҳо хостааст, то кори муаллимиро давом диҳанд.

Мушовири шӯъбаи омӯзишу парвариши ноҳияи Рашт Сафарбек Каримов мегӯяд, имрӯз дар ин водӣ ҳудудан 1000 омӯзгор намерасад. Аз ҳамин сабаб муаллимони солхӯрда пешниҳоди идомаи корро пазируфтанд. Ҳадди миёнаи нафақаи ин ашхос дар ивази собиқаи 35-40 соли кор ҳамагӣ 80-85 сомонӣ мебошад. Яке аз онҳо Илҳом Асадови 70-сола, ки падари даҳ фарзанд аст, мегӯяд, 37 сол боз мактаб хонаи дувуми ӯст ва муҳаббат ба атфол ӯро нагузоштааст, ки ҳатто баъди ҷарроҳӣ маъюби дараҷаи 2 шуданаш низ аз мактаб биравад. Вале, афзуд вай, музди кор ва нафақаи бознишастагияш дар якҷоягӣ ҳам наметавонанд барояш як зиндагии одиро таъмин намоянд.

Ин муаллими куҳансол мегӯяд: "Агар нарху наво ингуна боло намерафт, шояд бо ин маош мешуд як зиндагии миёнаро пеш бурд, валебадеҳист, ки бо ин маоши ками ночиз мо кӯшиш мекунем, ки дар баробари муаллимӣ бо кори дигаре ҳам машғул шавем ва ин, албата, ба сифати умумии кори мо бетаъсир намемонад. Ман фикр мекунам, ки барои онки хубтару муассиртар дарс диҳем, лозим аст музди корамон баланд бардошта шавад".

Дар ҳоле ки бахшҳои маориф ва ҳукуматҳои маҳаллии навоҳии водии Рашт барнома доранд то соли 2010 ҳамаи мактабҳоро бо омӯзгорони соҳибихтисос таъмин кунанд, дар баъзе аз мактабҳо теъдоди муаллимони бознишаста то 20 дарсадро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG