Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи вазири маориф ба ректори Донишгоҳи давлатии Астрахан


Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон.
Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон.

Вазири маорифи Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз ректори Донишгоҳи давлатии Астрахан хоҳиш намудааст, ки ба 4 тан аз донишҷуёни тоҷик гузашт кунад ва имкон диҳад, то таҳсилашонро ба охир расонанд.

6 донишҷӯи тоҷик рӯзи 24-уми март дар майдони варзишии донишгоҳи Астрахан бо тақрибан 20 донишҷӯ аз Туркманистон дастбагиребон шудаанд. Мақомоти донишгоҳ алакай баъди 3 рӯз ҳукми ихроҷи 4 донишҷӯи туркман ва 4 тоҷикро содир карда, аз донишҷӯёни тоҷик талаб кардаанд, ки хобгоҳи донишгоҳро низ холӣ кунанд.

Маҳмуд Шоев, сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон рӯзи 2-юми апрел ба "Озодӣ" гуфт, ки мақомоти вазорати маориф аз мушкили пешомада ба донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Астрахан, аз тариқи расонаҳо огоҳӣ пайдо карданд.

Вай афзуд, ки Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз 4 нафар донишҷӯёни тоҷик бо навиштани як нома ба унвони ректори Донишгоҳи давлатии Астрахан зикр кардааст, ки ин донишҷӯён аз пеш омадани чунин вазъ пушаймон ҳастанд. Дар ин нома аз ҷумла омада, ки ин донишҷуён дар марҳилаи ахири таҳсил қарор доранд ва беҳтар мебуд дар нисбати онҳо гузашт сурат бигирад ва имкон дода шавад, то таҳсили худро ба итмом расонанд.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати маорифи Тоҷикистон, номаи мазкур ба таври расмӣ рӯзи 1-уми апрел ба Донишгоҳи давлатии Астрахан фиристода шуд, аммо то кунун аз ҷониби ин Донишгоҳ ба онҳо посухе нарасидааст.

Ин донишҷӯён бо ирсоли номаҳои алоҳида аз вазири маорифи Тоҷикистон ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав кӯмак хоста буданд. Аз ин 4 нафар якеаш бо квотаи президентӣ ва дуи дигар бо бурсҳои ҷудошуда аз будҷаи Тоҷикистон таҳсил доштанд ва танҳо таҳсили Умедхӯҷа Додохӯҷаев тибқи қарордод, яъне тиҷорӣ будааст.

Ду нафар аз ихроҷшудагон – Умедхӯҷа Додохӯҷаев ва Собир Некқадамов – донишҷӯи соли охир буданд ва аввали дар соли панҷуми риштаи физикиву техникӣ ва дувумӣ дар соли панҷуми риштаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва идорӣ таҳсил мекарданд. Ҳамин тавр, ду ҳамтақдири дигари онҳо - Шоҳрух Маҳмудов дар соли чоруми риштаи иқтисоди донишгоҳи Аштархон ва Аҳрор Нодиров дар соли дувуми риштаи таърих таҳсил мекарданд.
XS
SM
MD
LG