Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои ҳайратовари як сабқати мактабиёни Тоҷикистон


Як таҳқиқот собит кард, ки савияи дониши ҷавонони Суғд як дараҷа баландтар назар ба ҳамсолонашон аз манотиқи дигари Тоҷикистон будааст.

Дар ҳоле, ки имрӯз ҷараёни имтиҳонсупории довталабон ба донишгоҳҳо идома дорад, Вазорати маорифи Тоҷикистон савияи дониши ҷавонони минтақаҳои мухталифи кишварро мавриди арзёбӣ қарор додааст. Тибқи натиҷагирии ахири ин ниҳод феълан дар ин ҷода вилояти Суғд пешгом буда, дар ҷойи дуввум шаҳри Душанбе, дар ҷойи сеюм Бадахшони Кӯҳӣ ва чоруму панҷум Хатлону навоҳии тобеи марказ қарор доранд.

Абдусамад Муллоев, сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маорифи Тоҷикистон иброз дошт, ки ин хулосаҳо аз руйи иштироки толибилмон дар олимпиадаҳои фаннӣ, низоми мактабдорӣ, фарогирии толибилмон ба таҳсил ва ғайра ба даст омадааст.

Ӯ афзуд, «Масалан, дар шаҳри Исфара мактаби Азизов гуфтанӣ ҳаст, толибилмони он дар тамоми донишгоҳҳои Тоҷикистон ва берун аз он дохил мешаванд. Дониши хуб доранд. Мактабдорӣ ҳаст дар онҷо. Ё ин ки мактаби президентии шаҳри Чкаловск, ки он аз ҷиҳати коргузорӣ ва ҳам низом бамаротиб аз литсейи президентии шаҳри Душанбе беҳтар шуда истодааст».

Ба таъкиди ҷаноби Муллоев, шаҳри Душанбе бо вуҷуди он ки маркази Тоҷикистон аст ва маъмулан дар пойтахт мағзҳо ҷамъ меоянд, аммо бинобар ҷой доштани мушкилоти зиёд, назири фасод дар муассисаҳои таълимӣ дар сабқати донишандӯзӣ як зина қафо мондааст.


Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи паҳӯҳишҳои коршиносони маҳаллӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ анҷом дода шудааст, вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар чанд соли пеш аз ҷиҳати саводнокии аҳолӣ, ки инҷо ҳам сатҳи саводи калонсолон ва ҳам сатҳи фарогирии мардум бо таҳсил дар назар гирифта шудааст, бо касби 92, 2% мақоми аввалро ишғол намудааст.

Баъдан дар ин қатор шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ пайи ҳам ҷо гирифтаанд. Мӯъним Ҳасанов, иқтисоддон ва ҳам узви гурӯҳи пажӯҳишии мазкур гуфт, ки ноҳияҳои тобеи марказ аз ҳисоби он ки дар водии Рашт духтарҳо умдатан баъди синфи 9 таҳсилро давом намедиҳанд, мақоми охиринро ишғол намуд. Ва аммо сабаби дар ин пажӯҳиш ҷойи аввалро ишғол намудани вилояти Бадахшон ба ақидаи ин таҳлилгар, асосан минтақаи ҷойгиршавӣ ва шароити зисти он мебошад.

Мӯнъим Ҳасанов дар робита ба ин афзуд, «аз ҳама қисми зиёди аҳолие, ки таҳсилоти олии касбӣ дорад, дар вилояти Бадахшон зиёд. Агар онҳо нахонанд, таҳсил накунанд, оянда зиндагӣ карданашон хеле ва хеле душвор мешавад. Барои он ки дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон саноати тараққикарда нест, инфросохторҳои истеҳсолӣ рушд накардаанд».

Дар ҳамин ҳол, коршинос Файзалӣ Холов мегӯяд, имрӯз майли ҷавонон ба саводандӯзӣ нисбат ба даврони шӯравӣ хеле бештар гардидааст. Ба гуфтаи ӯ агар дар даврони советӣ аз як деҳа ҳамагӣ 3-4 нафар ҷавон ба макотиби олӣ дохил мешуданд, имрӯз бошад, аз деҳае, ки ҳазор нафар аҳолӣ дорад, ба ҳисоби миёна 70-80 нафар ба донишгоҳҳо барои идомаи таҳсил талош мекунанд. Бар замми ин ҷаноби Холов афзуд, шумораи ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд низ сол то сол меафзояд.

Ӯ мегӯяд, «ҳеҷ тасаввур карда намешавад, ки масалан аз деҳаи мо дар Индонезия рафта таҳсил мекунанд. Ин албатта, як пешрафт, тараққиёт ҳамин чизҳоро низ нишон медиҳад. Аммо дар баробари ин бояд ба сатҳу сифати донишандӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ низ аҳамияти ҷиддӣ дод».

Дар ҳамин ҳол ба иттилои Абдусамад Муллоев, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва умумии вазорати маориф, дар чанд соли ахир ҳукумат ба манзури беҳтар кардани сатҳи дониш дар манотиқи мухталифи кишвар иқдомеро рӯи даст гирфтааст. Агар ба таъкиди Муллоев камбуди омӯзгорон яке аз мушкилот дар ростои донишандӯзӣ дар кишвар арзёбӣ шавад, имсол ҳафт ҳазор аз хатмкунандагони донишгоҳҳои омӯзгорӣ ба манотиқ сафарбар шудаанд, ки имкон хоҳад дод, сатҳи дониш дар тамоми ҷумҳурӣ рӯ ба беҳбӯдӣ орад. Аз сӯи дигар тавзеи китобҳои дарсӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст, ки дар сурати рафъи ин мушкилот соҳаи маориф ба тадриҷ рушд хоҳад ёфт ва донишандӯзии хонандагон беҳтар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG