Созмони “Haalvsh”, ки мавридҳои поймоли ҳуқуқи мардуми балуҷро пайгирӣ мекунад, гуфт, дар зиндони шаҳри Язд се балуҷиву ду марди афғонро дор кашиданд.
Онҳо ба куштор ва қочоқи маводи мухаддир маҳкум шуда буданд.
Созмони ҳимоят аз ҳуқуқи инсони Эрон, қароргоҳаш дар шаҳри Осло, гузориш дод, ки дар шаҳри ҷанубии Шероз се мардро бо ҳамин гуноҳҳо ба қатл расонданд.
Ба иттилои ин созмон, имсол дар зиндонҳои Эрон 376 нафар эъдом карда шудаанд.