Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Суғд сармуҳаррири "Ҳуқуқ" маҳкум ба зиндон шуд


Додгоҳе дар вилояти Суғд сармуҳаррири нашрияи маҳаллии “Ҳуқуқ” ва падари ӯро ба муҳлатҳои тӯлонӣ ба ҳабс маҳкум карда, вале иҷрои ҷазои падарро бинобар солхӯрдагии ӯ мавқуф гузошт. Мавқеи худи маҳкумшудаҳо ба ин қазия маълум нест.

Иттиҳоме, ки додгоҳ алайҳи падару писар пеш гузошт, муомилаҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла “қаллобӣ” ва “тамаъҷӯӣ” буд ва ба қавли созмонҳои журналистии маҳаллӣ, ба фаъолияти рӯзноманигорӣ рабте надорад.

Ҳукми додгоҳ: писар ба зиндон, падар дар озодии шартӣ

Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов Ойбек Алиев, сармуҳаррири нашрияи

Бори дуюм дар солҳои охир дар вилояти Суғд афроде, ки ба фаъолияти рӯзноманигорӣ машғуланд, бо ҷурмҳои “қаллобӣ” ва “тамаъҷӯӣ” дастгир ва бо қарори додгоҳ паси панҷараи зиндон фиристода мешаванд. Соли 2013 мақомот Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори 57 соларо тибқи ҳамин бандҳо ба 11 сол зиндонӣ карданд.

хусусии “Ҳуқуқ” ва падари 70-солаи ӯ – Турсуналӣ Алиевро дар содир кардани ҷиноятҳои марбут ба “қаллобӣ” ва “тамаъҷӯӣ” муҷрим дониста, мутаносибан ба 8 солу 10 моҳ ва 6 соли ҳабс маҳкум кард. Вале бинобар нафақагир будани Турсуналӣ Алиев додгоҳ дар нисбати ӯ 2 сол муҳлати санҷишӣ таъин кард. Аз додгоҳи ноҳияи Расулов гуфтанд, ки қарори додгоҳ рӯзи ҷумъаи 1 декабр эълон шуд.

Таҳқиқи додгоҳ собит кардааст, ки падару писар бо роҳҳои “қаллобӣ” ва “тамаъҷӯӣ” молу мулк ва маблағҳои даҳҳо сокинро аз худ кардаанд. Масъулони додгоҳ мегӯянд, ҷинояти падару писар Алиевҳо бо "далелҳои қотеъ" ва бар пояи шаҳодати шоҳидон исбот шуд.

Ҳодисаи боздошти муассис ва сармуҳаррири нашрияи маҳаллии “Ҳуқуқ” – Ойбек Алиеви 43-сола ҳамроҳи падари кӯҳансолаш - Турсуналӣ Алиев дар маҳофили рӯзноманигории Тоҷикистон боиси гуфтугузорҳо гардида, вале ба гуфтаи созмонҳои рӯзноманигорӣ азбаскӣ “боздошти онҳо ба фаъолияти касбии рӯзноманигориашон дахл надорад”, онҳо аз бозтоби васеи ин мавзуъ ва ҳимояти ҳамкасби худ худдорӣ кардаанд.

Бародар ҳам шикоят кард

Зимнан, ин зовия низ ба тасмими рӯзноманигорон ва созмонҳои журналистӣ таъсир гузошт, ки падару писар Ойбек ва Турсуналӣ Алиевҳо соли 2014 бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Ғончӣ бо ҷурмҳои “қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр”, “худсарӣ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” гунаҳкор дониста, вале бо татбиқи “Қонуни афв”-и соли 2011 танҳо бо таъини ҷарима парвандаи онҳоро қатъ кардааст.

Алайҳи Алиевҳо моли апрели соли равон дар пайи шикояти сокинони фиребхӯрда ба мақомоти амниятӣ парванда боз гардида, тафтиши онро мақомоти додситонӣ анҷом додааст. Яке аз ҷабрдидагони асосӣ дар ин қазия Ҳусейн Алиев, бародар ва амаки падару писар – Алиевҳо аст.

Ҳусейн Алиев рӯзи душанбеи 4-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ва чанд ҷабрдидаи дигар аз ҳукми додгоҳ нисбат ба Алиевҳо розӣ нестанд, чунки аз нигоҳи онҳо, ҷазои таъинкардаи додгоҳ нисабат ба аъмоли ҷиноии Алиевҳо кам аст. Ӯ афзуд: “Аллакай ҳамин субҳ Гулнора Каримова, Раҳмон Эгамбердиев ва чанд ҷабрдидаи дигар шикояти кассатсионии худро ба додгоҳ супурдаанд. Онҳо нусхаи шикоятномаро ба ман нишон доданд. Мо бозбинии парвандаро талаб дорем.”

Ҳусейн Алиев мегӯяд, бародар ва бародарзодааш як утоқи компютерии ӯ, ҳавливу манзили меросии волидайнашонро, ки дар дафтари хоҷагӣ ба номи ӯ сабт буд ва андозҳои онро месупурд, бо роҳи таҳияи асноди сохта ба номи худ гузаронидаанд. “Комиссияи нархгузорӣ танҳо арзиши утоқи компутерии маро, ки дар паҳлуи ҳаммоми онҳо ҷойгир буду вайронаш карданд, 40 ҳазор сомонӣ муайян намуд. Вале онҳо ин маблағро ба ман пардохт накарданд ва хонаи меросиро барнагардониданд”, – афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ин мусоҳиби Радиои Озодӣ, азбаски падару писар худро ба мардуми маҳал ба ҳайси соҳиби нашрияи ”Ҳуқуқ” шиносонида буданд, мардуми корафтодаву дучори мушкил барои ҳалли мушкилиҳо ва арзу додҳои худ ба онҳо муроҷиат мекарданд ва бо ваъдаи мусоидат ба ҳалли мушкилоти онҳо маблағҳои онҳоро аз худ мекарданд.

Аммо талоши мо барои сӯҳбат бо худи Алиевҳо ва ё вакили дифои онҳо бидуни натиҷа анҷомид. Маълум нест, ки то куҷо худи онҳо бо ҳукми додгоҳ розӣ ҳастанд ва худро гунаҳгор эътироф мекунанд.

Ваъдаи халос кардани шахс аз зиндон

Бинобар таҳқиқи додситонӣ, падару писар Алиевҳо тирамоҳи соли 2011 аз Гулнора Каримова ном сокини ноҳия Ҷаббор Расулов бо ваъдаи дурӯғи аз ҷазо озод кардани шавҳари ӯ - Ҳамроқул Каримов, ки парвандаи нисбат ба ӯ бо иттиҳоми “азобу азият додан” дар додгоҳ бозбинӣ мегардад, аввал 6 ҳазор, сипас 18 ҳазор ҳазор сомонии дигарро азхуд кардаанд. Вале шавҳари хонум Каримова озод нагардида, бо қарори додгоҳ ҷазои 4 сол ҳабс гирифтааст. Сипас ӯ моҳи ноябри соли 2011 тибқи “Қонуни афв” озод шудааст. Вале падару писар Алиевҳо маблағи хонум Каримоваро барнагардонидаанд.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи манобеи наздик ба тафтиши парвандаи Алиевҳо, онҳо маблағу моликияти беш аз 30 сокини ноҳияи Расуловро бо роҳҳои “қаллобӣ” -ву “тамаъҷӯӣ” аз худ карда, ба онҳо аз 1 ҳазор то даҳҳо ҳазор сомонӣ зарар молӣ расонидаанд.

Ҳодисаи навбатии маҳкумшавии журналист барои тамаъҷӯӣ

Нашрияи "Ҳуқуқ" -ро Алиевҳо соли 2012 ба ҳайси "нашрияи ҷумҳуриявӣ" таъсис додаанд. Ин нашрия бо теъдоди ночизе ба нашр мерасид ва танҳо дар доираҳои наздик ба он дар ноҳияи Расулов шинохта шуда, дар саросари Суғд хонанда ва маъруфияте надошт. Дар он умдатан хабару мақолаҳоеро аз Тоҷикистон ва хориҷ аз он аз нашрияҳои дигари кишвар ва хориҷӣ бозчоп мекардаанд.

Ин барои бори дуюм дар солҳои охир дар вилояти Суғд афроде, ки ба фаъолияти рӯзноманигорӣ машғуланд, бо ҷурмҳои “қаллобӣ” ва “тамаъҷӯӣ” дастгир ва бо қарори додгоҳ паси панҷараи зиндон фиристода мешаванд. Соли 2013 мақомот Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори 57 соларо тибқи ҳамин бандҳо ба 11 сол зиндонӣ карданд. Вале Исмоилов баръакси Ойбек Алиев, ки бо қарори додгоҳ ба аз худ кардани ҳазорҳо сомонӣ маблағову молу мулки сокинон гунаҳкор дониста шуд ва аз аъмоли ӯ чандин нафар сокинони оддӣ ба мақомот шикоят бурдаанд, барои гӯё бо роҳи “тамаъ” гирифтани 100 доллар маблағ аз як зан аз ҷониби мақомот дастгир гардиду инак, беш аз 4 солро дар ҳабс сипарӣ мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG