Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Экономист”: Русия намехоҳад, Душанбе ва Бишкекро раҳо кунад


Маҷаллаи бонуфузи “Экономист” мегӯяд, Русия муҳоҷирони тоҷикро ба ҳайси абзори фишор ба Тоҷикистон ва Қирғизистон истифода мекунад.

Дар сармақолаи худ, “Экономист” менависад, муҳоҷирон барои вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ва Қирғизистон аҳамияти ҳалкунанда доранд ва бо дарки ин ҳақиқат Маскав аз онҳо истифода мекунад, то ин ду кишвари Осиёи Марказиро пойбанди худ нигоҳ дорад. Наздиктарин ҳадафи Русия ин аст, ки ҳарду кишвар ба Иттиҳоди гумрукии таҳи сарварии Маскав шомил шаванд.

Дар ҳоли ҳозир ин иттиҳод аз Русия, Беларус ва Қазоқистон иборат аст ва ахиран Арманистон низ гуфтааст, ки мехоҳад узви эътилоф шавад. Ба ақидаи Путин ин созмон шабеҳи Иттиҳоди Авупо буда, барои таъсиси як эътилофи бузургтар дар оянда заминагузорӣ мекунад.

Аммо таҳлилгари қазоқ Наргис Касенова аз Донишгоҳи КИМЕР ба “Экономист” гуфтааст, иқтисоди Қазоқистон аз узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди гумрукӣ осеб дида, чунин таҷриба кишварҳои дигарро дар масъалаи узвият дар иттиҳод эҳтиёткор кардааст. Ба ақидаи Касенова, аз узвияти Қазоқистон дар Иттиҳоди гумрукӣ асосан ширкатҳои Русия манфиат мебинанд ва ширкатҳои қазоқ варшикаста мешаванд. Илова ба ин вазъи умумии иқтисодиёти Русия ба иқтисоди Қазоқистон таъсири амиқ дорад ва моени рушди он мешавад.

Раҳбарони Қирғизистон гуфтаанд, илоҷе ҷуз узвият дар Иттиҳоди гумрукиро надоранд ва мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳарду кишвар аъзои Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратанд ва имтиёзҳои он истифода мекунанд. Дар ҳоли узвияти онҳо дар Иттиҳоди гумрукӣ сиёсати тиҷоратияшон бояд ба сиёсатҳои ин иттиҳод ҳамоҳанг карда шавад. Ин дар ҳолест, ки, барои намуна, зиёда аз 50 дарсади тиҷорати Қирғизистон бо Чин аст ва равобити тиҷоратии он бо Русия ҳамагӣ 17 дарсадро ташкил медиҳад.

Аммо, аз сӯйи дигар пуле, ки муҳоҷирон аз Русия ба ватанашон меифиристанд, иқтисоди ин кишварҳоро мечархонад. Аз ҷумла маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон ба Тоҷикистон дар соли гузашта 47 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил додаанд.

Ба навиштаи маҷаллаи “Экономист”, барномаи Русия барои зери нуфузи худ нигоҳ доштан Тоҷикистон ва Қирғизистон камаш бо ду мушкил рӯбарӯст. Аввалан, ҳарду кишвар мудирияти хеле бад дошта, ҳифзи марзи онҳо душвор аст ва қочоқ дар ин кишварҳо густариши зиёд дорад. Мушкили дуюми Русия бегоанситезии шаҳрвандони он аст, ки акнун пас аз нерӯҳои интизомӣ ба шикори муҳоҷирон пардохтаанд. Фёдор Лукянов, коршиноси умури байнулмилалӣ ба маҷаллаи “Экономист” гуфтааст, сарозер шудани миллионҳо муҳоҷири мусулмон ба ин кишвар аҳолии бумии Русияро шадидан нигарон карда ва муносибати онҳо ба барномаҳои иттиҳодсозии Путин сард шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳарчанд Тоҷикистон ва Қирғизистон аз бозгашти дастаҷамъонаи муҳоҷирон ва қатъи маҷрои пули онҳо аз Русия ҳарос доранд, худи Русия аз як сӯ бо амалиёти полисӣ ва шиори раводид ба онҳо таҳдид мекунад ва аз сӯйи дигар амалан ба нерӯи арзони ин муҳоҷирон ниёз дорад.

Маҷалла менависад, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз пойбандии сахти кишвараш ба пули муҳоҷирон шарм доошта, акнун ҳукумати ин кишвар тасмим гирифтааст, ҳаҷми ин маблағҳоро расонаӣ накунад. Ва ҷавони тоҷик дар назди бозоре дар Душанбе гуфтааст, муҳоҷиронро дар Русия кушанд ҳам, вай ба он ҷо сафар хоҳад кард, зеро, ба ақидаи ӯ, тоҷикон “бе Русия мемиранд”.
XS
SM
MD
LG