Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалли мушкилоти иқтисодии ИМА аз нигоҳи Обама ва Ромнӣ


Обама ва Ромнӣ ҳалли мушкилиҳои иқтисодии Амрикоро чӣ гуна мебинанд?

Дар тӯли корзори интихоботи президенти ИМА вазъи иқтисоди ин кишвар дар маркази таваҷҷӯҳи ҳар ду довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ қарор дошт, зеро то ҳанӯз кишвар паёмади бӯҳрони иқтисодии солҳои 2007-2009-умро пурра рафъ накардаву беш аз 23 миллион амрикоӣ ё бекоранд, ё қисман бо кор таъмин буда, орзуи дарёфти кори доимиро аз даст надодаанд ва ё ҳам корро гум кардаанду ҳам бовар надоранд, ки коре пайдо хоҳанд кард.

Президенти ИМА Барак Обама мегӯяд, дар ҳоли пирӯзӣ дар интихобот ӯ истеҳсолот дар Амрикоро таҳким дода, ба соҳикорони хурд имкони хуби рушд фароҳам меорад. Ҳамчунон Обама тасмим дорад, ки низоми маорифи Амрикоро беҳбуд бахшида, ниёз ба воридоти нафтро коҳиш медиҳад.

Обама пешбинӣ кардааст, ки ба ин восита то соли 2016-ум то 1 миллион ҷойи корӣ дар истеҳсолот ва то 600 ҳазор ҷойи корӣ дар есктори истихроҷи гази табиӣ эҷод мешавад. Бар илова Обама мақсад дорад, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот дар давраи дуюми раёсатҷумҳуриаш то 100 ҳазор муаллими математика ва улуми дақиқро ба кор даъват кунад.

Дар барномаи даври дуюми президентии Обама ҳамчунон таъмири роҳҳову пулҳои кӯҳна, тармиму ислоҳи фурудгоҳҳо, мактабҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ мадди назар аст, ки нисфи хароҷоти он аз ҳисоби хатми ҷанг дар Ироқу Афғонистон ба даст хоҳад омад.

Ромнӣ ваъда додааст, ки дар даври аввали раёсатҷумҳуриаш то 12 миллион ҷойи кор, яъне ҳар моҳ то 250 ҳазор ҷойи нави кор эҷод хоҳад кард. Иқтисодшиносон мегӯянд, шояд иқтисоди Амрико дар ҳар сурат чунин имконро касб кунад. Барномаи Ромнӣ ислоҳи низоми андозситонӣ, тавсеаи истиқлоли соҳаи энергетикаи Амрико, дастгирӣ аз тиҷорат ва коҳиши маҳдудияти бизнес, ба вижа коҳиши маҳдудияти тиҷорат бо Чинро дар назар дорад. Ромнӣ мегӯяд, Обама бар зидди тиҷорати нобаробар бо Чин ба таври қобили қабул қиём мухолифат накардааст.

Яке аз бахшҳои муҳими бӯҳрони иқтисодии ИМА бӯҳрони сохтмону фурӯши манзил аст. Вале на Обама ва на Ромнӣ ягон барномаи мушаххаси ҳалли онро пешниҳод накардаанд. Обама як барномаи коҳиши фоизи қарзаи мардуми хонахарро матраҳ намуд, аммо барнома тавре пешбинӣ мешуд ба сомон нарасид.
Ромнӣ дар яке аз паёмҳояш гуфта буд, ки бозори хариду фурӯши хона бояд бидуни дахолати ҳукумат роҳи худро пайдо кунад.

Ҳам демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳон ҷонибдори коҳиши дахолати ҳукумат дар ҳалли бӯҳрони бозори хариду фурӯши хона ҳастанд, вале номзадҳо дар ин бора ягон барномаи муфассал матраҳ накардаанд.

Дар масъалаи раёсати бонки марказии ИМА президент Обама гуфтааст, ки агар ӯ дар интихобот пирӯз шавад, ба собиқ профессори донишгоҳи Принстон Бен Бернанке пешниҳод хоҳад кард, ки даври сеюми раҳбарии Бонки марказии ИМА-ро бар дӯш гирад. Даври феълии раҳбарии Бернанке 31-уми январи соли 2014-ум ба поён мерасад.

Ромнӣ бошад, гуфтааст, ки ба Бернанке даври сеюми раҳбарии Бонки марказии ИМА-ро пешниҳод нахоҳад кард. Дар масъалаи коҳиши касри буҷет Обама пешниҳод кардааст, ки дар тӯли даҳ соли оянда хароҷоти давлатӣ беш аз 4 триллион доллар коҳиш ёбад. Обама қонуни коҳиши андози афроди сарватмандро, ки аз тарафи президенти пешин Ҷорҷ Буш имзо шудааст, тамдид нахоҳад кард.

Ромнӣ бошад, баръакс тасмим гирифтааст, дар сурати пирӯзӣ андози афроди алоҳидаро бо 20 дарсад поин барад. Ӯ ҳамчунон гуфтааст, ки дар сурати пирӯзиаш қонуни коҳиши андози афроди сарватмандро тамдид хоҳад кард. Нуктаи дигари барномаи коҳиши хароҷоти Ромнӣ ин аст, ки ӯ мехоҳад хароҷоти феълии давлати ИМА аз 20 дарсади маҷмӯи маҳсулоти милии кишвар бештар набошад. Ҳоло хароҷоти давлатии ИМА 24 дарсади маҷмӯи маҳсулоти милии ИМА-ро ташкил медиҳад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG