Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 медали паҳлавонони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи Тошканд

Мадина Қурбонзода дар вазни 52 кило медали биринҷӣ гирифт
Мадина Қурбонзода дар вазни 52 кило медали биринҷӣ гирифт

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷудои Осиё-2026 миёни наврасону навҷавонон (Tashkent Asian Cadet and Junior Cup 2026), ки аз 28-ум то 31-уми май дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, 12 медал (1 тило, 6 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар Ҷоми Осиё-2026 миёни наврасон ва навҷавонон ҳудуди 1200 варзишгар аз 12 кишвар ширкат карданд.

Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки бори 31-ум ба хотираи Учқун Муродов, паҳлавони номдори узбек, доир гардид, варзишгарон мувофиқи синну солашон дар ду гурӯҳ – наврасони то 18-сола ва навҷавонони то 21-сола – рақобат карданд.

Дар мусобиқа миёни наврасон (кадетҳо), ки рӯзҳои 28-29-уми май сурат гирифт, 692 варзишгар (482 писар ва 210 духтар), дар байни навҷавонон (30-31-уми май) 503 нафар (361 писар ва 142 духтар) иштирок намуданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 108 нафар (101 писар ва 7 духтар), ба ҳайати тими навҷавонони кишвар 107 нафар (101 писар ва 6 духтар) шомил буданд.

Ягона медали тилоро Александра Кан дар сабқати навҷавонон дар вазни 57 кило соҳиб шуд. Вай дар рақобати ниҳоӣ бар рақибаш аз Қирғизистон ғалаба кард.

Дар байни навҷавонон Исмоил Бурҳонов (100 кг) ва Ардашери Ҳамза (90 кг) бо медалҳои нуқра, Панҷшер Муъминов (90 кг), Мадина Қурбонзода (52 кг), Муҳаммадрофеи Ҳабибулло (66 кг) ва Ёсин Бобокалонов (66 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонила шуданд.

Дар сабқати наврасон Мухаммаданис Солеҳов (55 кг), Исомуддин Қосимов (60 кг), Райҳона Розиқзода (52 кг) бо медалҳои нуқра, Армон Сафаров (60 кг) ва Шамил Исмоилов (66 кг) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дастаи мунтахаби Узбекистон дар мусобиқаи наврасон бо касби 38 медал (13 тило, 9 нуқра ва 16 биринҷӣ) ва дар мусобиқаи навҷавонон бо касби 33 медал (9 тило, 9 нуқра ва 15 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро соҳиб шуд.

Дар байни наврасон мунтахаби Қазоқистон бо касби 2 нишони тило, 3 нуқра ва 10 биринҷӣ ҷойи дувумро гирифт. Ҷойи севумро дастаи Қирғизистон бо касби як медали тило ва як нишони биринҷӣ азони худ кард.

Дар мусобиқаи ҷавонон мунтахаби Қирғизистон (2 тило, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи дувумро соҳиб шуд. Ҷойи севум насиби дастаи Тоҷикистон (1 тило, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) гардид.

Варзишгарони тоҷик соли гузашта дар Ҷоми ҷудои Осиё миёни наврасону навҷавонон дар шаҳри Тошканд 6 медал (2 тило, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

XS
SM
MD
LG