Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи парвариши чорво дар гӯшаҳои нави Душанбе. Сагу гурба мумкин, гову гӯсфанд не. ВИДЕО


Дар Душанбе ба тафтиши ҳавлиҳо ва ёфтану берун кардани чорвои мардум оғоз кардаанд. Ин масъала дар маҳаллаҳои наве, ки тайи се соли ахир ба ҳудуди пойтахт ворид карда шудаанд ва сокинон асосан дар ҳавлиҳо зиндагӣ мекунанд, доғ аст.

Мардум мегӯянд, бо нигоҳ доштани чорво, аз ҷумла гову гӯсфанд ва мурғ як бахши зиндагии худро таъмин мекунанд. Мақомот пойфишорӣ доранд, ки бояд меъёрҳои шаҳрнишинӣ риоят шавад. Бар соси қонуне, ки соли 2009 қабул шудааст, барои парвариши чорво дар ҳудуди пойтахт то ҳазор сомонӣ, муодили беш аз сад доллар ҷарима таъйин кардаанд.

То чанд сол пеш дар маҳаллаи Хуҷамбиё, дар шимоли шаҳри Душанбе, то 70 дарсади сокинон чорво доштанд ва ин як манбаи даромади онҳо буд. Баъд аз манъи парвариши чорво дар ҳудуди пойтахт аксарият маҷбур шудаанд аз парвариши чорво дар ҳавлӣ даст кашанд.

Сироҷиддин Қодиров, раиси маҳаллаи Хуҷамбиё, рӯзи 12-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимол дар ҳавлии баъзе аз сокинон чорво нигоҳубин мешавад, аммо хеле кам аст. "Боз як бори дигар хонаҳоро тафтиш мекунем. Агар чорво ёфт шуд, берун мекунем", -- афзуд ӯ.

Бар асоси қонун, нигоҳ доштани паррандаҳо, ҳайвоноти ваҳшӣ ва хонагӣ, аз ҷумла гову гӯсфанд, хару асп, ба истинои гурбаву саг дар Душанбе мумкин нест. Сироҷиддин Қодиров мегӯяд, ҳадаф аз ин тасмим беҳтар кардани вазъи санитарӣ дар шаҳр аст.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Манъи парвариши чорво дар гӯшаҳои нави пойтахти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Аксари онҳое, ки дар пайи манъи чорвопарварӣ дар шаҳр моли худро фурӯхтанд, мегӯянд, бо гузашти чанд сол ба рӯзгори зоҳиран шаҳрии худ ва дастурхони бе ширу гӯшт ҳанӯз одат накардаанд. Сафаралӣ Аброров, сокини пойтахт гуфт, ба хотири ҷарима нашудан ва риояи қонун чанд соли пеш ду чорвои худро фурӯхт ва бо ин аз ширу гушти бепул маҳрум шуд.

"Дар ҳавлии мо аъзои ду оила бо шир таъмин буд. Баъзан ба ҳамсояҳо низ мефурӯхтем. Бе чорво мушкил аст. Нархи як литр шир то 4-5 сомонӣ аст. Аз ин нигоҳ мушкил шуд", -- афзуд ӯ.

Ба монанди Сафаралӣ Аброров, сокинони дигаре, ки дар ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд ё солҳои ахир маҳалли зисташон ба ҳудуди шаҳр ворид шудааст, ба хотири беҳтар кардани вазъи зиндагии худ чорво мепарваранд. Қосим Талбиев, сокини собиқи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳоло минтақаи зисти ӯ ба ҳудуди пойтахт ворид карда шудааст, мегӯяд, "хуб мебуд, барои нигоҳубини як чорво иҷоза медоданд. Мардум бо ширу гӯшт таъмин мешаванд. Бубинед, пештар дар хонаҳо чорво буд ва дар партовгоҳҳо боқимондаҳои хӯрок ва партов кам дида мешуд. Ҳоло, баръакс, ифлосӣ зиёд шудааст."

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе аз дастури мақомот барои берун кардани чорво аз ҳудуди пойтахт ҷонибдорӣ мекунанд. Онҳо ба ин назаранд, ки "шаҳр ҷойи чорвопарварӣ нест". Ҳикматулло Исматов, сокини ноҳияи Синои пойтахт гуфт: "Дар шаҳр аҳолӣ зиёд шудааст ва байни хонаҳо танг. Агар дар як ҳавлӣ чорво бошад, бӯйи он ҳатман то хонаи ҳамсояву кӯча меравад. Пеш инҷо ҳама колхоз буд ва нигоҳубини чорво ҳам муносиб буд, ҳоло мушкил шудааст."

Тибқи қонун "Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон" афроде, ки дар ҳавлӣ чорво парвариш мекунанд, аз 500 то 1000 сомонӣ ҷарима мешаванд. Дар чанд соли ахир ҳадди ақал чанд мавриди ҷарима шудани сокинони Душанбе барои парвариши гову гӯсфанд ва хару нигоҳ доштани мурғ дар хона расонаӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG