Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе. Таҷлили соли нав бо барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ


Арчаи солинавӣ дар маркази Душанбе, соли 2011.
Арчаи солинавӣ дар маркази Душанбе, соли 2011.

Ҳукумати шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст соли нави мелодии 2014-ро танҳо бо барномаҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ сазовор истиқбол намояд.

Шаҳрдори Душанбе рӯзи 9-уми декабр бо қароре гуфтааст, ки дар ҳудуди пойтахт аз 27-уми декабр то 1-уми январ чорабиниҳо бахшида ба истиқболи соли нави 2014 бо баргузории танҳо барномаҳои фарҳангию фароғатӣ таҷлил карда мешаванд.

Аз ҳукумати шаҳри Душанбе хабар доданд, ки чорабиниҳои умумишаҳрӣ рӯзи 27-уми декабр, соати 10:00 дар мактаб-интернати шумораи 1 бо иштироки хонандагони мактаб-интернатҳо, 28-уми декабр, соати 10:00 дар Маҷмааи давлатии "Кохи Ваҳдат" бо иштироки хонандагони пешсафи мактабҳои миёна, 30-юми декабр, соати 10:00 дар Сирки давлатии Тоҷикистон барои кӯдакону наврасон, 31-уми декабр аз соати 19:00 то 21:00 бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик дар майдони «Дӯстӣ» ва 1-уми январ бо иштироки дастаҳои ҳунарӣ сайругашти оммавии сокинон дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Москва» баргузор мегарданд.

Раиси шаҳри Душанбе барои хубтар таҷлил кардани соли нав ба масъулон супориш додааст, ки “то 28-уми декабри соли ҷорӣ ороиши майдонҳо, боғу гулгашт ва кӯчаву хиёбонҳоро ба анҷом расонанд”. Аммо барои барафрохтани арчаи соли навӣ, ки ҳамасола дар кӯчаҳои шаҳр насб карда мешавад чизе гуфта намешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки гуфта мешавад, иди имсола ба фарқ аз солҳои қаблӣ дар телевизионҳои давлатӣ бидуни Бобои Барфӣ ва Арчаи солинавӣ ҷараён мегирад, ки аз рукнҳои ҷашни соли наванд. Аллакай омодагиҳо барои таҳия ва сабти барномаҳои идонаи солинавӣ дар бархе аз телевизионҳои Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Дар шабакаи фароғатии телевизиони "Сафина" ин шабу рӯз декоратсия ё озини саҳнаи идона барои барномае таҳти унвони "Аспи сафед" ба поён расидааст.

Як масъули барномаҳои телевизиони “Сафина” мегӯяд, дар барномаи имсола овозхонони ҳирфаӣ танҳо бо таронаҳои нави худ ширкат карда метавонанд. Ин барнома низ бе Бобои Барфӣ ва арчаи солинавӣ ҷараён хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG