Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдорӣ аз ҳукумат хост, ки соати дарсӣ 9-и субҳ таъин шавад. САДО


Шаҳрдории Душанбе дар як номаи расмӣ аз Ҳукумат ва Вазорати маорифи Тоҷикистон хостааст, ки замони шурӯи дарс дар донишгоҳҳои пойтахтро аз соати 9 таъин кунанд. Соли гузашта соати дарсӣ ҳафтуним ва дар оғози моҳи сентябри имсол дар донишгоҳҳои воқеъ дар Душанбе ҳашти субҳ эълон шуд. Мақомоти шаҳрдории Душанбе гуфтанд, ки ба соати 8 гузарондани оғози дарс мушкили нақлиёт дар пойтахтро дубора печида кардааст.

Ҳозир ҳама дар як вақт, яъне соати ҳашт мебароянд ва ин сабаб шудааст, ки давоми як соат мушкили нақлиёти ҷамъиятӣ ба миён ояд.

Абдуҳалим Маҷидов, сухангӯи ширкати “Душанбенақлиётхадамотрасон”, рӯзи 8-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “соли гузашта Вазорати маориф ва илм оғози дарсро 7:30 муқаррар карда буд. То ин соат алакай донишҷӯён ба макони заруриашон расонда мешуданд ва баъдан коргарон мебаромаданд. Ҳозир ҳама дар як вақт, яъне соати ҳашт мебароянд ва ин сабаб шудааст, ки давоми як соат мушкили нақлиёти ҷамъиятӣ ба миён ояд.”

Сухангӯи “Душанбенақлиётхадамотрасон” мегӯяд, шаҳрдорӣ имкони афзоиши теъдоди нақлиёт дар пойтахтро дар ихтиёр дорад, вале ин кор ба танбашавии зиёд дар роҳҳо сабаб хоҳад шуд.

Ҳафтуним, ҳашт ё нӯҳ? Донишҷӯён кай ба дарс бираванд? (Садои Абдуҳалим Маҷидов)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00
Линки мустақим

Қаблан дар охири моҳи августи соли равон Вазорати маориф ва илм соати 7:30 оғоз шудани дарс дар мактабҳои воқеъ дар ҳудуди шаҳри Душанберо манъ ва оғози дарсҳоро ба соати 08:00 гузаронд. Як сол қабл бо пешниҳоди шаҳрдори собиқи Душанбе барои аз байн бурдани танбашавӣ дар роҳҳои пойтахт реҷаи оғози дарсҳо дар макотиби олӣ тағйир дода шуда буд.

Аммо Абдуҳалим Маҷидов, сухангӯи “Душанбенақлиётхадамотрасон” мегӯяд, норозигиҳо дар бораи ба дарс саривақт нарасидани донишҷӯён дар соати 07:30 имкон намедиҳад, ки дубора реҷаи оғози дарсҳо ба ин соат гузаронда шавад.

Дар шаҳрдории Душанбе бовар доранд, ки ба соати 09:00 гузарондани оғози дарси донишҷӯён мушкили камбуди нақлиёт дар пойтахтро ҳал мекунад. Масъулини шаҳрдорӣ дар айни замон кам шудани теъдоди нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанберо рад карда мегӯяд, дар муқоиса ба соли гузашта шумораи мошинҳо дар пойтахт ҳудуди даҳ дарсад афзудааст.

Тибқи маълумоти ахири шаҳрдори Душанбе, ҳоло дар пойтахт дар маҷмуъ беш аз севуним ҳазор нақлиёти мусофиркаш аз ҷумла 360 автобус, 105 троллейбус ва 3077 воситаи нақлиёти хусусӣ амал мекунанд.

XS
SM
MD
LG