Даря Тимофеева (Настояшее время)
Шаби 8-уми феврал дар чанд деҳаи ҷануби Қазоқистон, ки онҷо асосан дунгонҳо зиндагӣ мекарданд, занозанӣ ва хонасӯзӣ сар зад. 10 нафар кушта ва наздики 140 нафар захмӣ гашта, хонаву мошину фурӯшгоҳҳо сӯзонда шуд. Мақомот чандин парвандаи ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ боз карданд.
Чандин ҳазор нафар гуреза шуданд ва ҳоло дар Қирғизистон зиндагӣ мекунанду аз аҳволи хешу наздиконашон дар ташвишанд. Ҳукумати Қазоқистон онҳоро даъват мекунад, ки баргарданд. Ваъда медиҳанд, ки хонаҳои вайроншударо барқарор мекунанд, вале гурезаҳо ҳайронанд, баргарданд ё не. Метарсанд, ки пулис дурудароз онҳоро посбонӣ карда наметавонад.
Раҳима Урахунова нақл мекунад, ки рӯзи занозанӣ вай дар деҳаи Масанчи, дар хонаи хешаш меҳмон буд. Занозанӣ ва ҳамлаҳои асосӣ дар ҳамон ҷо рӯй дод. Бисёриҳо дар ҳамон ҷо кушта ва захмӣ шуданд.
"Ман мегӯям, ки дигар баргашта наметавонам, – гуфт Урахунова. – Дар кӯча мурданивор латту кӯб мекунанд. Ман чӣ хел бармегардам? Берун бароям, маро мепаронанд! Писарчаам мегӯяд: "Аз хона набароед!" Шаби дувум мо тамоман нахобидем. Шиштем ва фақат дуо кардем".
Урахунова гуфт, вақте ки вай тавонист, бо илоҷе аз Масанчи барояд, набера ва бачаҳои хурсолашро ба Қирғизистон овард ва дертар шунид, ки бародараш захмӣ шудааст. Дар хонае, ки ризокорон ё волонтерҳо ӯро ҷойгир кардаанд, боз се оилаи дигар низ ҷой дода шудааст. Бисёриҳо мехоҳанд, ки боз барои ду ё се рӯзи дигар дар ин ҷо паногоҳ ёбанд.
"Албатта, мо метарсем. Ба сабаби он ки бародарамон захмӣ шудааст, аз тарс ба телефон ҳам нигоҳ намекунем, ки хабари баде нашунавем, – мегӯяд Урахунова. – То вақте ки нирӯҳои ОМОН дар ин ҷо ҳастанд, ҳама чӣ ором мегирад. Лекин пулис моро тамоми моҳ ё сол посбонӣ карда наметавонад ку? Онҳо мегӯянд, ки боз ба мо ҳамла хоҳанд кард".
Бисёре аз мардон дар деҳа мондаанд, ҷое, ки муноқиша сурат гирифт. Онҳо моликияти боқимондаи худро муҳофизат мекунанд ва ҷараёни ҳодисаро назорат доранд. Аммо садҳо зан дар Қирғизистон ҳастанд ва аз он тарафи марз сигнал ё огоҳиро интизоранд. Агар мардонашон гӯянд, ки ҳама ҷо оромист, мумкин аст, ба хона баргарданд.
"Вале мо ба ҳеч кас бовар надорем! – гуфт як зани фирорӣ бо номи Робия. – Овозаҳои гуногун аст ва мо намедонем ба чӣ бовар кунем. Мегӯянд, ба хонаҳо даромада, чизҳоро медузданд. Мо аз бозгашт метарсем".
Бино ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, баъди муноқиша дар деҳаҳои вилояти Ҷамбул тақрибан 4,5 ҳазор нафар аз Қазоқистон ба Қирғизистон гурехтаанд. Тақрибан ҳазор нафари онҳо дубора ба хонаҳояшон баргаштанд.
"Ман онҳоро мебарам. Мегӯянд, ки дар онҷо оромист, – гуфт Сарди Ирдинов, шаҳрванди Қирғизистон, ки барои бозгашти дунганҳои фирорӣ кумак мекунад. – Аммо намедонам, ки ояндааш чӣ мешавад. Маълум нест. Феълан мардҳо ва наздиконашон мегӯянд, ки "оромӣ аст" ва онҳо мераванд. Ба онҳо гуфтаанд, ки ҳамааш тамом шуд, метавонед ба хона баргардед".
Ба онҳое, ки дар Қирғизистон мондаанд, ризокорон хӯроку либоси гарм медиҳанд. Бисёриҳо аз Қазоқистон бо худ танҳо ҳуҷҷатҳоро гирифтаанд. Маъмурони интизомӣ тартиботро назорат мекунанд.
Ҳамчунин чанде аз сокиноне, ки аз Қазоқистон омадаанд, дар бемористонҳои наздимарзӣ ҳастанд. 13 нафар аз осебдидагон дар муноқиша рӯзи шанбе аз Қазоқистон ба бемористонҳои Қирғизистон оварда шуданд.
"Худо кунад, ки ҳама мушкил ба хубӣ поён пазирад", – гуфт бо гиря Калима, шаҳрванди Қазоқистон ва афзуд, "бояд ба зиндагӣ идома дод".
Баргардон аз сомонаи "Настояшее время". Асли мақола дар ин ҷост.