Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду зани узбекистонӣ барои "мардумфиребӣ" дар Душанбе боздошт шудаанд


Акс аз навори бозпурсии занҳои боздоштшуда
Акс аз навори бозпурсии занҳои боздоштшуда

Дар ноҳияи Варзоб, канори Душанбе мақомот ду шаҳрванди Узбекистонро бо гумони "қаллобӣ" ва "мардумфиребӣ" боздошт кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар гузориши видеоие, ки рӯзи 7-уми июн нашр кардааст, хабар дод, ки Зулола Сайфуллоеваи 30-сола ва Юлдуз Бердиеваи 32-сола, сокинони вилояти Қашқадарёи Узбекистон, бар асоси шикояти се зани сокини Варзоб боздошт шудаанд.

Назари занҳои боздоштшуда ба иттиҳоми алайҳашон эълоншуда маълум нест, вале ВКД гуфтааст, онҳо бо роҳи "қаллобӣ" ва "мардумфиребӣ" аз сокинон пулу ашёи гаронбаҳо гирифтаанд.

Дар навори ВКД гуфта мешавад, ки бори аввал ин ду зан соли 2023 ба ноҳияи Варзоб омада, як зани 57-соларо фиреб додаанд. Зане, ки худро ҷабрдида меномад, дар навори ВКД иддао мекунад, ин занҳо ба ӯ гуфтаанд, ки "хонааш бӯи хун мекунад" ва агар барояшон пул надиҳад, "писараш кушта мешавад."

"Гуфт, ки бачаатро мекушанд. Худашро ҳамин ҳафта дор мекашад. Ягон чӣ биор, ки ҷодуро кушоем. Ман дар шок афтодам, дигар чӣ кор карданамро надонистам. 23 ҳазор сомонӣ, телефони худу шавҳарам ва гушворҳоямро гирифта рафтанд,"--гуфт ин зан дар наворе, ки ВКД нашр кардааст.

Яке аз занҳои боздоштшуда дар навор эътироф мекунад, ки сокини Варзобро фиреб додааст. Маълум нест, ки эътирофи ӯ дар чӣ шароите гирифта шудааст.

Ин занҳо, ба гуфтаи мақомот, замоне боздошт шуданд, ки бо гузашти як сол, чанд рӯз пеш, дубора ба ноҳияи Варзоб омада, ду зани дигарро фиреб додаанд.

Боздошти ин занҳо барои машғул шудан ба "сеҳру ҷоду", "фолбинӣ" ва "дармонбахшӣ" дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон алайҳи афроде, ки ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду машғуланд, амалиёт ҷараён дорад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як моҳи ахир беш аз 50 нафарро дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон бо далели даст задан ба "сеҳру ҷоду" боздошт кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG