Дар ин мусобиқа беш аз 3000 варзишгари 55 кишвари ҷаҳон иштирок карда, барои дарёфти имтиёзҳои муҳим ба ҳисоби рейтинги ҷаҳонӣ World Taekwondo мубориза бурданд.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ду нафар медал гирифтанд. Дар сабқати занон Мунира Абдусаломова дар вазни беш аз 73 кило ва дар миёни мардон Нурулло Муродов дар вазни то 74 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Аз байни кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) варзишгарони Узбекистон натиҷаҳои баланд нишон дода, 12 медал, аз он ҷумла се нишони тило, ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, Мунира Абдусаломова Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса муаррифӣ кардааст. Вай дар риштаи тэквондо дар вазни беш аз 67 кило миёни занон дар даври 1/8-ниҳоӣ аз барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Токио-2020 ва қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2023 Алтея Лорени фаронсавӣ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.
Нурулло Муродов бошад, моҳи октябри соли 2025 дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон дар риштаи тэквондо WT дар вазни то 74 кило ба дарёфти медали биринҷӣ мушарраф гашта буд.
Гуфтугӯ