Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали паҳлавонони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузург"-и Тошканд

Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони номдори тоҷик дар Tashkent Grand Slam 2026 медали биринҷӣ гирифт.
Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони номдори тоҷик дар Tashkent Grand Slam 2026 медали биринҷӣ гирифт.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо Tashkent Grand Slam 2026, ки аз 27-уми феврал то 1-уми март дар маҷмааи варзишии “Ҳумо-Арена”-и пойтахти Узбекистон баргузор шуд, ду медал (як тило ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 дар маҷмуъ 370 варзишгар (209 мард ва 161 зан) аз 39 кишвари чаҳор қораи олам иштирок карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 17 варзишгар (13 мард ва 4 зан) дохил буданд.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҳарду дар вазни то 60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов (ҳарду дар вазни то 66 кг), Масъуди Аҳмадзод, Абдуллои Ориф (ҳарду дар вазни то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Боқиев (ҳарду дар вазни то 81 кг), Умар Расулов, Музамир Каримзода (ҳарду дар вазни то 90 кг), Парвиз Абдураҳмонов, Бахтовар Бобохонов (ҳарду дар вазни то 100 кг) ва Некрӯзшоҳ Некбахтзода (+100 кг) муаррифӣ намуданд.

Дар сабқати занон аз Тоҷикистон Аҳлия Муъминова (-48 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг), Александра Кан (-57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) ҳунарнамоӣ карданд.

Аз байни онҳо ду нафар – Абдуллоҳи Ориф ва Эмомалӣ Нуралӣ --медал гирифтанд.

Паҳлавони 20-солаи тоҷик Абдуллоҳи Ориф, ки дар вазни то 73 кило дар даври якум озод буд, дар даври дуюм бар намояндаи Ирландия Ҷошуа Грин дастболо шуд. Ӯ дар ҳаштякфинал Ҳоҷиакбар Тошевро аз Узбекистон мағлуб намуд. Дар даври чорякниҳоӣ бар Арун Кумар аз Ҳиндустон пирӯз шуд.

Абдуллоҳ дар даври ниманиҳоӣ Ҷиованни Эспоситои итолиёиро шикаст дода, ба финал роҳ ёфт. Дар даври ниҳоӣ паҳлавони пуртаҷрибаи 29-солаи узбекистонӣ Шаҳром Аҳадовро мағлуб карда, соҳиби медали тило, инчунин ҷоизаи молӣ ба маблағи 5000 евро гардид. Ин аввалин медали Абдуллоҳи Ориф дар мусобиқоти Grand Slam (“Тоскулоҳи бузург”) ба шумор меравад.

Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони маъруфи тоҷик, медали биринҷӣ ба даст овард. Ин гуштигири 23-сола дар вазни то 66 кило, ки дар даври якум озод буд, дар даври дуюм намояндаи Украина Назар Висковро мағлуб намуд. Аммо Эмомалӣ дар чорякфинал аз Шинсей Ҳаттории ҷопонӣ мағлуб гашт. Дар даври тасаллобахш бар Роналд Лимаи бразилӣ пирӯз шуда, дар мубориза барои ҷойи сеюм Валерио Аккоглиро аз Италия шикаст дод ва соҳиби нишони биринҷӣ, инчунин ҷоизаи молӣ ба маблағи 1500 евро гардид.

Эмомалӣ Нуралӣ соли гузашта дар ин мусобиқа ҷойи панҷумро касб намуда, солҳои 2023 ва 2024 дар Tashkent Grand Slam соҳиби ду медали тило шуда буд.

Дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 паҳлавони 26-солаи тоҷик Масъуди Аҳмадзод дар вазни то 60 кило мақоми панҷумро азони худ кард. Ӯ дар даври аввал бар Сидҳарз Рават аз Ҳиндустон дастболо шуд. Баъдан бар Юлин Ма аз Чин ғолиб омад. Вале дар даври чорякниҳоӣ аз Аҳмад Юсуфови озарбойҷонӣ шикаст хӯрд. Дар даври тасаллобахш Мичел Аугустои бразилиро мағлуб кард. Аммо барои медали биринҷӣ аз Таики Накамураи ҷопонӣ шикаст хӯрд. Соли гузашта Меҳрзод Суфиев дар Тошканд ҷойи ҳафтумро соҳиб шуда буд.

Аммо дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 дар Тошканд 14 варзишгари тоҷик (10 мард ва 4 зан) дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуда, аз идомаи мубориза маҳрум шуданд.

Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим гардид. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 евро, барои ҷойи дуюм 3000 евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500-евроӣ супурда шуд. Инчунин варзишгарон ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо шуданд.

Баъди натиҷагирии се рӯзи рақобатҳо дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти мусобиқоти мардону занон мунтахаби Ҷопон бо касби 14 медал (4 тило, 3 нуқра ва 7 биринҷӣ) соҳиби ҷойи аввал гардид. Мунтахаби Озарбойҷон бо касби 7 медал (4 тило, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Узбекистон бо касби 8 медал (1 тило, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол карданд.

Тоҷикистон бо касби як медали тило, як нишони биринҷӣ ва як ҷойи панҷум пас аз Фаронса (1 тило, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ва Олмон (як тило ва як нуқра) дар ҷойи шашум қарор гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG