Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваксинаи зидди COVID-19-ро чӣ гуна тақсим мекунанд? ВИДЕО


Ваксинаи КОВИД-19
Ваксинаи КОВИД-19

Ваксинаи ширкатҳои Файзер ва Бионтек ба зидди коронавируси нав, ки қарор аст, ба зудӣ дар Амрико иҷозаи истифода бигирад, бояд дар сармои қаҳратуне нигаҳ дошта шавад.

Видеоро ин ҷо бинед.

Ваксинаи зидди COVID-19-ро чӣ гуна тақсим мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00

Аз ин рӯ нигаронӣ вуҷуд дорад, ки чӣ гуна метавонанд, ин ваксинаро дар саросари Амрико бе вайрон шудани таркибаш паҳн кунанду истифода баранд. Аммо ширкатҳое, ки дар Амрико яхи хушк истеҳсол мекунанд, мегӯянд, роҳи ҳалли масъаларо медонанд. Яхи хушк шакли сахти гази карбон аст, ки на об, балки бухор мешавад ва агар дар даст бигиред ҳам, дасти шумо тар намешавад.

Ҷон Диллингер, коргузори Капитол Карбоник, ширкати истеҳсоли яхи хушк гуфт, воксина то лаҳзаи истифода “бояд дар сармои 70 то 90 дараҷаӣ нигаҳ дошта шавад, ки ин корро яхи хушк карда метавонад”.

Аммо ин ширкати истеҳсоли яхи хушк дар Балтимор, ки даҳсолаҳо таҷриба ва панҷ корманд дорад, мегӯяд, дар пайи рақобату судҷӯӣ намешавад.

Ӯ гуфт, ки як ширкат имкони истеҳсоли ин миқдор яхи хушкро надорад.

Аксарияти ширкатҳо, мисли ширкати Капитол Карбоник, яхи хушкро бо андозаву шаклҳои гуногун истеҳсол мекунанд. Ба Пфайзер ва дигар офарандагони ваксина на қурсҳои маъмулӣ, балки яхи хурдтари хушк зарур мешавад.

Паул Велден, масъули дигари ширкати Капитол Карбоник мегӯяд, “ин қурсҳо назар ба қурсҳои маъмулӣ дар қуттӣ хубтар ҷой мегиранд. Ин қурсҳоро бисёре аз пажуҳишгарони тиббӣ ба кор мебаранд”.

Ҳарчанд истеҳсоли чунин ях сахттар аст, вале Велден мегӯяд, бо Донишгоҳи тандурустии Амрико кор кардааст ва аз уҳдаи истеҳсоли он мебарояд.

Бо ин ҳам Капитол Карбоник интизор надорад, ки бо омадани ваксина, ба истеҳсоли шабонарӯзии яхи хушк мегузарад.

XS
SM
MD
LG