Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатлон. 67 ҷавон аз мадрасҳои кишварҳои исломӣ барнагаштаанд


Акс аз бойгонӣ/
Акс аз бойгонӣ/

Бино ба маълумоти мақомоти вилоятии ҷануби кишвар 67 ҷавони хатлонӣ, ки дар мадорис ва донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ таҳсили ғайрирасмӣ мекарданд, аз даъватҳои бозгашт ба ватан сарпечӣ кардаанд.

Мақомоти Хатлон мегӯянд, 67 ҷавоне, ки барои таҳсил ба кишварҳои исломӣ рафтанд, акнун ба унвони “донишҷӯи бенишон” номбар мешаванд ва ба эҳтимоли қавӣ дар минтақаи Вазиристони Покистон ҳастанд.

Бо гузашти чаҳор сол аз судури дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди баргардонидани ҷавонон аз мадорис ва донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ, волидайни ин 67 ҷавон чашм ба роҳи фарзандони “гумгашта”-и худ мондаанд. Ахиран дар пайи намоиши барномаи телевизионӣ дар бораи кушта шудани ҷавонони тоҷик, ки дар ҷанги Сурия тариқи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бархе аз волидайни “донишҷӯёни бенишонгашта” барои баргадонидани фарзандонашон ба мақомот муроҷиат карданд.

Салим Пиров, марде аз рустои “Правда”-и и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соли 2006 писараш Давлатбекро бо мақсади таҳсили исломӣ ба шаҳри Карочии Покистон фиристод. Ҷаноби Пиров мегӯяд, ки писараш то соли 2010 бо хонаводааш дар тамос буд, аммо чун ба Панҷоби Покистон рафт, дигар аз ӯ хабаре нашуд:

“Дар бораи ҳамин фарзандам дар ҳамаҷо баёнот навиштам, вале аз ӯ дигар хабар надорам. Гуфт, ки мехонам ва аз хона рафт, вале ҳоло дигар аз ӯ хабар нест. Ба амният рафтам, ба ниҳодҳои дигар рафтам, ки аз ӯ хабар нест. Намедонистам, ки оқибат писарамро пайдо карда наметавонам. Намедонам, ки зинда аст ё мурда. Агар мемурд, дар хобам медаромад. Дар сӯҳбатҳои телефонӣ мисли Ҷаноби Олӣ писарамро насиҳат мекардам, намедонам чӣ кор мекунад.”

Дар посух ба муроҷиати Салим Пиров ва чанде дигар аз волидон, мақомоти вилоят талош доранд дар бораи ин афрод маълумот ба даст биёранд. Сафар Шарипов, мудири шӯъбаи дини ҳукумати вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти тезу тунди ҷаҳонӣ, Тоҷикистон талош дорад ин ҷавононро ба ватан баргардонанд: “Ҳукуматҳо кор карда истодаанд, ки ҷавонон аз кишварҳои исломӣ ба Тоҷикистон бар гарданд, падару модарон баёнот медиҳанд, вале фарзандонашон масъулият надоранд ва гӯш намекунаду намехоҳанд, ки баргарданд. Зиёд бо мардум сӯҳбат кардем, ки фарзандонро баргардонед гуфтем, вале онҳо ҳанӯз барнагаштаанд. Ин вазъият моро ҳам нороҳат мекунад.”

Моҳи августи соли 2010, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба падару модарон ҳушдор дод, ки “интизор набошед, ки фарзандонатон хонда мулло мешаванд, балки онҳо экстремист мешаванд.” Ба думболи ҳушдори оқои Раҳмон, раванди ба ватан баргардонидани ҷавонон аз кишварҳои исломӣ шурӯъ шуд, ки масъулияти баргардонидан онҳо бар ҳукуматҳои маҳаллӣ буд.

Ба иттилои расмӣ, ҷавононе, ки дар Афғонистон, Покистон ва Эрон ҳастанд, аз ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Вахш, Қумсангир, Мӯъминобод ва шаҳри Кӯлоб будаанд. 1121 ҷавон аз вилояти Хатлон дар соли 2010 ба таври ғайрирасмӣ барои таҳсил ба мадрасаву донишгоҳи давлатҳои арабӣ рафтанд. Баъдан аксари ин ҷавонон бо даъвати ҳукумат ба кӯмаки волидон ватан баргаштанд, ки 27 нафари онҳо ноболиғон буданд.

Мақомот мегӯянд, аз ҷумлаи ҷавононе, ки ба ватан баргаштанд, 68 нафар дар худи вилояти Хатлон ба таҳсил фарогирифта шуда, 25 тани дигар ба сарбозӣ рафта, 546 нафар ба ҷои кор таъмин гардид. Аммо 380 нафар рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ овард. 7 ҷавон баъди баргаштан, даст ба ҷиноят зада ва зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG