Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро шиноварӣ дар дарёҳои Тоҷикистон хатар дорад?


Аз оғози мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон каме бештар аз як моҳ сипарӣ шуд, аммо дар ин муддат 54 нафар дар кӯлу рӯдхонаҳо ғарқ шудаанд.

54 ҷасад. Ин аст натиҷагирӣ аз оғози мавсими оббозӣ дар кӯлу рӯдхонаҳои Тоҷикистон. Ин рақамро 16 июл Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон эълон кард.

Ҷаноби Абдураҳимов аз он нигаронӣ кард, ки теъдоди ғарқшавии сокинон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2014 бештар шудааст ва аксари фавтидаҳо навҷавонони то 17-сола будаанд. "Сабабҳои афзоши ғарқшавӣ гуногун аст. Аввал ин, ки тобистони имсола гарм омад, наврасон бе назорати падару модар оббозӣ мекунанд ва аз ин рӯ шумораи ғарқшудагони то 17-солагӣ зиёд аст. Мавридҳое низ буданд, ки сокинони норозӣ аз зиндагӣ худро ғарқ мекунанд. Масалан, ҳодисаи охире, ки зане се кӯдаку худашро ба об партофт ва танҳо худашро тавонистанд наҷот диҳанд аз ҳамин қабил аст," -- гуфт раҳбари Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ.

Беэҳтиётӣ сабаби асосии ғарқшавии инсонҳо будааст.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Ҷаноби Абдураҳимов афзуд, дар аксарияти ҳолатҳо одамон на дар пайи ҳодисаи фавқулода, балки аз беэҳтиётӣ дар кӯлу дарёҳо ғарқ мешаванд. Барои мисол, ӯ аз чанд ҳодисаи дар ҳолати мастӣ ғарқ шудани одамон ёдоварӣ кард ва афзуд, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода айбдор нест, ки ин нафар худро ба об андохта ғарқ шудааст.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар посух ба суоли хабарнигорон роҷеъ ба мувофиқ набудани кӯлу рӯдхонаҳои Тоҷикистон барои оббозӣ гуфт, бархе аз маконҳо воқеан барои оббозӣ мувофиқ нестанд, зеро сокинон ба дарёҳо ашёи фулузӣ мепартоянд, ки ҳангоми оббозӣ метавонад боиси фоҷиа шавад.

Гаштугузори мо дар наздикии кӯлу рудхонаҳои Душанбе собит кард, ки дар аксар мавзеъҳо эълони "Оббозӣ манъ аст!", "Дар ин мавзеъ оббозӣ кардан хавфнок аст!"вуҷуд надорад. Аммо новобаста ба ин дар ин кӯлу дарёҳои Душанбе садҳо ҷавон машғули оббозӣ буданд. Оби ин кӯлҳо аз ифлосӣ ранги сабз доранд ва обсабзҳо, ки дар бисёр мавридҳо ба пойи наврасон печида онҳоро ғарқ мекунанд, эҳтимол солҳо боз тоза нашудаанд.

Ҳарчанд оби рӯди Душанбе назар ба кӯлҳо поктар ба назар мерасад, аммо хатари дигар дар қаъри об шиноваронро интизор аст - ин рӯдхона меху оҳану шиша дорад.

Шералӣ Хушов, роҳбари муасисаи давлатии "Раёсати обёрӣ"-и шаҳри Душанбе гуфт, зери дарёи Душанбе ба ҷуз аз мавзеъҳои алоҳида дар маҷмӯъ аз партоб тоза намешавад. Ӯ мегӯяд, "дарёи Душанбе аслан дар муовизинати Оҷонсии беҳдошти замин ва мелиоратсия" қарор дорад, аммо ман боре надидаам, ки дохили ин дарёро тоза карда бошанд. Инчунин, дар Душанбе беш аз 110 километр канал вуҷуд дорад, ки аз он 70 километраш дар мувозинати мо аст. Мо дохили каналҳоеро, ки ба мо тааллуқ доранд ҳар сол ду бор тоза мекунем."

Дар зимн, шиноварӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла дар Тоҷикистон, хеле маъмул аст ва алоқамандони зиёд дорад. Вале ҳар сол дар мавсими оббозӣ дар кӯлу дарёҳо, каналу ҳавзҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ҳалок мешаванд.

Солеҳа Муродова, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳарчанд кӯли оббозӣ дар назди манзили зисташ ҷойгир шудааст, аммо ҳар вақте фарзандонаш ба оббозӣ мераванд, то омадани онҳо ба ташвиш меафтад. "Агар дер кунанд, дилам қарор намегираду худам ба назди кӯл меравам ва онҳоро ба хона меорам," -- гуфт ин сокини пойтахт.

Бино ба омори расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар соли 2014 дар кишвар 31 нафар ва дар соле пеш 124 нафар ғарқ шудаанд. 22 нафар аз онҳое, ки дар соли 2014 ғарқ шудаанд, кӯдакони зери синни 10 буда, 15 тани дигар аз 17-сола ба боло будаанд.

XS
SM
MD
LG