Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 24 нафар дар 8 рӯз дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон


Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, муддати 8 рӯзи ахир дар пайи оббозӣ ва ғарқшавӣ дар кӯлу рудхонаҳои кишвар 24 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 9 июл ба радиои Озодӣ гуфт, ки муддати ҳашт рӯзи ахир дар кӯлу дарёҳои кишвар 24 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи вай, ин муддат дар пайи оббозӣ 10 нафар ва боқимонда дар пайи бо қасди худкушӣ дар об, ҳолатҳои мастӣ, моҳидорӣ ва бемории рӯҳӣ худро дар об ғарқ карданд.

Ба гуфтаи ҷаноби Нозимов, ин рақам, яъне 24 нафар дар муқоиса ба ҳамин давраи даҳаи аввали моҳи июли соли гузашта ба маротиб бештар аст. Зеро ба иттилои Ориф Нозимов, дар даҳаи аввали моҳи июли соли гузашта танҳо 2 нафар ба ҳангоми оббозӣ ва ғарқу шудан дар кӯлу дарёҳо, фавтида буданд.

Аммо ҳалокати 24 нафар дар 8 рӯзи аввали моҳи июл дар ҳолест, ки муддати шаш моҳи соли ҷорӣ ба ҳангоми оббозӣ 54 нафар ғарқ шуда ва фавтидаанд. Ин рақам дар шаш моҳаи аввали соли гузашта 31 нафарро ташкил медиҳад.

Сабаби афзоиши ба маротиби ҳалокати сокинони Тоҷикистон ба ҳангоми оббозӣ дар кӯлу рудхонаҳои кишвар, ба баланд шудани ҳарорати гармӣ, ки ҳамакнун мавсими оббозӣ аст ва риоят накардани қоидаҳои шиноварӣ, рабт дода мешавад.

Тибқи иттилои Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон аз 1 то 5 июл ҳарорати ҳаво ба таври бесобиқа гарм кард ва гармӣ дар қаламрави кишвар то ба 47 дараҷа ва дар Айвоҷ, гармтарин минтақаи Тоҷикистон ба 52 дараҷа расид.

Ин ҳам дар ҳоле, ки маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон аз расидани ҳавои гарми “арабӣ”дар чанд рӯзи баъд ба қаламрави кишвар хабар медиҳанд. Ба иттилои ин масъулон интизор меравад, гармои “арабӣ” ба таърихи 12 то 15 июл фарор расад ва ҳарорати гармии ҳаво то 43 дараҷа ва дар Айвоҷ 45 дараҷа хоҳад расид.

Бештарин ҳароарти гармӣ дар ин рӯзҳо низ дар ҷануби Тоҷикистон, қаламрави вилояти Хатлон ба мушоҳида хоҳад расид. Аммо ҳавошиносон сабаби ба якбора гарм шудани ҳарорати ҳаво ба таърихи 1 то 5 июлро ба расидани гармо аз қисмати Покистон марбут донистанд.

Дар пайи гармии ҳавои панҷ рӯзи аввали моҳи июл, ду кӯдак дар ҷануби Тоҷикистон фавтида ва беш аз 30 кӯдаки дигар дар бемористонҳо бо бемориҳои мухталиф бистарӣ шуданд. Ҳамчунин садҳо сокини дигар ба пизишкон дар маврид хуруҷи бемориҳои қалбу диқи нафас ва фишорбаландӣ, муроҷиат карданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба сокинон маслиҳат дод, то дар рӯзҳои гарм, ба хусус дар соатҳои 11 то 17-и рӯз ба кӯча набароянд ва аз эҳтиёт кор бигиранд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон низ аз паёмадҳои хатари гармо ва ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳо ҳушдор дод.

Тибқи иттилои ин кумита, танҳо дар аввали гармои шадид 1-уми июл ду сокини кишвар ҳангоми оббозӣ дар дарёҳо ғарқ шуданд. Баъдан дар тӯли як ҳафтаи гармо, беш аз 11 мавриди ғарқшавии сокинон дар кӯлу дарёҳо сабт шуд.

XS
SM
MD
LG