Дар чанд ҷумла
Дороии молики Meta аз 200 млрд. доллар гузаштааст
Сарвати Марк Тсукерберг, мудири ширкати Meta ва молики шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram аз 200 миллиард доллар гузаштааст.
Тсукерберг чорумин шахси сарватмандтарини сайёра аст, ки ин марзро убур кард.
Пеш аз ин, дороиҳои муассиси Tesla Илон Маск, муассиси Amazon Ҷефф Безос ва молики гурӯҳи тиҷории LVMH Бернар Арно зиёда аз 200 миллиард доллар ҳисоб шуда буд.
Bloomberg менависад, дар пайи таъсиси ширкати Meta ва нархи баланди саҳмияҳои он дар давоми камтар аз ду соли гузашта дороиҳои Тсукерберг қариб шаш баробар зиёд шуд ва 201 миллиард долларро ташкил дод.
Агар дар моҳи ноябри соли 2022 як саҳмияи Meta 90 доллар арзиш дошт, ҳоло беш аз 560 доллар аст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Дар Эрон се рӯзи мотам эълон карданд
Дар Эрон се рӯз мотами миллӣ эълон шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон шоми якшанбе, 11-уми январ бидуни ишора ба саркӯбу куштори эътирозгарон ва нақши нерӯҳои амниятӣ, дар кишвар се рӯзи мотам эълон карданд.
Ҳукумати ҷумҳурии исломӣ хушунатҳои баамаломадаро ба рафтори гуруҳи ДОИШ ташбеҳ додааст. Мақомот ва расонаҳои давлатӣ дар тайи се рӯзи ахир дар гузоришҳои худ эътирозгаронро “террористони мусаллаҳ” хонда, ба таҷаммуи мардуми зиёд бо талаби тағйири низом дар Эрон ишорае намекунанд.
Раисҷумҳур Масъуд Пизишкиён низ рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо телевизиони давлатии Эрон, эътирозгаронро “террорист” хонда, хостори бархӯрди нерӯҳои амниятӣ бо онҳо шудааст.
Ба далели қатъи саросарии интернет дар Эрон дақиқ нест, ки шумори қурбониёни эътирозҳо дар саросари ин кишвар ба чӣ теъдод расидааст. Созмонҳои ҳуқуқи башар бо такя ба манобеи худ оморҳои гуногуни қурбониёро пешниҳод мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Эрони истифодаи аз ҳад зиёди нерӯ ё афзоиши саркӯбу хушунат алайҳи эътирозгаронро тасдиқ карданд. Аҳмадризо Родон, фармондеҳи куллӣ пулиси Эрон гуфт, ин кор дар ҳамоҳангӣ бо нерӯҳои амниятӣ ва мақомоти қудратӣ сурат гирифт.
Бино ба хабари Радиои Фардо- Бахши форсии Радиои Озодӣ Аҳмадризо Родон гуфтааст, "бар асоси хулосаҳои ташхиси додгоҳӣ-тиббӣ, қисми зиёди кушташудаҳо аз силоҳи сард ва захми корд ба ҳалокат расидаанд".
Мақомоти Эрон шумори кушташудагонро эълон намекунанд ва ба иддаои онҳо, худи эътирозгарон омили барангехтани хушунатҳо шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар навору гузоришҳои зиёде, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки нерӯҳои амниятии Эрон ба сӯйи эторозгарон тир холӣ мекунанд. Радиои Фардо ва шабакаи телевизионии CNN бо истинод ба шоҳидони воқеа хабар доданд, ки беморхонаҳо пур аз захмиву қурбониён шудаанд.
Алӣ ва ҳамсару духтарашро дар Тоҷикистон ба хок супурданд
Оилаи тоҷикеро, ки дар Русия ба ҳалокат расиданд, субҳи имрӯз 12-уми январ дар ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониён ба хок супурданд. Тобути марди муҳоҷири тоҷикро бо ҳамсар ва духтари панҷсолааш рӯзи 11-уми январ ба Тоҷикистон оварданд.
Як масъул аз ҷамоати деҳоти Файзи Истиқлоли ноҳияи Вахш бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, “зан аз ин ноҳия буда” ҷанозаи ӯ ва ду аъзои дигари оилааш дар хонаи шавҳараш баргузор шудааст, ки аз ноҳияи Кушониён аст.
Ба гуфтаи мақомоти ноҳияи Вахш, онҳо аз дуди ангишт ба ҳалокат расидаанд.
Ҳодиса 7-уми январ дар шаҳри Самараи Русия рух додааст. Яке аз дӯстони марди фавтида рӯзи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, наздикони Алӣ аз марги ӯ ва ҳамсару духтараш як рӯз баъд огоҳ шудаанд. "Алӣ ва ҳамсару духтараш аз газ заҳролуд мешаванд. Хешу табор аз Тоҷикистон як рӯз занг мезананд, аммо ба зангҳояшон касе ҷавоб намедиҳад. Як рӯз баъд наздикони Алӣ, ки дар Самара буданд ба хонааш мераванд ва дарро шикаста медароянд. Маълум шуд, ки баъди заҳролуд шудан аз газ, Алӣ аз хоб бедор шуда, кӯшиш мекунад дари ҳаммомро кушояд, аммо ҳамонҷо мефавтад. ", - гуфт яке аз дӯстони марди фавтида.
Ба гуфтаи ин мусоҳиби Радиои Озодӣ, соли гузашта дар пайи сӯхтор дар манзили ҳамин оила дар Самара писари сесолаи Алӣ ба ҳалокат расида буд. Баъди ин ҳодиса, ҳамсари Алӣ пойфишорӣ доштааст, ки ба Тоҷикистон баргарданд.
Русия макони кору зиндагии ҳазорон муҳоҷир аз Тоҷикистон аст. Солона наздики ҳазор тоҷикистонӣ аз беморӣ ё дар ҳодисаҳои нохуш дар Русия мефавтанд.
Иштироки варзишгарони тоҷик дар чорабиниҳои бузурги соли 2026
Варзишгарони тоҷик соли 2026 дар як қатор чорабиниҳои бузурги варзишӣ ширкат меварзанд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, чаҳор варзишгари тоҷик дар намуди лижаронии кӯҳӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ, ки рӯзҳои 6-22-юми феврал дар шаҳрҳои Милано ва Кортина-д’Ампетсои Италия доир мегарданд, талош доранд. Мусобиқаҳои интихобӣ то охири моҳи январ идома меёбанд.
Дар ин бозиҳо иштироки наздики 3000 варзишгар аз 91 кишвар дар назар аст, ки барои 116 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд. Варзишгарони Бенин, Гвинея-Бисау ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бори аввал дар Бозиҳои олимпии зимистона иштирок хоҳанд кард.
Ба барномаи бозиҳо ҳашт намуди варзиш: биатлон, бобслей, кёрлинг, конкитозӣ, лижаронӣ, чанатозӣ, ҳоккей ва лижаронии кӯҳӣ ворид шудааст.
Бори охир варзишгарони тоҷик соли 2014 дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочи ширкат карда буданд. Аммо Олимпиадаҳои зимистонаи соли 2018 дар Пйонгчанги Кореяи Ҷанубӣ ва соли 2022 дар Пекини Чин бе иштироки намояндагони Тоҷикистон гузаштанд.
Рӯзҳои 22-30-юми апрел дар шаҳри Санйаи Чин Бозиҳои VI соҳилии осиёӣ баргузор мешаванд. Дарвоқеъ, ин бозиҳо пас аз 10 соли танаффус доир мегарданд. Охирин маротиба ин чорабинӣ соли 2016 дар Ветнам баргузор шуда буд.
Ба барномаи 6-умин Бозиҳои соҳилии осиёӣ дар Санйа 14 намуди варзиш ворид аст: баскетбол (3х3), варзишҳои обӣ (шиноварии озод, тӯббозӣ дар об), акватлон, варзиши сабуки соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, кабаддии соҳилӣ, футболи соҳилӣ, волейболи соҳилӣ, гуштии соҳилӣ, қайиқи дракон, ҷиу-ҷитсу, заврақронӣ, шӯхпаймоӣ ва текбол.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар риштаҳои баскетбол, футболи соҳилӣ, волейболи соҳилӣ, гуштии соҳилӣ ва ҷиу-ҷитсу ширкат хоҳад кард.
Тими миллии футболи Тоҷикистон муборизаро барои роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027 идома медиҳад. Дар гурӯҳи “А” охирин бозиҳо 31-уми март баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон дар ин рӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо тими миллии Филиппин рақобат мекунад. Алъон ҳарду даста 13-имтиёзӣ доранд ва барои роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, талош меварзанд.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2026/27 иштирок менамояд. Бозиҳо ба таври мутамарказ аз 17-ум то 24-уми октябр баргузор мегарданд. Ғолиби мусобиқа ба Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC дар мавсими 2027/28 роҳ меёбад.
Тирамоҳи имсол се чорабинии маҷмуии варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Нахуст, аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон Бозиҳои XX осиёӣ доир мешаванд. Ба барномаи бозиҳо 42 намуди варзиш ворид шудааст ва варзишгарон аз 45 кишвари қора, аз ҷумла Тоҷикистон, барои 460 маҷмуи медалҳо мубориза хоҳанд бурд.
Баъдан, аз 31-уми октябр то 13-уми ноябр пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар - Бозиҳои IV олимпии наврасонро мизбонӣ мекунад. Ин аввалин бор аст, ки як кишвари африқоӣ бозиҳои олимпиро мегузаронад.
Ба барномаи бозиҳо 25 намуди варзиш ворид аст ва дар мусобиқот наздики 3000 варзишгари то 17-сола ширкат мекунанд. Имсол тартиби нави интихоби варзишгарон ба Бозиҳои олимпии наврасон роҳандозӣ мешавад. Қаблан варзишгарон роҳхат мегирифтанд, ҳамакнун бо тасмими Кумитаи байналмилалии олимпӣ иштироккунандагони Бозиҳои олимпии наврасонро федератсияҳои байналмилалӣ дар асоси радабандии ҷаҳонӣ интихоб менамоянд.
Мавсими варзишии соли 2026 бо Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ ба поён мерасад. Ин чорабиниро аз 28-уми ноябр то 7-уми декабр Арабистони Саудӣ мизбонӣ мекунад. Дар бозиҳо иштироки варзишгарон аз 45 кишвари Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон, инчунин кишварҳои Уқёнус дар назар аст.
Дар баробари бозиҳои маҷмуӣ имсол даҳҳо мусобиқаи анъанавӣ дар риштаҳои алоҳидаи варзиш баргузор мешаванд. Аз он ҷумла, соли равон аз рӯйи бисёр намудҳои варзиш мусобиқаҳои интихобӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2028 оғоз меёбанд.
Мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо рӯзҳои 4-11-уми октябр дар Бокуи Озарбойҷон, дар намудҳои гуштии озод ва юнону румӣ 13-21-уми сентябр дар Загреби Хорватия, дар риштаи қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ 26-30-юми август дар Познани Полша (Лаҳистон), дар намуди тенниси рӯйи миз 1-10-уми май дар Лондони Англия доир мегарданд, ки дар онҳо иштироки варзишгарони тоҷик низ дар назар аст.
"Аз газ заҳролуд шуданд". Ҳалокати як оилаи тоҷикистонӣ дар Русия
Дар пайи заҳролуд шудан аз газ, як марди тоҷик бо ҳамсар ва духтари панҷсолааш дар шаҳри Самараи Русия ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса 7-уми январ рух дода, наздикони мард танҳо як рӯз баъд аз он хабардор шудаанд.
Яке аз дӯстони марди фавтида 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Алӣ ва ҳамсару духтарашро имрӯз ба Тоҷикистон мефиристанд. Фавтидагон сокинони маҳаллаи Туркманистони шаҳри Бохтар будаанд.
"Рӯзи 7-уми январ Алӣ ва ҳамсару духтараш аз газ заҳролуд мешаванд. Хешу табор аз Тоҷикистон як рӯз занг мезананд, аммо ба зангҳояшон касе ҷавоб намедиҳад. Як рӯз баъд наздикони Алӣ, ки дар Самара буданд ба хонааш мераванд ва дарро шикаста медароянд. Маълум шуд, ки баъди заҳролуд шудан аз газ, Алӣ аз хоб бедор шуда, кӯшиш мекунад дари ҳаммомро кушояд, аммо ҳамонҷо мефавтад. Ҳамсараш низ ҳомиладор буд", - гуфт яке аз дӯстони марди фавтида.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, соли гузашта дар пайи сӯхтори манзилашон дар Самара писари сесолаи Алӣ ба ҳалокат расида буд. Баъди ин ҳодиса, ҳамсари Алӣ пойфишорӣ доштааст, ки ба Тоҷикистон баргарданд.
"Алӣ дар яке аз баландошёнаҳои Бохтар хона харида буд ва ин оила мунтазири тамом шудани таъмири хона буданд. Аммо имрӯз ҷасадашонро мефиристем", - гуфт дӯсти Алӣ.
Русия макони кору зиндагии ҳазорон муҳоҷир аз Тоҷикистон аст. Солона наздики ҳазор тоҷикистонӣ аз беморӣ ё дар ҳодисаҳои нохуш дар Русия мефавтанд.
Трамп: ИМА ҳамсоягии Русия ва Чинро намехоҳад
Президенти ИМА Доналд Трамп зимни вохӯрӣ бо роҳбарони ширкатҳои нафтӣ дар Кохи Сафед бори дигар гуфт, назорат бар Гренландия барои амнияти миллии ИМА зарур аст.
Трамп 9-уми январ гуфт, "агар мо ин корро накунем Русия ва Чин назорати Гренландияро ба даст мегиранд. Мо намехоҳем, ки Русия ва Чин дар ҳамсоягии мо бошанд".
Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин ҳаққи Дания бар ҷазираи Гренландияро зери суол бурда афзуд, "500 сол пеш омадани қаиқе ба инҷо" маънои онро надорад, ки ҷазира моли Дания аст.
Неруҳои амрикоӣ дар асоси созиш бо Дания дар Гренландия ҳузур доранд, вале Доналд Трамп инро нокофӣ мехонад.
Изҳоротҳои батакрори Доналд Трамп дар бораи зери назорат гирифтани Гренландия нигаронии ҷиддии роҳбарони Аврупоро ба миён овардааст.
Гренландия, бузургтарин ҷазира дар дунё дар шимолу шарқи қораи Амрико ҷойгир аст ва он аз ҷониби Дания, як кишвари аврупоӣ идора мешавад.
Ҳамлаи паҳподҳои Украина ба вилояти Воронеж
Шоми 10-уми январ вилояти Воронежи Русия ҳадафи ҳамлаи паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина қарор гирифт.
Мақомоти вилоят гуфтанд, дар натиҷаи таркиши як паҳпод 5 хона зарар дидааст. Шоҳидон аз 25 таркиш дар гӯшаҳои Воронеж хабар доданд.
Александр Гусев, волии Воронеж хабар додааст, ки дар пайи ин ҳамлаҳо 2 нафар захмӣ шудаанд.
Ба навиштаи телеграм-канали "База", дар пайи ҳамлаи паҳподҳо чор нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд. Вазъи ду нафари онҳо вазнин гуфта мешавад.
"Аксари эълонҳои кор дар Британия метавонанд дурӯғ бошанд." Ҳушдори Созмони муҳоҷират
Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ҳама эълону даъватҳо барои кор дар Британия бовар накунанд.
Ин созмон 9-уми январ дар хабарномае навишт, даъватҳо ба кор дар Британия, ки тариқи паёмрасонҳои Вотсап ва Телеграм ирсол мешаванд, дуруғанд, чун "корфармоёни воқеӣ ҳеҷ гоҳ барои муошират аз паёмрасонҳо истифода намебаранд".
Мутахассисони созмон ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия додаанд, ки барои кори мавсимӣ дар Британияи Кабир "танҳо дар сомонаҳои расмии ширкатҳо сабтином кунед".
"Ҳамчунин, ба таблиғҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунед, аксари ин эълонҳо метавонанд бардурӯғ бошанд. Ҳар иттилоъро ҳатман дубора санҷед. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Британияи Кабир ба ҷуз аз Барномаи коргарони мавсимӣ дигар имкони кор вуҷуд надорад," - омадааст хабарномаи Созмони байналмилалии муҳоҷират.
Солҳои ахир шаҳрвандони Тоҷикистон имкон пайдо карданд барои корҳои мавсимӣ, аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ ба Британияи Кабир раванд. Дар ин миён даҳҳо нафар аз фиреб хӯрданашон шикоят карданд.
Ҳукумати Венесуэла як гуруҳ маҳбусони сиёсиро озод кард
Ҳукумати Венесуэла як гуруҳ аз маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла чанд тан аз сиёсатмадорони мухолиф, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигоронро озод кард. Дар ин бора хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гузориш додааст.
Раҳоии ин афрод як ҳафта баъд аз амалиёти неруҳои амрикоӣ сурат мегирад, ки дар ҷараёни он раиси ҷумҳури пешини Венесуэла Николас Мадуро боздошт ва ба ИМА интиқол ёфт.
Президенти Амрико Доналд Трамп дар суҳбат бо шабакаи Fox News гуфт, озодии зиндониёни сиёсӣ бо дархости ИМА анҷом шуд. Трамп дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social навишт, Венесуэла "бо нишони наздик шудан ба сулҳ, маҳбусони сиёсиро озод мекунад".
Мақомоти Венесуэла гуфтанд, бидуни зикри шумораи мушаххас танҳо гуфтанд, "теъдоди назаррас"-и шаҳрвандони ин кишвар ва ҳамчунин шаҳрвандони хориҷиро озод кардаанд.
Нашрияи El Nacional бо такя ба ҳомиёни ҳуқуқ хабар дод, ки дар миёни зиндониёни озодшуда собиқ номзад ба мақоми президентии Венесуэла Энрике Маркес, як додраси пешини Додгоҳи олӣ ва хабарнигор Мигел Морено Дапена ҳастанд. Ҳамчунин панҷ шаҳрванди Испания ҳам раҳо шудаанд.
Дар Душанбе 163 касро барои фолбинӣ ҷазо додаанд
Пулиси Душанбе мегӯяд, соли гузашта дар пойтахт 163 касро барои фолбинӣ ва ҷодугарӣ ҷазо додаанд.
Ба иттилои Раёсати корҳои дохилии Душанбе, аксари онҳое, ки ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ машғул буданд, бо қарори додгоҳ ҷарима ё то 15 шабонарӯз ҳабс шуданд.
Аммо ба гуфтаи мақомот, нисбати 14 нафари дигар, ки такроран ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ даст заданд, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Назари ин афроде, ки ба фолбинӣ гунаҳкор шудаанд маълум нест. Пайвандони бархе аз ин боздоштшудаҳо гуфтанд, хешовандони онҳо ҷодугар ё фолбин набуданд, балки танҳо дуохонӣ мекарданд.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе ба сокинон ҳам ҳушдор додааст, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо худдорӣ кунанд, дар акси ҳол аз 50 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (3750-4500 сомонӣ) ҷарима хоҳанд шуд. Тағйирот ба қонун дар ин бора моҳи декабр аз сӯи ҳарду палатаи порлумон қабул шуд.
Мақомоти Тоҷикистон аз аввали имсол як маъракаи мубориза бо фолбинон ва ҷодугаронро оғоз карданд.
Созмони милал хостори қатъи хушунат алайҳи эътирозгарон дар Эрон шуд
Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони милал рӯзи ҷумъаи 9-уми январ дар баёнияе аз гузоришҳо дар бораи истифода аз хушунат алайҳи эътирозгарон дар Эрон ва қатъи сартосарии интернет дар ин кишвар ибрози нигаронии амиқ кард.
Фолкер Турк гуфт, "тамоми мавридҳои маргумир бояд ба сурати фаврӣ, мустақил ва шаффоф таҳқиқ ва баррасӣ шаванд. Омилони ҳаргуна нақзи ҳуқуқи башар бояд мутобиқ ба қонунҳои байнулмилалӣ посухгӯ бошанд".
Комиссари СММ ҳамчунин қатъи сартосарии интернетро дар Эрон поймол кардани озодии баён ва ва дастрасӣ ба иттилоъ хонд.
Аз шоми панҷшанбеи 8-уми январ интернет ва роҳҳои иртибот бо Эрон ба таври сартосарӣ қатъ шудааст.
Дар ҳамин ҳол Созмони афви байнулмилал ва Дидбони ҳуқуқи башар низ рӯзи ҷумъаи 9-уми январ хостори поён додан ба хушунат алайҳи норозиён шуданд.
Имрӯз чордаҳумин рӯзи эътирозҳоест, ки аз масъалаҳои иқтисодӣ: беқурбшавии пули миллӣ дар баробари доллар, гаронӣ ва бӯҳрони энержӣ сар шуда, зуд оҳанги сиёсӣ ва зиддиҳукуматӣ гирифтанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, беш аз сӣ нафар дар эътирозҳои ду ҳафтаи ахир кушта шудаанд. Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам тасдиқ кардааст, ки “бархе харобкорон” ва “бархе кормандони пулис” дар задухӯрдҳои чанд рӯзи ахир ҷон бохтаанд.
Аксари роҳбарони сохторҳои ВКД иваз шудаанд
Сомонаи президенти Тоҷикистон рӯзи 9-уми январ хабар додааст, ки аксари раҳбарони сохторҳои Вазорати корҳои дохилии кишвар дигар шудаанд.
Бар асоси қарори Эмомалӣ Раҳмон, Акбар Насимзода, муовини вазири корҳои дохилӣ ба нафақа гусел шудааст ва Баҳодур Холиқзода ҷойгузини ӯ шудааст.
Тибқи ин хабар,
- роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ,
- сардорони раёсати амнияти дохилӣ,
- раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир,
- воҳиди махсус, қисми минтақавии раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб,
- ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия,
- сардори бюрои миллии маркази Интерпол,
- сардорони шуъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Ховалинг, Темурмалик, Ҷалолиддини Балхӣ, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Файзобод, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Бустон, Зафаробод, Ашт, шуъбаҳои ВКД дар шаҳри Исфара, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Роштқалъа ва ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе,
- сардорони шуъбаҳои раёсати ВКД дар нақлиёт дар хатти фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, дар хатти роҳи оҳан ва дар вилояти Суғд дигар шудаанд.
Далели тағйири сартосарӣ дар ВКД шарҳ дода нашудааст. Эмомалӣ Раҳмон ба афроде, ки тоза мансаб гирифтаанд, гуфтааст, ки бо ҷинояткорӣ ҷиддӣ мубориза кунанд ва “манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон”-ро дар ҷойи аввал гузоранд.
ВКД, бузургтарин ниҳод дар Тоҷикистон аст, ки таъмини тартибот, додани шиноснома, хадамоти оташнишонӣ, хадамоти муҳофизати корхонаҳои давлатӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар кишварро бар душ дорад.
Ҳомиёни ҳуқуқ кормандони ВКД-ро борҳо барои шиканҷаи боздоштшудаҳо танқид кардаанд.
Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон гузориш додааст, ки дар шаш моҳи аввали соли гузашта аз эҳтимоли шиканҷа ва бадрафторӣ дар мақомоти қудратӣ 7 шикоят сабт кардааст. Ба гузориши Эътилоф, ба мисли солҳои гузашта аксари шикоятҳо аз шиканҷа ба сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ рост меояд.
ВКД шиканҷа шудани боздоштшудаҳоро аз ҷониби кормандонаш борҳо рад кардааст.
Файзи Олӣ, вакили дифои тоҷик аз зиндон озод шудааст
Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), вакили мудофеи тоҷик аз зиндон раҳо шуд. Ин вакили мудофеи 75-сола моҳи ноябри соли 2024 бо гуноҳи "дурӯғгӯӣ" нисбат ба кормандони додситонӣ" ба 2,5 соли зиндон маҳкум шуда буд, аммо ӯро пеш аз муҳлат озод кардаанд.
Файзи Олӣ чор рӯз пеш аз эълони ҳукм гуфта буд, ки танҳо дар бораи "ришвахории чанд маъмури додситонӣ" ба мақомот нома навишт, вале онҳо ба ҷойи санҷишу ҳалли масъала нисбат ба худи ӯ парванда боз карданд.
Худи Файзи Олӣ 9-уми январ дар суҳбати катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамин рӯз ба озодӣ баромад. Аммо ин вакили дифоъ ва наздиконаш шарҳ надоданд, ки Файзи Олӣ бо чӣ шарт пеш аз муҳлат озод шуд.
Яке аз наздикони ин вакили дифоъ дар суҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, "Файзи Олӣ дар хона аст".
Файзи Олӣ дар гузашта дар чанд қазияи пурсарусадои додгоҳӣ, аз ҷумла боздошту ҳукми зиндони Саиднуриддин Шамсиддинов (судиҷрочии собиқ) ва марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки Душанбе ба ҳайси вакили мудофеъ баромад кардааст.
Мутахассиси испанӣ сармураббии як дастаи футболи Тоҷикистон шуд
Жуан Кортез, мутахассиси 42-солаи испанӣ, сармураббии дастаи футболи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе таъйин гардид.
Кортез дар ин вазифа мутахассиси футболи тоҷик Тоҳирҷон Муъминовро, ки аз охири моҳи октябри соли гузашта сармураббии дастаи КМВА-ро ба зимма дошт, иваз кард. Бояд зикр намуд, КМВА соли гузашта барандаи медалҳои биринҷии мусобиқаи лигаи олии Тоҷикистон шудааст.
Жуан Кортез таҷрибаи корӣ дар бошгоҳҳои футболи Салвадор, Гватемала, Гондурас, Боливияро дорад. Охирин ҷойи кори ӯ бошгоҳи «Реал Томаяпо»-и Боливия буд.
Зери раҳбарии Кортез дастаи «Онсе Депортиво»-и Салвадор бори аввал ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шуда, ин мутахассиси ҷавон беҳтарин мураббии лига эътироф гаштааст.
Сипас вай бошгоҳи “Алянса”-ро машқ додааст. Гарчанде Кортезро як моҳ пеш аз анҷоми мавсим аз вазифа сабукдӯш карданд, даста дар ниҳоят қаҳрамон шуд.
Ҳамчунин Кортез дар мусобиқоти қаҳрамонии Гватемала ва Гондурас фаъолият кардааст. Баъдан ӯ ба Салвадор баргашта, тими “Платенсе”-ро аз хориҷшавӣ аз лигаи бартар наҷот додааст.
Соли 2024 Кортез сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Салвадор (U-20) таъйин шуд. Ҳамзамон ӯ ёвари сармураббии тими миллии Салвадор буд. Дастаи мунтахаб ба Gold Cup-2025 роҳ ёфт ва соҳиби роҳхат ба Лигаи A-и Лигаи миллатҳои КОНКАКАФ гардид.
Дар оғози соли 2025 Кортез сармураббии бошгоҳи “Реал Томаяпо”-и Боливия шуд. Вазифаи ӯ ҳифзи мавқеи даста дар лигаи олӣ буд, ки муваффақона иҷро гардид. Бо вуҷуди ин, моҳи январи имсол мутахассиси испанӣ аз вазифааш истеъфо дод, ки ин тасмими ӯ барои расонаҳои Боливия ғайричашмдошт буд.
Бояд гуфт, ки дар оғози фаъолияти мураббигии худ Кортез ҳамчун ёвари мураббӣ дар лигаи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии Тайланд кор кардааст. Мутахассиси испанӣ боз ба қораи Осиё баргашт ва ин дафъа фаъолияташро дар мақоми сармураббии тими КМВА-и Душанбе идома медиҳад.
Эълони Сафорати Амрико: "Грин корт" мавқуф гузошта шуд
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон расман эълон кард, ки барномаи "Корти Сабз" ё "Грин корт" (DV) "аз ҳамин рӯз ба таваққуф гузошта шуд".
Дар эъломияи Сафорат аз рӯзи 8-уми январ омадааст, "таъини мусоҳиба барои аризадиҳандагони барнома идома хоҳад дод, лекин ягон раводид (виза) дар чаҳорчӯбаи ин барнома судур нахоҳад шуд".
Сафорат ҷузъиёти бештар аз ин надодааст.
Пеш аз ин дар моҳи декабри соли 2025 Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико фармон дод, ки додани раводид дар доираи барномаи "Корти сабз" боздошта шавад. Ин дастур пас аз он содир шуд, ки 13-уми декабр дар пайи як тирпарронӣ дар Донишгоҳи Брауни шаҳри Провиденс ду кас кушта ва 18 тани дигар маҷруҳ шуданд. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, муҳоҷим тариқи барномаи "Корти сабз" аз Португалия вориди ИМА шуда буд.
Лотереяи "Гринкорт" ё "Корти сабз" соли 1990 ҷорӣ шуд ва ҳар сол аз роҳи интихоби тасодуфӣ барои 50 ҳазор нафар ҳаққи гирифтани иқомати расмӣ дар ИМА-ро фароҳам мекунад. Соли гузашта аз Тоҷикистон наздик ба се ҳазор нафар барандаи лотерея шуда буданд.
Раддияи Бонки миллӣ: мо ба касе қарзи якфоиза намедиҳем
Бонки миллии Тоҷикистон бо пахши раддия гуфтааст, хабари додани қарзҳои якфоиза ба сокинони кишвар дурӯғ аст. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълоне паҳн шуд, ки гӯё ин ниҳод ба сокинон қарзи якфоиза медиҳад.
Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, бар асоси қонун Бонки миллӣ ба шаҳрвандон қарз намедиҳад ва танҳо фаъолияти назорату танзимкунандагӣ дорад.
“Қарзҳо танҳо тавассути бонкҳо ва ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи шарту меъёрҳои худи онҳо пешниҳод мегарданд",- омадааст дар хабарномаи БМТ.
Зиёд будани баҳра ё фоизи қарзҳои бонкӣ ва мушкили дастрасӣ ба онҳо ҳамеша мояи нигаронии муштариёну корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ будааст. Аз ҷумла, ба навиштаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, "фоизи ҳамаи бонкҳо миёншикан аст”.
Гуфтугӯ