Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Донаи анҷири маобид"-ро дар Эрон чӣ гуна сохтанд?


Муҳаммад Расулоф
Муҳаммад Расулоф

Муҳаммад Расулоф, филмсози эронӣ, ки дар ҷашнвораи муътабари Кан барои "Донаи анҷири маобид" ҷоизаи вижа гирифт, достони таҳияи он ва ҷузъиёти фирорашро аз Ҷумҳурии Исломӣ нақл кард.

Ин филм дар бораи зиндагии баҳамрехтаи як вакили мудофеъ баъд аз эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон қисса мекунад.

Коргардони 51-сола рӯзи 25-уми май гуфт, бисёре аз саҳнаҳо дар филми "Донаи анҷири маобид" аз эътирозҳои баъд аз марги Маҳсо Аминӣ дар соли 2022 аст ва ба таври пинҳонӣ сабт шуда.

“Бубинед, вақте дар рӯбарӯи нерӯҳои амниятӣ қарор доред, кам-кам ёд мегиред, ки чӣ тавр онҳоро давр бизанед. Вақте мутаваҷҷеҳ мешавед, ки Шуморо ба воситаи мобайл пайдо мекунанд, табиатан метавонед аз мобайлатон истифода накунед. Қисмате аз ин корҳо шабеҳи корҳоест, ки табаҳкорон мекунанд,” – гуфт ӯ.

Додгоҳе дар Эрон барои ин филм Расулофро ба ҳашт сол зиндон ва шаллоқ (тозиёна) маҳкум кард, вале коргардон пеш аз иҷрои ҳукм аз ин кишвар рафт: “Танҳо коре, ки метавонистам бикунам, зарфи чанд соат тасмим бигирам аз худам суол бикунам: “Мехоҳам баргардам зиндон ё мехоҳам Эрони ҷуғроифиёиро тарк кунам ва дар Эрони фарҳангӣ зиндагиамро идома бидиҳам.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Донаи анҷири маобид"-ро дар Эрон чӣ гуна сохтанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

Хабарнигорон аз ҳунарпешаи филм Ситора Маликӣ низ дар бораи филм ва ояндаи насли эътирозгар дар Эрон пурсиданд.

Маликӣ гуфт: “Ман ба ин насл аслан умедвор нестам, ман ба ин насл мутмаинам. Яъне ман медонам, ки ин иттифоқ хеле-хеле зуд меуфтад ва ин насл қатъан бо кумаки наслҳои қаблтарашон, ки роҳ барояшон ҳамвор кардаанд, аз паси ин кор бармеоянд. Ҳатман базудӣ шоҳидаш хоҳем буд”.

Мақомот дар Эрон "Донаи анҷири маобид"-ро филми ғайриқонунӣ ва мамнуъ эълон кардаанд, вале коргардон Муҳаммад Расулоф дар ҷашнвораи Канни Фаронса бо истиқболи гарм рӯбарӯ шуд.

XS
SM
MD
LG