Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли "ноилоҷ". Некрӯз дар интизори мурофиаи судӣ


Фирӯза Нарзуллоеваи 45-сола аз он занонест, ки зӯроварии шавҳараш оилаи замоне сарҷамъу хушбахти онҳоро шикаставу аз ҳам пош дод.

Ӯ мегӯяд, бо ҳамсараш бар пояи ишқу дӯстдории ҳамдигар оила барпо карданд ва аз 26 сол зиндагии муштарак ду писар доранд. Вале баъд, ба қавли Фирӯза Нарзуллоева, шавҳараш майзада шуд ва рӯзгори оилавии онҳоро сиёҳ кард. Ӯ мегӯяд:

“Вақте ки шавҳарам маст ба хона меомад, ба ману фарзандонам

Ҳамчунин бисёр занони мо низ дар бораи мавриди зӯроварӣ қарор гирифтани худ дар оила ҳатто дуруст ариза навишта наметавонанд

дармеафтод ва дар пеши чашми писаронам Некбахту Фирдавс маро лату кӯб, ҳақорат ва таҳқир мекард. Ба сари бачаҳоямон мушт мебардошт. Баъдҳо вақти мастии ӯ гурехта пинҳон мешудем ва баъди хобаш бурдан нимашаб хона бармегаштем”, – нақл мекунад хонум Фирӯза.

Ӯ мегӯяд, вале ба хотири фарзандон ва ба умеди рӯзе ислоҳ шудани шавҳараш зарбу лат ва дашномҳои ӯро таҳаммул мекард. Аммо боре косаи сабри Некрӯз, фарзанди калонии онҳо шикаст. Падари майзада Некрӯз ва арӯсашро дашномҳои қабеҳ дода, ба сараш ҳамла кард ва дар ҳамин лаҳза писар бо чанд зарби бел падари 47 сола – Ғайрат Нарзуллоевро дар ҳавлиашон ба ҳалокат расонид.

Бетарафие, ки оқибаташ фоҷеа аст

Хабари расмии боздошти писар барои қатли падар бо зарби бел, ки моҳи сентябр пахш шуд, тамоми фоҷеаи чандинсолаи зиндагии як оиларо бозгӯ карда наметавонист.

Бино ба иттилои мақомоти пулиси Суғд, Некрӯз Нарзуллоеви 25-сола, сокини шаҳраки Шайдони маркази ноҳияи Ашт ба иттиҳоми қатли падари худ дастгир гардид ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Падари ӯ баъдан дар бемористон аз захмҳои бардоштааш ҷон дод. Ҳодисаи шаби 12 сентябри соли ҷорӣ рухдода сокинонро такон дод.

Фирӯза Нарзуллоева
Фирӯза Нарзуллоева

Фирӯза Нарзуллоева, ки ин ҳама қазияро бо гузашти се моҳ боз ҳам бо дарди амиқ қисса мекунад, гуфт, танҳо баъди сар задани фоҷеа атрофиён даҳшати зиндагӣ бо як фарди майзадаву хашинро дарк карданд. Ҳоло бархе мегӯянд, шояд ӯ бемор буду бояд ба табобат ҷалб мешуд, дигарҳо мегӯянд, барои бадмастиву даст ба хушунат заданаш дар хона беҳтараш ҷазо дода мешуд. Дар он сурат, аз бадбахтии як хонавода ҷилавгирӣ карда мешуд.

Дар соли 2017 дар вилояти Суғд 24 ҳодисаи қатлу куштор ба қайд гирифта шудааст, ки аксари онҳо дар заминаи хушунат дар оила рух додааст. Дар се маврид занон аз дасти шавҳарони худ ба ҳалокат расидаанд.

"Ариза навишта наметавонанд..."

Каримуллоҳ Сафаров, яке аз додситонҳои додситонии вилояти Суғд ва иштирокдори ҳамоиши ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ дар Хуҷанд, ки рӯзи 13 декабр ҷараён гирифт, бар он аст, ки таҳаммул ва хомӯшӣ дар баробари хушунат ва зӯроварӣ дар оила омилҳоест, ки оқибатҳои фоҷиавии, мисли ба сари оилаи Нарзуллоевҳо омадаро ба бор меорад. Ба қавли ӯ, кам андар кам занони тоҷик аз зӯроварии шавҳар ба додгоҳ шикоят мебаранд. Ӯ афзуд :

“Вақте ки занони хушунатдида ба мақомоти додситонӣ ё корҳои дохилӣ муроҷиат мекунанд, аризаи онҳо баррасӣ мегардад ва ба онҳо тавсия дода мешавад, ки мувофиқи қонун ба додгоҳ муроҷиат намоянд. Лекин мутаассифона, таҷрибаи қабули чунин ариза аз занон, ки бештари онҳо дар оила мавриди хушунат қарор мегиранд, дар додгоҳҳои мо қариб ки нест. Ҳамчунин бисёр занони мо низ дар бораи мавриди зӯроварӣ қарор гирифтани худ дар оила ҳатто дуруст ариза навишта наметавонанд”.

Баррасии мавзӯи хушунати хонаводагӣ аз ҷониби созмони "Гулрухсор"
Баррасии мавзӯи хушунати хонаводагӣ аз ҷониби созмони "Гулрухсор"

Пулиси Хуҷанд то имрӯз 84 оилаи “ноустувор”-ро, ки дар онҳо муноқишаву ҷанҷолҳо сар мезанад, ба қайд ва зери назорат гирифтааст.

Айни замон, созмони ҷамъиятии «Гулрухсор» бо назардошти муроҷиати зиёди занон мегӯяд, хушунат ва зӯроварӣ дар оила яке аз масоили доғи ҷомеаи Суғд боқӣ мемонад. Ин созмон, ки бо занони хушунатдидаро кор мекунад, дар соли ҷорӣ ба 44 зан ва 23 кӯдаки онҳо паноҳгоҳи муваққатӣ додааст.

Заррина Абдуқодирова, аз масъулони ин созмон гуфт, дар соли равон ба сурати умум ҳудуди 1800 сокин ва умдатан занони дар хонавода мавриди хушунат ва зӯроварӣ қароргирифта ҷиҳати гирифтани паноҳгоҳ ва ёрии тиббӣ ва ҳуқуқиву равонӣ муроҷиат кардаанд. Рақамҳои телефони “Боварӣ”-и ин созмон: 6-05-10 дар Хуҷанд шабонарӯзӣ фаъол аст. Ӯ афзуд:

“Мақсади мо аз доир кардани маъракаи иттилоотии “Нест бод хушунат!”, ки имсол ҳам тоза дар шаҳру ноҳияҳои Суғд ба анҷом расидааст, ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти зӯроварӣ дар оила аст. Ба хотири он ки шиддати зӯроварӣ дар оиларо коҳиш диҳем.”

Заминаҳои аслии хушунати хонаводагӣ

Манзура Мӯъминова, нозир оид ба пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила дар ШКД-и шаҳри Хуҷанд мегӯяд, мавридҳои зиёди азияти ҳамсарон ва ҷангу даъво дар заминаи майзадагии шавҳар, баҳси моликият ва ҳавливу манзил, рашк, сахтии шароити зист, номуросоӣ сар мезанад. Ба қавли ӯ, вақти ошкор ва таҳти назорат гирифтани оилаҳои ноустувор аз паёмадҳои вазнин ҷилавгирӣ хоҳад шуд. Аммо ӯ афзуд, муҳим аст ҷиҳати пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила ҳама аъзои ҷомеа, аз раисони маҳаллаҳо то табибони оилавию нозирони минтақавӣ фаъолияти худро ҳамоҳанг ва танзим кунанд.

Аз сӯи дигар, дар бисёр ҳолатҳо полиси маҳаллӣ бо сабаби «баҳси дохили оилавӣ будани даъвоҳои ҳамсарону фарзандон» ба умури хонаводаҳо зиёд дахолат намекунад. Чунин мавқеъро бисёр ҳамсояву хешутабор ҳам ҷонибдорӣ мекунад, вале дар бархе ҳолатҳо, ба қавли афроди ботаҷриба, бетарафиву хомӯшии атрофиён ба манфиати кор нест ва сабаби сар задани фоҷеа мешавад.

Баррасии масоили хушунати хонаводагӣ дар ҳамоиши Хуҷанд дар чаҳорчӯби маъракаи “16 рӯзи бидуни хушунат” ҷараён гирифт.

XS
SM
MD
LG